Мизи мудаввар ба муносибати гиромидошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 232
Имрӯз дар Маркази илмӣ- таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и назди факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати гиромидошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони “Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики донишгоҳ иштирок намуданд.
Директори марказ номзади илмҳои филологӣ Чиллаев Суҳроб ба нишаст ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо Рӯзи Мавлоно шодбош намуда, аз аҳамияти баргузории нишаст ва ибтикороти Маркази илмӣ- таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ ёдовар шуд. Пас аз ифтитоҳи мизи мудаввар Сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДб ба номи Носири Хусрав Фирдавс Нориён баромад намуда, оид ба нуфузи ҷаҳонӣ ва шуҳрати оламгири осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни баргузорӣ дотсенти кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ Дилором Маҳкамзода дар мавзуи “Мавлоно дар оинаи матбуот”, профессор Комилӣ Абдулҳай дар мавзуи “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ-файласуф ва олими маъруфи тоҷик” , номзади илмҳои филологӣ М. Маҳмадалиева “Талмеҳ дар ғазалиёти Мавлоно” маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш профессори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав Рустам Тағаймуродов суханронӣ намуда, оид ба сабабҳои мондагории андешаву афкори Мавлоно фикрронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки то ҳанӯз ҳам осори Мавлоно ба таҳқиқи пурра фаро гирифта нашудааст ва ҳаводорони каломи ноби ин орифи шӯрида аз осори безаволи ӯ дурдонаҳои маъниву сухани гуҳарборро дарёфта метавонанд.
Дар охири ҳамоиш аз ҷониби аъзои маҳфили “Мавлонохонӣ” намунаҳои осори ин орифи равшанзамир қироат карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар сартосари кишвар аз соли 2009 ин ҷониби 30-сентябр ҳамчун Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил карда мешавад.
Р. Раҳматова, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...