КОНСТИТУТСИЯ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 84
Бо эълон гардидани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, ки зарурати қабули Конститутсияи навро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон падид овард. Бо қабули Конститутсия ба марҳилаи нави таърихӣ гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи бо эътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Дар Конститутсия ғояҳои пешқадами миллӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсию идеологӣ таҷассуми худро пайдо намудаанд. Хусусияти муҳими Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он аз як тараф қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя мекунад.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳамин Конститутсия ба сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона пеш рафта, ҳамчун узви ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҳалли монеаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъолона дошта, ҳамчун кишвари озоду демократӣ давра ба давра дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкамтар сохта истодааст.
Конститутсияи мо дар таърихи начандон тӯлонии худ барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои эътирофшудаи инсон, ба монанди риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагонии арзандаи ҳар як шахс шароити муосиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои олитарин эътироф шудааст.
Моро мебояд, ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат эҳтироми хосса гузошта, зиндагонии худро дар доираи санаду меъёрҳои он ба роҳ монем.
Рамазон ГУЛЗОДА,
омӯзгор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00