Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Оинаи тавфиқ


Оинаи тавфиқ




Зарра ҳам аз тарбият гардид хуршедошён,
Сарв то қомат фарозад, хуни дил шуд боғбон.
Бар ҳуҷуми ҳодисоти зиндагонӣ нест шак,
Монд ҳар кас дар тағофул, рафт бе ному нишон.
Ҷилвагоҳи мардро аз арсаи аҷдод ҷӯ,
Коми дил то бар каф орӣ, озмо зӯру тавон!..
Панҷаи шерафкани пандат чу мебошад қавӣ,
“Муҳри хомӯшӣ ба лаб доранд аҳли нуктадон”.
Ҳаст меъроҷи камолоти ту дар арзи улум,
Бошад ин з-оинаи тавфиқ дар ҳар ҷо аён.
Бебарорие агар табъи туро н-осуда кард,
Доштӣ аз шиква кардан лакнате андар забон.
Лағжиши по додани кас зӯри истеъдод нест,
Нақди панди ту гуҳаррез аст андар гӯши ҷон.
Хост он ки озмояд ҷавҳари ҳарфи туро,
Буд бар исботи ӯ килкат яроқи беамон.
Ҷилваи ду шастро аз партави ҳастӣ бубин,
Бош дар зӯру сухан ҳамчун таҳамтан достон.
Чун сару сомони мо маҳви хаёлоти ту аст,
Орзуи сиҳҳатат дар сина дорад ошён.
Абдулло ҚОДИРӢ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода