Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИСТИҚЛОЛ САОДАТИ ҲАР ФАРДИ КИШВАР


ИСТИҚЛОЛ САОДАТИ ҲАР ФАРДИ КИШВАР




Истиқлоли  давлатии  кишвари  азизамон  нодиртарин  падидаи   сиёсии   сарнавиштсоз,   рамзи пойдории давлат ва ҳастии миллат ба шумор рафта, тантанаи хирад, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун   давлати   мустақил   ва  соҳибихтиёр бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани   Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон»,   №392  аз   9 сентябри соли 1991 дорои истиқлолияти воқеӣ ва  комил   гардид.   Ин дастоварди   таърихии халқи   тоҷик  боиси   дар   харитаи ҷаҳон  ҳамчун   давлати   мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намудани Тоҷикистон гардид. 

Дарвоқеъ,   Истиқлоли   Ватан мояи  ифтихору   саодати   ҳар  як шаҳрванди   кишвар  аст.  Он  ҳамчун сароғози  эҳёи   садоқату   самимият дар   замири   ҳар   як  ҷавон   буда, эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро,  ки  амонат  дар  дасти онҳост,  ба  мерос  мегузорад.  Дар ин замина ҷавонон бояд хуб дарк намоянд,  ки  Истиқлол  ҳамчун   рукни   устувори   озодӣ,  ҷавҳари   асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон буду ҳаст ва он ба ҳайси ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ бояд боқӣ монад.

Насли   калонсол   бо   ба  даст овардани Истиқлол замини аҷдодии худро пас аз ҳазорсолаҳо ба ихтиёри худ дароварда, худро соҳибватан ва  ҷузъи  ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуданд. 

Албатта,  рисолати  ҷавонон,  ки ояндаи миллату давлат дар дасти   онҳо  мебошад,  таҳкими  пояҳои давлатдорӣ,  таъмини   абадияти   Истиқлоли  давлатӣ,   пойдории сулҳу   ваҳдати  миллӣ,  муттаҳидӣ, ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ,   рушду   инкишоф   бахшидани  иқтидори истеҳсолии кишвар ва муаррифию нигоҳ доштани мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ аст.

Хушбахтона, миллати сарбаланди мо баъд аз фосилаи муайяни таърихӣ ин ҳаққи табииву таърихии аздастдодаи худро дубора бо ҷонфидоиҳои фарзандони бошарафу ҷасур ва фарзонааш, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард. Аз ин рӯ, имрӯз, ки ин неъмат боз насибамон гардидааст, моро зарур аст, ки онро бо тамоми ҳастии худ дифоъ намоем. 

Дарки   моҳияти   Истиқлол  ва қадру   манзалати   давлатдории миллӣ, ки омилҳои муҳимми ҳастии миллат  ва  бақои  давлатдорӣ  мебошанд,  барои  ҳар  як  фарди  киш-вар  рисолати  шаҳрвандӣ  ва  қарзи муқаддаси фарзандист.

Сайёра ТАЛБАКЗОДА, 
омӯзгори Муассисаи давлатии "Донишкадаи байналмилалии Данғара"-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода