АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ КОНСТИТУТСИЯ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 65
Аҳамияти таърихии Конститутсияи навини Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёбӣ кард.
Ин ҳуҷҷати бунёдӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ намуд ва дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар мам-лакат нақши муассир бозид.
Дар он принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва заминаҳои пешрафти давлати муосир, ба мисли таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, демократияи намояндагӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ ва гуногуншаклии моликият, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардидаанд.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00