Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН


КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН




Конститутсияро  ҳуҷҷати сарнавиштсоз  ва  бахтномаи миллат  мегӯянд,  зеро  он  дар ҳақиқат, роҳи бунёди давлати навини моро кӯтоҳ сохтааст.

Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  воқеан ҳам санади таърихию муқаддаси давлат буда, танзимкунандаи  кулли  муносибатҳои  муҳими  ҷомеа мебошад.  Ин  санад  дар  дигаргунсозии  бунёдии муносибатҳои  сиёсиву  иқтисодӣ  ва  иҷтимоии ҷомеаи  Тоҷикистон  нақши  муайянкунанда  дошта,  он  ҳуқуқу  озодиҳои  инсонро  кафолат  дода, асосҳои  сохти  ҷамъият  шакли  идоракунӣ  ва  ташкили  ҳудудии  давлат,  салоҳият  ва  муносибатҳои онро  муайян  менамояд.  Конститутсия  кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди тоҷик буда, дар худ тамоми орзую умед ва дастовардҳои аҷдодони гузаштаю имрӯзу ояндаро таҷассум мекунад.

Бояд  қайд  кард,  ки  ҳаёти ҳамарӯзаи  ҳар  яки  мову  шумо,  пеш аз ҳама, тавассути меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳое, ки аз он сар-чашма  мегиранд,  ба  танзим  даро-варда мешавад.

Боби  2-юми  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки калонтарин боби он ба ҳисоб меравад, ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, 34 моддаро дар бар гирифтааст. Он пурра ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳо, уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандон бахшида шудааст.  Мутобиқи  Конститутсия  давлат  уҳдадор  аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Чуноне ки аз мазмуни моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар-меояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон натанҳо бо қонунҳои миллӣ, инчунин ба воситаи санадҳои ҳуқуқии бай-налмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешавад.

Хусусияти  хоси  низоми  ҳуқуқу  озодиҳои  дар Конститутсияи  нав  муқаррар  гардида,  аз  он  иборат  аст,  ки  онҳо  бештар  ба  инсон,  сарфи  назар аз  шаҳрвандии  вай  таъйин  гардидаанд.  Вобаста ба ин, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон дар Конститутсия инкишоф ёфтаанд ва кафолати онҳо ривоҷ дода  шудаанд.  Дар  низоми  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд  ҳуқуқу  озодиҳои  фитрии  инсон мақоми аввалро ишғол менамояд. Ба ҳамин тариқ, низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ самтҳои муҳимтарини алоқаи байни инсону шаҳрвандро ба ҷомеаю давлат дар бар гирифта, манфиатҳои кулли онро ифода менамояд.

Мувофиқи  Конститутсияи  кишвар  ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар  хориҷи  кишвар  низ  аз  тарафи  давлат  ҳимоя мешаванд. Аз ин ҷиҳат, ин ҳуҷҷати сарнавиштсози мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 42) дар Тоҷикистон ҳар  шахс  вазифадор  аст,  ки  Конститутсия  ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Бояд ҳар як соки-ни Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд.

Мансур НУРАЛИЕВ,
ноҳияи Ҷалолиддини Бахлӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода