Дар ёди Нозанин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 300
Ману бародарам Амонуллоҳ барои падару модарам фарзандони дустдошта ҳастем. Онҳо моро “ду писарам, тоҷу нигини сарам”, гӯён навозиш мекунанд. Ман нисбат ба Амонуллоҳ эрк а калон шудаам. Аз рӯи нақли волидонам ман баъди ҳафт соли оиладориашон ба дунё омадааму ба зиндагиашон рангу таровати дигар бахшидаам. Баъзан модарам дар танҳоӣ бо алам мегиристанд. Дар авва л фикр мекардам, ки шояд аз ҳад зиёд эркагӣ кардани ман сабаби ин бошад. Баъдан аз нақлҳояш фаҳмидам, ки марги бармаҳали хоҳаркалонам Нозанин, ки нахустфарзанди падару модар буд ва ман ӯро ҳеҷ гоҳ надидаам, ҳар замон дили модарамро ба дард меовард. Дар сари оташдон хӯрок мепухтанду Нозанинро ба ёд оварда, васфаш мекард. Ин қиссаро аз нақлҳои модарам ба қалам дода, пешкаши хонанда менамоям.
РУҶӮИ МОДАР
-Оча, очаҷон, ман омадам, гӯён Нозанин дастони хурдакакашро ба гарданам ҳалқа зад.
-Ҷони оча, ширини оча, духтари ягонаи оча,-гуфтаму ба оғӯш гирифтамаш. Аз ӯ бӯйи хуши гаҳвора меомад. Оҳ, чӣ қадар ин бўйро хуш дорам, чӣ қадар ин бўйро пазмон будам. Дилам гум мезад аз ин бӯй, аз ин рӯй, аз ин тифли ширини маъсум. Аз сару рӯяш мебӯсидам. Ашки чашмам шашқатор мерехт...
Дилам мегуфт: духтари ягонаатро, аз оғӯш раҳо макун, ки ӯ мераваду дигар барнамегардад. Аз ин рӯ, ӯро, он ҷону ҷигарамро сахт оғӯш мекардам.
-Нозанин, Нозанинҷон, ҷону ҷигарам, ман туро дигар сар намедиҳам, намемонам, ки аз оғӯшам равӣ. Духтари шӯху ширину дӯстрӯякам механдид, баланду ширин механдид.
Оҳ, чӣ шуду ӯ аз дастам раҳо хӯрд, ба сӯи само гӯё оҳиста-оҳиста қадам зада мерафт, вале ман ба ӯ расида наметавонистам.
-Эй Худои меҳрубон, фарзандамро ба ман бозгардон. Оғӯшамро тиҳӣ макун.
Охир, ман модари танҳоям. Эй Худои меҳрубон. “Нозанин, Нозанинҷони модар” гӯён фиғон мекардаму ду даст сӯи само медавидам. Ногоҳ пешпо хӯрда, афтидам...
Аз сӯзиши миён бедор шудам. Аз кат рӯи фарши хона афтида будаам.
Худоё, ман чӣ кор кунам? Шабона қалбам тез-тез метапад. Нафасам дар гулӯ мепечид, гумон мекардам, ки ин шаб саҳар надорад. Берун баромадам. Дар само ситораҳо чашмакзанон медурахшиданд. Дар байни онҳо ҷигарбандамро меҷустам.
Осмон пурситора. Бӯйи гулҳои навшукуфтаи рӯйи ҳавлӣ ба машомам мерасид. Лекин маро бӯйе хуштар аз бӯйи гаҳвора ва тифли ширмакам Нозанин набуд.
Рӯи ҳавлӣ қадам задам. Ёдам омад аввалин қадаммонии духтарчаам.
-Оҳ, садқаи духтарчаи хушрӯй шавам, дар қадамакот бимирам, ку биё, ман туро бибӯсам.
Ӯ завқ мекард. Як қадам, ду қадам мемонду ба сӯи ман гӯё бол мекушод, дастаконашро кушода, гўё мегуфт: «Маро дор».
Дилам пур аз фараҳ мешуд. Худро хушбахттарин модар эҳсос мекардам. Дунёям, буду шудам, ҳама орзуям ин фарзанди ягонаам буд, вале гоҳе метарсидам, метарсидам, ки ин дурри ноёбамро рӯзе гум кунам. Аз он суханонам, ки замоне ба Худованд зорӣ карда гуфта будам: «Эй Худои меҳрубон, як бор маро модар бикун, аз заҳри забони баъзеҳо нигаҳ дор, як бор фарзанд бидеҳ, баъд ӯро гирӣ ҳам, ихтиёрат». Аз чӣ бошад, аз як сухани ногаҳон гуфтаи худ: «...баъд гирӣ, ихтиёрат» дилам таҳ зад, аз гуфтаам пушаймон шудам. Баъди фарзанддор шудан гуфтам: «Худоё, маро бубахш, ба он суханони беандешона гуфтаам, он хоҳиши намудаам, маро танҳову зор макун...».
-Нозанинҷон, ту куҷоӣ, биё, биё, ин ҷигари садчоки маро даво бахш, ман туро ёд кардам, ёд...
Ӯ меояд, дар хаёлам, дар ёдҳоям.
-Оча,- ин нахустин калимаро ончунон ширину фораму бо меҳр мегуфт, ки дилам лабрез аз меҳр мешуд, бо як ҳаяҷони зиёд ба чашму абрӯи сиёҳ, ба рухсораҳои софу беғубораш менигаристаму сер намешудам.
Ҳар лаҳза, ҳар соат, ҳар рӯз Нозанини шаҳлочашмам калонакак, боз дилработару ширинакак мешуд. Гапакош ҳам дилкаш буду хандаҳояш ҳам ва ҳатто гиряаш зебо буд. Вале ман намегузоштам гиря кунад.
Ӯ худаш хандонрӯй буд... Пинҳон мешуду бо нигоҳи гармаш гӯиё мегуфт: -Оча, ана ман... садояш маро асир мекард, меҳри модарӣ чунон боло мегирифт, ки худро фаромӯш мекардам.
-Ҷонаки ман, азизаки дили ман, умеду орзуи ягонаи ман, биё, биё, ба банди дилам туро ҷой кунам. Оғӯш мекардам.
Мӯйҳои сиёҳашро сила мекардам, аз рӯй ва чашмони сиёҳаш бӯса мезадам. Аз бӯяш, аз рӯяш серӣ надоштам... Имрӯз, бошад, оғӯшам холист. Маро хумори Нозанини ягонаам гирифтааст. Шабе нест, ки хоб набинам ва ё дар хаёлаш набошам...
Як шаб ӯро хоб дидам. Дар лаби дарёи равон ҳамроҳи ӯ қарор дорем. Ғофил мондам, ногаҳ ӯ аз дастам раҳо шуд. Қад-қади дарё медаваму «Нозанин, Нозанини маро наҷот диҳед»,-гӯён фиғон мебардоштам, аммо касе ба додам намерасид.
Дасте ба рӯям меояд. Бедор мешавам, Нозанинаки ман болои ҷойгаҳ нишастаасту маро бедор мекунад ва гӯё бо нигоҳе маро мефаҳмонад:
-Оча, оча, гиря накунед, ана ман.
Хестаму ӯро оғӯш кардам.
-Ҷонам, ҷигарам, ман туро дигар аз даст намедиҳам. Аз оғӯшам раҳо намекунам. Не, не, ту бояд бо ман бошӣ, бо ман бимонӣ, -мегуфтам.
Ӯ бехабар аз бадкориҳои қисмат механдид.
-Оча, ана ман...
Намедонам, чаро ӯ ин ишораро тез-тез ба ман мефаҳмонид. Шояд медонист, ки ягона орзуям, умедам танҳо худи ӯст. Аз он рӯз инҷониб аз он хоби дидаам доимо дар тарс будам. Шабҳо борҳо хеста, ба рӯяш назар мекардам, ба нафаскашияш гӯш медодам. Дар хобаш ҳам табассуми кӯдакона дар лабонаш гул мекард.
Дилам ором мешуду сар ба болин мемондам ва аз Худо илтиҷо мекардам: «Худоё, ин шубҳаҳоро аз дили ман дур кун, ман бе Нозанин, бе ҷигарбандам вуҷуд дошта наметавонам. Раҳми бандаи гунаҳкоратро бихӯр. Маро аз ин андешаҳо дур кун».
Хобам рост баромад. Дар рӯзи равшан, дар пеши чашми наздиконам ӯро барқ зад. Ноқили барқии аз симчӯби рӯи ҳавлӣ кандашуда ӯро кушт. Фиғон карда, худро ба рӯяш партофтам, ӯро ба оғӯшам гирифтам.
-Нозанин, Нозанинҷон, ҷону ҷигари оча, қанду асали оча, чашмакони нозанинатро кушо. Эй, Худо, эй мардум, духтарчаамро ба ман баргардонед,- гуфтаю рӯю мӯй мекандам.
Ӯро, духтари зебою азизамро, аз ман бурданд. Ба он ҷое бурданд, ки ман рӯи ӯро дигар дида наметавонам, ба оғӯш намегирам, садои хандаҳояшро намешунавам, ӯ дигарбора барнамегардаду «Оча, очаҷон»-гӯиҳояш ба гӯшам намерасад. Ў дар он ҷо танҳою ман дар байни чаҳор девори қисмат танҳоям. Он рӯз дарк кардам, ки фалак аз ман хам бечоратар будааст.
Рӯзҳо, солҳо мегузаранд. Ман ӯро гум кардам, танҳо мондам. Чун дарахти танҳо, чун парандаи беболу пар, чун шахси бемуттако... Ва шабҳо аз хоб мехезаму ба ҷойи хобаш менигарам. Ӯ нест. Дилам менолад.
-Нозанин, ҷони оча, ту дар куҷоӣ? Ман туро меҷӯям охир. Ман мондааму ашкам, дили пур аз дардам.
-Оча, очаҷон, ана ман... - ин садо ба гӯшам меояд. Баргашта ба қафо менигарам. Ҳеҷ кас нест.
Шаб саҳар мешавад. Шаб чодари худро меғундорад, ситораҳо низ аз дур чашмак мезаданд. Мурғакон ба наво меоянд.
Насими саҳарӣ сару рӯямро панҷа мезанад. Хаёл мекунам, ки ҳеҷ чизро намебинам, намешунавам. Танҳо ӯро меҷӯям.
-Нозанин, биё, модари танҳоятро ҳамроҳӣ бикун. Биё, ҷони оча...
Чашмони пурашкам раҳ мепоянд ва ба лабони хушкам об мечаконанд. Аз паси пардаи ашк ман ӯро мебинам, меёбам.
-Оча, ана ман...
Ин садо шабу рӯз дар гӯшам садо медиҳад, маро ба сӯи олами дард мебарад. Ғамҳоям қисса шуданд, оҳ шуданд, афсона шуданд.
-Биё, Нозанин , онҳоро ба ту қисса мекунам, то кӯҳи ғам аз дилам кам гардад.
Биё, Нозанин...
Бо ҳамин умед зиндагӣ дорам.
-Оча, ана ман...
Вуҷудам, дар ёди Нозанинам обу адо шудааст...
Ин ғамномаи модар, ки ба ёди хоҳарам Нозанин аст, поён надорад...
Азимхӯҷа Баҳоваддинов,
донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, шаҳри Исфара
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...