Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БОЗДИДИ САРМОЯГУЗОРОНИ ЭРОНӢ АЗ КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ "БЕҲБУД"


БОЗДИДИ САРМОЯГУЗОРОНИ ЭРОНӢ АЗ КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ "БЕҲБУД"




Як гурӯҳи сармоягузорони эронӣ зери роҳбарии Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи ҳолдинги “Алмос-Неру”-и Эрон ба хотири татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз Коорперативи тиҷоратии "Беҳбуд"-и Саъдуллоев Раҳматулло дар ноҳияи Кӯшониён боздид намуданд.

Майдони боғҳо дар ноҳияи Кӯшониён 1486 гектарро ташкил дода, ҳамасола аз он ҳосили гуногуни меваҷот ба даст меоранд. Бо мақсади коркарди меваву сабзавот дар назди Коорперативи тиҷоратии "Беҳбуд" корхона таъсис дода шудааст, ки ба содирот машғул мебошад.

Кооперативи мазкур дорои 28 гектар замин буда, аз ин 2 гектарашро майдони боғот ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ба парвариши себ, зардолу ва олу машғул мебошанд.

Меҳмонон зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона ва парвариши дарахтони мевадиҳанда баҳои баланд дода, ин таҷрибаро беназир унвон карданд.

Гуфта шуд, ки дар оянда барои ташвияти бештари муносибатҳои тиҷоратӣ бо кооператив ҳамкориро ба роҳ мемонанд.  

Хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода