Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ВАЗЪИ СОҲАИ МОАРИФ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТ НИГАРОНИКУНАНДА АСТ


ВАЗЪИ СОҲАИ МОАРИФ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТ НИГАРОНИКУНАНДА АСТ


     Дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Таҳлили вазъи соҳаи маориф дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон" баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоят, муовинони вазир ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, дигар роҳбарони муассисаҳои соҳавии вилоятӣ иштирок доштанд. Ҷаласаро М.Имомзода, вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа маҳсуб ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат баҳо дода шудааст. - Дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба қабули қонунҳои соҳавӣ, консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ, таъмин намудани заминаи моддию техникӣ, зиёд намудани маблағгузории соҳа, таҳкими пояи кадрӣ ва сохтмону тармими муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад, -зикр кард вазир. – Дар ҷаласаи имрӯза тамоми паҳлӯҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилоят мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, вобаста ба проблемаву мушкилот ва камбудиҳои дарҷгардида нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (равияи омӯзгорӣ) 1521 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шуда, ба ҳолати моҳи январи соли 2021 тибқи роҳхат 836 нафар (55%) ҳозир гардида, бо кор таъмин карда шуданд. Ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияи Норак, Вахш, Ҷайҳун, Шаҳритус 100%-ро ташкил дода, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 29,1%, Восеъ 39%, Ҳамадонӣ 37,5%, Кӯшониён 39,3%, Ҷ.Балхӣ 88% мутахассиси ҷавон ба кор ҳозир гардид. Ҷиҳати амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» дар соли 2020-ум 10 нафар омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, 2 нафар соҳиби замини полезӣ ва 115 нафар соҳиби қарзи имтиёзнок гардидаанд, ки дар маҷмӯъ 127 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 5 нафар, Левакант 12 нафар, Восеъ 11, Данғара 5, Ш. Шоҳин 19, Муъминобод 6, Ховалинг 10, Муъминобод 17, Вахш ва Ҷ.Балхӣ 1, Панҷ 8, Дӯстӣ 4, А.Ҷомӣ 4, Қубодиён 4 ва Н.Хусрав 13 нафар омӯзгори ҷавон ба замини наздиҳавлигӣ ва қарзҳои имтиёзнок таъмин карда шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Бохтар, Ёвон, Хуросон, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Темурмалик, Фархор ва Ҳамадонӣ омӯзгорони ҷавон аз имтиёз бархӯрдор нагаштанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 179 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ 1 муассиса таъсис дода шудааст, ки 0,6%-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур дар шаҳри Бохтар буда, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Левакант, Муъминобод, Қубодиён Дӯстӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Восеъ, Ховалинг, Балҷувон, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Данғара, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик ягон муассисаи таълимии хусусӣ сохта нашудааст. Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ зикр кард, ки баргузории ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дар қатори дигар масъалаҳои мубрами рӯзи соҳа тавваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намудан ба ҳаллу фасли мушкилот, камбудӣ ва норасоиҳои ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа, баҳри таҳкимбахшии минбаъдаи корҳо дар соҳаи маорифи вилоят ва таъмини рушди он мусоидат хоҳанд кард. Дар идома, муовини раиси вилоят, иттилоъ дод, ки тибқи қарорҳои дахлдори ба тасвибрасидаи раиси вилоят барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илм дар самти фан ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба олимону роҳбарони илмии онҳо (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ, барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илм ба кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ, ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ба миқдори 10 адад ҳар кадом дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба олимони эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва касбии ҳудуди вилоят бо шумораи 120 адад, дар маҷмӯъ ба маблағи 252 ҳазор сомонӣ, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шумораи 70 адад, дар маҷмӯъ ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ, мукофоти ҳавасмандсозӣ ба хатмкардагони синфи 11, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои универсалию равиявӣ хатм менамоянд, бо дарназардошти роҳбари муассисаи таълимӣ (вобаста ба шумораи хонандагони комёбшуда) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» дар сатҳи вилоят, дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ ҳамасола пешбинӣ ва роҳандозӣ карда мешаванд. Дар охир М. Имомзода-вазири маориф ва илм ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи саривақтии стратегияию барномаҳои соҳавӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба тарбияи насли наврас, пешгирии наврасону ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, фаъолона иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ва як қатор масъалаҳои дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, инчунин, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ироашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Комрони Бахтиёр

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода