ХАТУБА (Ҳаҷвия)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 176
Мардуми мо аз қадимулайём санъатдӯст асту барои ҳофизон, ба қавле ҷонашро фидо менамояд. Чун шунавад, ки сарояндае омаданист, паропару даводав сар мешавад. Одамон пешакӣ рафта, ҷойҳоро мангирифт кардаю лангар мепартоянд. Дар яке аз консертҳои ҳофизи номӣ Одина Ҳошимов низ чунин ҳолат рӯй дод. Аз тамоми гӯшаю канор ба боғи фарҳангию фароғатии шаҳр одам рехт. Аз бисёрии мухлисон чӣ тавре мегӯянд, ҷои қадамзанӣ набуд.
Ҳарчанд бевақт шуда бошад ҳам, ҳофизи маҳбуби мардумӣ суруд мехонду ҳаводоронаш кафкӯбӣ кардаю хоҳиш менамуданд, ки барои онҳо мувофиқи талаб сурудҳои нав ба нав хонда, хотирашонро шод гардонад.
Дар байни одамон бо лақаби Вижай ҷавони майнӯши бадахлоқи ҷангарае бо ҳамқадаҳҳояш менишаст, ки ҳамаро ба дод оварда буду касе аз тарс ҷилавашро кашида наметавонист. Онҳо ҳаёҳуй намуда, якзайл ҳуштак мекашиданд. Парвое надоштанд, ки мухлисонро нороҳат месозанд. Вижай, ки ба ҳиндуҳо як себи ду тақсим буд, яке аз ҳамқадаҳҳояшро ҷеғ зада, фармуд ба ҳофиз рафта гӯяд, ки ягон суруди ҷигарии ҳиндӣ хонад. Вай рафту баъди чанде баргашта омад.
- Шерӣ ё рубаҳ? - пурсид Вижай аз ӯ.
- Рубаҳ шеф, рубаҳ, - ҷавоб дод вай. «Ман суруди ҳиндиро намедонам», - мегӯяд сабилмонда.
- Ту рафта, ба ҳофиз аз номи ман гӯй, ки Вижайро суруди ҳиндӣ мефорад.
Қарақулоқ рафту лаҳзае нагузашта боз баргашт.
- Чӣ шуд? - пурсид Вижай бо чашмони хунгирифта.
- Исқотӣ пойро дар як мӯза монда, «ман суруди ҳиндиро намедонам», - гӯён якравӣ дорад.
- Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб, - аррос зад Вижай. -Хезед, рафта хокашро мебезем.
Вижай пешопешу думравонаш аз қафо мардумро бар зада, ҷониби саҳна равон шуданд. Устод, ки Вижайро мешинохту аз номаъқулиҳояш огаҳ буд, вайро дида, дар дилаш алов афтод. Андешид, ки аз дасти ин сағераи сархӯр ҳар кор меояд. Боз маъракаро вайрон накунад! Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтагӣ барин аз писараш Раҳматулло пурсид, ки ягон суруди ҳиндӣ медонад ё не!
- Не, - ҷавоб медиҳад писараш. - Ман ҳамон сурудҳои мехондагии шуморо медонаму халос.
- Биё, ин тавр мекунем, - гуфт устод. -Ман суруди «ҷингилак мӯй дорӣ»-ро мехонаму ту сари овозамро гирифта, дар нақарот «хатуба, хатуба»-ро ҷӯр мекунӣ.
Маслиҳат пухту суруди «ҷингилак мӯй дорӣ» бо нақароти «хатуба» дар фазо танинандоз гардид. То ин вақт Вижаю ҳамқадаҳҳояш ба саҳна баромаданд. Акаи Одина, - гуфт Вижай дасти ҳофизро фишурда. Ту якравӣ кардӣ, ки суруди ҳиндиро намедонӣ.
Мешудааст-ку? - гӯён ба яке аз думраваконаш фармуд, ки давида рафта як сабад гул гирифта биёрад, то устодро табрик намояд...
Саидҷаъфар БАЁЗӢ
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...