Боз садтои дигар: Интернети 4G барои муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 145
Моҳи ноябри соли 2024 ба шабакаи МегаФон Тоҷикистон тахминан 40 истгоҳи базавии нави 4G/LTE илова карда шуд. Оператор ният дорад, ки то охири сол боз 60 пойгоҳи босуръатро ба истифода диҳад. Ғайр аз ин, дар як қатор майдонҳо корҳои навсозй гузаронда шуданд ва минбаъд дар он ҷо низ таҷҳизоти алоқа бо дастгирии технологияи насли чорум кор мекунад. Ҳамин тариқ, то моҳи январи соли 2025 шабакаи 4G нисбат ба аввали сол дар беш аз 160 истгоҳи базавӣ роҳандозӣ мегардад.
Вазифаи кормандони алоқа баланд бардоштани сифати Интернети мобилӣ, ки дар заминаи он садҳо хизматрасониҳои муфиди рақамӣ амал мекунанд, маҳсуб меёбад. Сокинони тамоми минтақаҳо метавонанд аз онҳо истифода баранд. Зимнан, шумораи бештари истгоҳҳои базавии нави 4G дар манотиқи сераҳолии Тоҷикистон, ки аксари муштариёни Ширкат дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, ба кор дароварда мешаванд. Дар саросари кишвар корҳои техникӣ идома доранд.
Як қисми лоиҳа фаъолкунии «қабати нав»-ро дар истгоҳҳои базавии қаблан насбшуда пешбинӣ менамояд ва модулҳои иловагӣ барои таҳвили маълумот бо суръати 4G имкон медиҳанд. Дар натиҷа имконияти тамошои видео дар смартфон бидуни қатъшавӣ, кори муттасили сервисҳои молиявию техникӣ, паёмрасонҳо, сомонаҳои мағозаҳои онлайн ва дигар манбаъҳои интернетӣ фароҳам оварда мешаванд.
Наздики 30 истгоҳи базавии стандарти 2G дар деҳаҳои дурдаст мавриди муосиргардонӣ қарор гирифтанд. «Шабакаи насли дуюмро баъзан шабакаи овозӣ меноманд, зеро одатан маҳз дар он зангҳо анҷом дода мешаванд. Баъд аз муосиргардонии истгоҳҳои базавии 2G, муштариён ба интернет дастрасӣ пайдо карданд ва метавонанд ин хизматрасониро бисанҷанд” - мегӯяд директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафиль Аглямов.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...