Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Нома ба модарам Давлатхотун


Нома ба модарам Давлатхотун




Ҳаво сарду боронӣ. Аз тиреза ба берун нигариста, ба кӯлмакчаҳои рӯйи асфалт менигарам. Ҳар ҷо-ҳар ҷо пуфакчаҳо пайдо шуда, бо навбат мекафанд. Чун қалби модарам, ки мегуфт, дилам аз ғам дам кардаву ҳозир мекафад. Он пуфакчаҳо рӯйи кӯлмакҳои об боз модарамро, гиряҳояшро ба ёдам оварданд. Мегуфтӣ, ки ӯ духтари борон буд. Қалам ба даст гирифтам, то нависам нома ба модар. Модаре, ки солҳост дунёи фониро тарк гуфтаву дигар бо мову аз мо нест. Ӯ моли Худост.

Салом модар!

Ин манам, духтари ту. Солҳост, ки бо мо нестӣ, вале ҳар як лаҳза туро ба ёд меорам. Ҳар бор, ки зиндагӣ зарбае ба ман занад, беихтиёр туро ёд мекунам.

Ҳар боре, ки вазниние ба сарам ояд, беихтиёр ту ба ёдам меоӣ. Вале ман аз онҳо наметарсам. Чунки паси сар кардани он ҳамаро ману ту аллакай омӯхаем. Мани кӯдаки мактабхону тӯи зани ҷавоне, ки бо ҳашт фарзанд танҳо мондаву бори зиндагиро мекашидӣ.

Рӯзҳои сарди зимистон. Ман ҳезум мешикастаму ту хонаро гарм мекардӣ ва чун аз кор фориғ мешудӣ, назди печи гарм пахта чигитак мекардӣ ва ман медидам, ки чӣ суруде ба қавли худат бунчак (вунга) кашида мехондӣ.
Соли маву соли Ҳусноро гӯсфандай,
Ҷони маву ҷони Ҳусноро пайвандай. 

Оҳ, ин рубоии ту, он донаҳои марвориде, ки аз чашмонат сарозер мешуду пахтаҳои дастатро тар мекард, маро мекӯштанд. Давомашро намегӯям, то дилам мисли ин ҳубобчаҳои рӯйи кӯлмакҳои боронӣ мабодо накафад...

Оҳ модар! Ту ончунон коркӯфтаву ғамзада шуда будӣ, ки дигар аз кӯчак тағйироти зиндагӣ метарсидӣ. Доимо дилат ҳарос дошт, ҳаросе, ки онро худат медонистиву Худо, ки туро чунин тақдири носозгор ато гардида буд. 

Занҳои пешин бисёр боиффату шармгин буданд. Ман медидам, ки дилат барои падарам хун аст, вале аз шарм номи хоҳаратро мегирифтиву гиря мекардӣ. 

Бари ту ғами ин ду азизат касе вуҷуд хеле бузург буд. Медонӣ барои чӣ? Барои он ки тамоми умр ҳамин ду нафар туро зиёд ӯст медоштанд ва Худо ҳардуро аз ту гирифт. Хост бигӯяд, ки бояд маро дӯст бидорӣ.

Акнун, ки танҳо мондаӣ, рӯзро бо кору бор сипарӣ мекардиву шабҳои дарозро бо ғаму дарди танҳоӣ. Бо оне, ки мо дар гирдат будем, гоҳо рӯзи дароз аз гап мемондӣ. Худро бо кору бори рӯзгор андармон мекардӣ.

Оҳ модар!

Худо шоҳид аст, ки мислат ғамкуфтае вале боирода надидаам. Магар ғамкӯфта боирода мешавад? Вале ту чунин будӣ!

Гоҳи хандидан чашмонат гӯм мешуданд. Вале баъди марги падар ман дигар хандиданатро кам медидам. Ба ҷойгаҳи қатори тифлонат нигариста, ғамат мегирифт, ки магар ман инҳоро танҳо метавонам калон кунам?

Тавонистӣ, модарҷон, тавонистӣ. Ҳар баҳор ту, ки суманакпази моҳир будӣ, гандумро шӯста, дар лаганҳо қатор мегузоштӣ, то чашми нопоке ба он нарасад. Баъд дугонаҳоят ҷамъ омадаву хона пур мешуд ва ту суманакҳои гарму косаҳои пур аз равғани зардро пешашон мегузоштӣ. Занҳо чанголиро каф мезаданд ва мавҷи ханда аз тирезаву дар берун мешуд.

То ҳол ҳайрони як хислати туам, хонаамонро бе меҳмон тасаввур намекардӣ, ҳамеша манзиламон сермеҳмон буд ва ту рӯи печи дӯстдоштаат дар як шаб се намуд хӯрок мепухтӣ. Вале чун падарам аз дунё гузашт, ба гуфти ту дигар дарамонро шамол мекушоду шамол мепӯшид.

Оҳ модар! Кадом ранҷатро бигӯям? оҳо танҳо менишинаму зиндагӣ чун навори филм аз пешам мегузарад.

Аз пахтачинӣ меомадиву баъд хамир мекардӣ, ними шаб ту нон мепӯхтиву боз саҳар ба кор мерафтӣ. Роҳи ту фақат як роҳ буд, роҳ сӯи саҳро ва роҳ сӯи хонаву дарат. Шояд, ки ту тамоми роҳ гиря мекардӣ?

Ончунон коркӯфта мешудӣ, ки хӯрокатро ҳам нахӯрда хобат мебурд. Вале дар деҳаамон аз ҳама шахси саҳархез ту будӣ, модарҷон!

Субҳ чун мехестам, деги ширбиринҷат ҷӯшида меистод. Мо сӯи дабистон ва ту мемондиву ҳавливу боз ду чиз: танҳоӣ ва ғамҳоят.

Вақте ки ягона хоҳарат аз дунё даргузашт, мисли пойсӯхта гашта будӣ. Ба рӯят менигаристам, ки панҷа задиву қатори оби чашмат, хун бо дардҳои беохират ҳамроҳ шуда ба рӯят метаровид. Худро мезадӣ, чанд кас туро медоштанд, вале ҳеҷ ором намешудӣ, модар. Ҷонам фидои ғамҳоят.

Акнун ғами ҳашт фарзанди бесоҳибмондаи ӯ низ дар сарат буд. Агар дар деҳа ягон кас аз дунё мегузашт, ту ки сурати хоҳаратро калон карда будӣ, онро гирифтаву ба он мурдахона мерафтӣ. Дигар касеро ёрои шунидани нолаҳои ту набуд.

Баъди холаам, ки дар сивуҳаштумин баҳори умраш гузашт, падари зебову паҳлавонам ҳам моро тарк кард. Боз ту мондиву мо ва аламҳои миёншикани зиндагӣ.

Як лаҳза ҳеҷ аз ёдам намеравад. 

Саҳаре чун аз хоб хестам, хостам тайёрӣ дида ба мактаб равам. Субҳи барвақт буд ва туро бо чашмонам ҷустам. Сӯйи оғилхона нигаристам, ки аз дар берун  меомадӣ, дар домани ҷомаат чизе дармонд ва хости онро битаконӣ, вале дастат ба дари оғил бархӯрд. Панҷаҳоят, ки аз сардӣ шах шуда буданд, аз дард онҳоро сӯи даҳонат бурдӣ ва медидам ки чӣ хел аз чашмонат ашк мерезанд. Акнун ту бо ҳаври даҳонат ангӯштони зарбхӯрдаатро гарм мекардӣ. Гашта ба хона даромадам, сарамро таги кӯрпа кардаву ба ҳолат талх гиристам, ба умри дар танҳоӣ хезонгаштаат гиристам. Кош ин лаҳзаро намедидам!

Борон гӯё, ки фикри маро мехонда бошад, шиддат гирифт ва бороне, ки аз чашмони ман мерехт, бо ӯ дар мусобиқа буд...

Баъдҳо гӯё бо ин ғамҳо одат кардӣ, модар! Ғамҳоят бо ту дугона ва ҳамхона буданд. Вале як чизро ман дар чашмонат медидам: Ҳаросеро!

Аз чизе меҳаросидӣ. Метарсидӣ, ки ҳар лаҳза ба сарат балое мерезад. Тобути писари ҳамсояамонро аз Афғонистон оварданд. Аҷаб ҷавони зебое буд, Исроил. Озодалибос, озодагап ва хушандоме. Хаёл мекардам замину замон меҷунбад, замин кафидаву одам баромада буд...

Он сол бародарам дар аскарӣ адои хизмат мекард. Ӯро ба Чорҷӯи Ҷумҳурии Туркманистон бурда буданд. Аз куҷое шунидӣ, ки аз Чорҷӯ аскарбачаҳоро ба ҷанги Афғонистон мебаранд. Баъди марги Исроил чанд ҳафта хобат намебурд. Шабе аз ҷоят хеставу сӯи ҳавлӣ давидӣ. Гуфтӣ, ки хоб дидӣ, осмон пур аз тайёраҳои ҷангӣ аст. Қодира Афғонистон бурданд чӣ? Додару хоҳараконам хоб буданд. Ман туро дошта ба хона даровардам, мегиристӣ, меларзидӣ. Бачама ҷанги афғон бурданду маро намегӯянд чӣ? 

Яке бурда бошанд, ман бе ӯ чӣ кор мекунам?

Як рӯз гуфтам, оча, ту моро бо ин корҳоят зинда ба гӯр мекунӣ, мефаҳмӣ? Боз ин гапро дар сарат аз куҷо пайдо кардӣ? Як бори дигар шабҳо хестанатро бинам, худамро мекушам.

Чашмонат ҳаросон шуд, вале аз тарс ором шудӣ ва Худованд раҳми ҷонатро хӯрду акаамро ба дигар қисми ҳарбӣ фиристоданд.

Имрӯзҳо, ки худ модарам, акнун дардҳоятро ҳис мекунам, вале зиндагият ибрати ман шуда. Ман дар қураи зиндагии туву худам чунон пӯхтаву гудохта шудаам, ки ҳама гуна азоби зиндагиро таҳаммул мекунам, модар! Гоҳе худро барои сахтгапиҳоям сарзаниш ҳам мекунам, ки туро сахт гуфтам. 

Модарҷон!

Охир мехостам, ки дигар ашки шашқатораи чашмонатро набинам. Мехостам, ки ту ҳам бихандиву шодӣ кунӣ. Магар бо марги азизон зиндагӣ ба охир мерасад? Худат доим як гап доштӣ: “Сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад”.

Инак, борон аз боридан монд, пуфакчаҳои рӯи кӯлмакҳо ҳама кафиданд, ман ҳам диламро кафондаму ғамҳояшро берун кардам...

Бадахшон ЗАРДАКОВА,
шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода