ОЁ СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН АМАЛӢ ШУДААСТ?
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Бобои Шер гарчанде ба нафақа баромада бошад ҳам, одами фарҳангӣ асту пайваста бо васоити ахбори омма ҳамкорӣ менамояд ва аз бурду бохти ҷомеа ҳарф мезанад. Ӯ бо журналистон мусоҳибаҳо меорояд ва муҳимтар аз ҳама дар гуфтани фикри хеш доир ба дилхоҳ мавзуъ ибо намеварзад. Ин дафъа низ мо шоҳиди мусоҳибаи Бобо бо ҷавоне шудем, ки хеле ҷолиб буд. Аҷиб ин, ки Бобои Шер ҳар дафъа дар мусоҳибаҳояш шоду хандон буду зарофатгӯиҳо мекард, аммо ин дафъа акси ҳол буд. Ӯ хеле ошуфтаву ғамгин ва асабӣ менамуд. Сабабашро муайян кардему дар ҳайрат мондем. Аз сурудхониву “эҷодкорӣ”-и баъзе “ҳунармандон”-и саҳна Бобо барошуфта буд. Билохира Бобо дилашро кафонд.
-Ин чӣ гап бачам? Мусиқиро оромбахши рӯҳу равон мегуфтанд, ҷузъи фарҳанги миллӣ мегуфтанд, аммо дар мусиқии имрӯза ҳеҷ ҷузъе аз фарҳанг боқӣ намондаасту ба ҷойи оромбахшӣ бештар “сарвайронкунанда” гардидааст.
-Бобо, асабӣ нашавед. Мусиқии имрӯза талаботи замон аст. Аслан дар чунин фазои фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин бешро наметавон интизор шуд,- мегуфт мусоҳиби ҷавони Бобо.
Охир чӣ талаботе? Бобо асабитар шуд. Масалан, вақте мо суруди “Эй дилбари нозанини қадрас”, “Илтиҷо дорам, ки мӯятро набур”, “Атлас ба бари дилбари тоҷик аҷаб аст”-ро мешунидем, дар баробари аз савти мусиқиву навояш лаззат бурдан симои тоҷикона, латофату назокати зани тоҷик пеши назарамон ҷилвагар мешуд. Чун ба зани тоҷик ҳамеша малоҳату латофат зебанда аст. Акнун худат бигӯ, аз суруде ба мисли:
Нақши лабҳом асалай,
Ҷони ту дар хатарай.
Касера мепурсӣ меган,
Фирӯза шери нарай-чӣ метавон гирифт?
Эй вой!
Дилам бар ҳофизӣ сӯзад,
Ба шеъру шоирӣ сӯзад...
Ин чӣ шеър, чӣ мазмун ва чӣ фарҳанги сурудхонист?
Акнун бачам, ман ҳамаи ҳофизора ном ба ном азёд намедонам, лекин сурудаҳояшонро мешунавам.
Як вақтҳо дар шеър ё суруд пайванди маъноӣ мегуфтанд, лафзу маъноро ба инобат мегирифтанд. Мутаассифона, ин суруд на маънӣ дораду на мантиқ.
Ана таҳлил куну бубин. Вақте ту “олиҳаи ҳусн” бошӣ (ман занам, олиҳаи ҳусн), хоки Ватанро бибӯсӣ (сар фурӯдам, хоки ватан бӯсам), ба хушқалбиат ифтихор намоӣ (ба зебогии дилум нозум), кабутар дар самои ишқ бошӣ (ман кабутар дар самои ишқ), дар баробари ин ҳама “назокатҳо” чӣ гуна метавонӣ боз “ШЕРИ НАР” бошӣ? Охир шери нарро назокату зебогиву муҳаббат чӣ кор ояд?
Чун ҷойи ӯ биёбону туғайзорони Африқост!
Бобо! Охир чаро ин қадар асабӣ мешавед?
Ин мусиқии муосир аст, муосир. Охир одамро дарде набошад, ин қадар боалам намехонад. Шояд ҳунармандони манзури шумо дарди хешро месароянд.
Э биё монеее!
Магар Тағоймурод Хушвахтов дард надошт? Бо чашми баста ҳикмати ҷаҳонро беҳтар аз биноён дарк мекард. Магар Зафару Дӯстмуроду Нигина дард надоштанд?
Дар урфият мегӯянд: “Ҳеҷ зоғе бе доғе нест!”. Агар ин дард бошад, пас шумо онро худ барои худ хонда истодаед ва агар мехоҳед “дард” сароед, аз дарди ҷомеа бояд гуфт, на аз авҷи эҳсосоти худ...
Афсӯс, ки мо Гурдофариду Фарангис, Робияи Балхиву Зебуннисо, Фарзонаву Меҳринисо будани зани тоҷикро медонистем ва дар дами пирӣ шоҳиди “шери нар” шуданаш ҳам гаштем.
Инаш дарди бахайр. Ана дигараш “Фу” гӯён суруд мехонад. Дар куҷо дидаед, ки дар ҳунар, дар саҳна “Фу” гӯянд? Вақте ба санъат “Фу” мегӯед, пас дониста бошед, ки эътибору обрӯятон, арзиши ҳунаратон ҳам “Фу” мешавад.
Вақте мо дар мактабу донишгоҳ мехондему бароямон таълим медоданд, мегуфтанд, ки санъат бояд хусусияти тарбияткунандагӣ дошта бошад, завқи зебоипарастиро баланд бардорад, фарҳанги миллиро нишон диҳад. Аммо дар санъати ин “Шерон”-и саҳна ақаллан яке аз ҳамин рукнҳо риоя мешавад?
Чӣ гуна даъво аз бӯсидани хоки Ватан мекунем, вақте ки зоҳир Мерлин Монро асту ҳаракатҳо чун Ҷенифер Лопес.
Хайр, боз ҳам майлаш. Инашро монему дигарашро гирем. Мегӯянд, ки ӯ ним ҳаҷвнигор асту ним сароянда. Агар суруди хондаи ӯро гирем –“Шаҳноза какат овардам”, на суруд мешаваду на ҳаҷв.
Мо аз кай бо ин гуна санъати пучу заифу сусту бемаъно “шуҳратёр” шуданро омӯхтаем?
-Бобо! Боз ҳамон гап! Охир ин мувофиқ ба завқи ҷомеа аст, яъне ҷомеа чунин талабот дорад.
-Ана ба ин гапи шумо “замонавиҳо” ман куллан зид ҳастам!
Завқи ҷомеа чунин нест, балки шумо завқи ҷомеаро ба чунин сатҳ поин фаровардаед. Вагарна ҷомеа ҳамеша чизи оливу беҳтаринро қабул дорад.
Бобои Шер мегуфту мегуфт ва дарди дил мекард. Ингор баҳси онҳо хотимае надошт...
ЗАНБӮР
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.