Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон




«Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
аз 15-уми апрели соли 2025

Таҳти  сиёсати  созандаю  бунёдкоронаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  кишвари  азизамон  дар  давраи соҳибистиқлолӣ  ба  бунёди  ҷомеаи  демократию ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор монда истодааст ва дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ба муваффақиятҳои калон ноил гардидааст.

Мақсади  асосии  давлат  дар  соҳаи  энергетика  таъмини  боэътимод  ва  сифатноки  эҳтиёҷи рӯзафзуни  аҳолии  ҷумҳурӣ  бо  захираҳо  ва маҳсулоти энергетикӣ, фароҳам овардани шароити  зарурӣ  барои  истифодабарандагони  энергетика ва кафолати амнияти энергетикии мамлакат мебошад. Ин мавзуи муҳимми стратегӣ ҳамасола дар паёмҳои Сарвари кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баён мегардад. 

Дар  бисёр  кишварҳо  тасарруфи  барқ  ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст, ки ин ба амалҳои байналмилалии  мубориза  бо  ҷиноятҳои  иқтисодӣ мувофиқат  менамояд.  Ин  метавонад  барои  баробар  кардани  усулҳо  дар  мубориза  бо  чунин вайронкуниҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт кумак кунад.

Вобаста ба ин, чуноне, ки огоҳӣ дорем, дар асоси моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҷониби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо истифода  аз  ҳуқуқи  ташаббуси  қонунгузорӣ  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»   пешниҳод  гардид.

Қонуни мазкур 15-уми апрели соли 2025 қабул карда шуд.

Бояд зикр кард, ки дар таҷриба шахсони воқеӣ ва  шахсони  мансабдор  бо  мақсади  насупоридани  маблағи  истифодаи  неруи  барқ  нишондоди таҷҳизоти  ҳисоби  барқиро  тағйир  медиҳанд  ё  бе пайвасткунӣ  ба  чунин  таҷҳизот  неруи  барқро  ис-тифода  мебаранд.  Дар  натиҷа  ба  манфиатҳои иқтисодии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд. 

Тибқи   Қонуни  мазкур  ба  Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки  ҷавобгарии  ҷиноятиро  барои  вайрон  кардани  қоида  ва  меъёрҳои  истифодаи  қувваи  барқ пешбинӣ мекунад. Ҳадафи ин модда ҳифзи низо-ми қонунии истифодаи қувваи барқ, пешгирии зарари иқтисодӣ ба ташкилотҳои энергетикӣ ва таъ-мини истифодаи одилонаи қувваи барқ мебошад.

Моддаи нави иловашаванда аз се қисм иборат мебошад:

1.  Қисми  1  моддаи  мазкур  амалҳои  зеринро ҳамчун ҷиноят эътироф менамояд, аз ҷумла:

-дахолат  кардан  ба  таҷҳизоти  ҳисоби  барқӣ, яъне  ҳама  гуна  амале,  ки  ба  кори  дурусти ҳисобкунак халал мерасонад (масалан, тағйир додани ҳисобкунак ё барномасозии он ба тавре, ки истеъмоли воқеии барқ камтар нишон дода шавад ва  ё  васл  кардани  дастгоҳҳои  махсус  барои  кам нишон додани истеъмоли барқ);

-тағйир  додани  нишондоди  таҷҳизоти  ҳисоби барқӣ (яъне, шахс қасдан бо истифода аз усулҳои гуногун  (механикӣ  ё  электронӣ)  ҳисобкунакро  ба тавре тағйир медиҳад, ки маблағи пардохтшаванда камтар шавад);

Бояд зикр кард, ки мақсади ниҳоии ду кирдори содиршавандаи дар боло ишорашуда ин насупоридани маблағи ис-тифодаи барқ мебошад.


-истифодаи  барқ  бе  пайвастшавӣ  ба  таҷҳизоти  ҳисоби барқӣ (яъне, шахс мустақиман ба хатҳои барқӣ бе гузаштани барқ аз ҳисобкунак пайваст мешавад).

Дар  ин  раванд  нуктаи  муҳим  он  аст,  ки  кирдор  танҳо ҳамон вақт ҷиноят эътироф мегардад, агар он дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ба  истиснои  ҳолатҳои  дар  қисмҳои  2  ва  3  моддаи  мазкур пешбинӣ  шудаанд,  ки  бевосита  амал  мекунанд.  Бояд  зикр кард, ки шахси содиркунандаи ин кирдор пурра дарк мекунад, ки амалаш ғайриқонунӣ аст ва онро бо ҳадафи кам кар-дани пардохти маблағи қувваи барқ иҷро мекунад.

Ҷазо  барои  ин  кирдор  дар  намуди  ҷарима  ба  андозаи аз сесаду шасту панҷ (27 375) то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда   барои  ҳисобҳо  (41  025)  ё  маҳрум  кардани озодӣ ба муҳлати то се сол таъин карда мешавад.

2. Тибқи қисми 2 моддаи мазкур ҳамин кирдор, агар:

- ба миқдори калон;

- аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

- аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда  бошад,  новобаста  аз  оне,  ки  нисбати  ӯ  ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ шудааст ё не, ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад.

Ҷазо барои кирдорҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур дар намуди ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад (60 000) то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (90 000) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол таъин
карда мешавад.

3.  Дар  қисми  3  моддаи  мазкур  ҳолатҳои  махсусан  вазнин пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла дар асоси қисми 3 моддаи мазкур кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

-ба миқдори махсусан калон;

-аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ содир шуда бошад.

Ҷазо  барои  кирдорҳои  пешбининамудаи  қисми  3  моддаи мазкур дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз  шаш  то  даҳ  сол  бо  маҳрум  кардан  аз  ҳуқуқи  ишғоли мансабҳои  муайян  ё  машғул  шудан  бо  фаъолияти  муайян ба муҳлати то панҷ сол таъин карда мешавад.

Миқдори  калон  ва  миқдори  махсусан  калон  дар  эзоҳи моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дода шуда, мутобиқи он таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои боби 26 андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи  нишондиҳанда  барои  ҳисобҳо  як  ҳазор  маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад.

Ин модда пеш аз ҳама, барои ҳифзи низоми адолатноки истифодаи неруи барқ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии он  равона  шудааст.  Ҳамзамон,  он  ҷилавгирӣ  аз  зарари иқтисодӣ  ба  соҳаи  энергетика  ва  таъмин  намудани  риояи низоми ҳисобгирии қувваи барқро дар назар дорад.

Ҳамзамон, дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти  дар  моддаи  мазкур  (ба  истиснои  қисми  3)  пешбинишуда,  агар  гунаҳгор  то  баровардани  ҳукми  суд  зарари моддиро пурра намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои  бо  маҳрум  сохтан  аз  озодӣ  алоқаманднабудаи  дар санксияҳои моддаҳои номбурда пешбинигардида таъин карда мешавад. Дар ин робита ба моддаи 49 Кодекси мазкур иловаи дахлдор ворид карда шуд.

Инчунин,  15-уми  апрели  соли  2025  ба  Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тағйир ворид карда шуда, моддаи 382 дар таҳрири нав ифода карда шуд.

Дар  асоси  он  барои  истифодаи  қувваи  барқ  бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ  ва  баҳисобгирӣ  ё  бе  шартнома  бо  ташкилотҳои таъминоти  қувваи  барқ  ва  гармӣ,  кандан  ва  шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист (1500) то сӣ (2 250), ба шахсони мансабдор аз сӣ (2 250) то панҷоҳ (3750) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад (15 000) то сесад (22 500) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Аз ин рӯ, вазифаи мо - хизматчиёни давлатӣ аз он иборат аст, ки ба мардум моҳияти асосии ин тағйиру иловаҳоро расонем,  то  ин  гуна  шахсони  воқеӣ  ва  ё  ҳуқуқӣ  ба  чунин ҳуқуқвайронкунӣ даст назананд.

Сарфакорона  ва  самаранок  истифода  бурдани  неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро азхуд намоянд ва ба исрофи беҳудаи неруи барқ, ки барои ҳама зарур мебошад, роҳ надиҳанд.

Ифтихор САМАДЗОДА, 
сардори шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода