Оё ҷавонони имрӯза ин ҳунарманди машҳурро мешиносанд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 август, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 61
![]()
Чарли Чаплин чеҳраи машҳури синамо дар асри ХХ мебошад. Ӯро, бешубҳа, насли куҳансол хуб мешиносанд. Зеро дар тамоми расонаҳо аз ӯ ҳарф мезаданд ва дар филмҳои кӯтоҳметраж тавассути оинаи нилгун ва кинотеатрҳо ҳунари ӯро намоиш медоданд. Мутаассифона, имрӯзҳо Чарлии машҳур қариб, ки ба кунҷи фаромӯшӣ рафтааст. Ҳар замон ба ҷавонон бо суоли “Чаплинро мешиносед?” муроҷиат менамоем, онҳо бо тааҷҷуб, ба маънои “Ӯ кист?” китф дарҳам мекашанд...
Чарли Чаплин соли 1889 дар Лондон ба дунё омадааст. Ин марди хурдандом баъд аз гузаронидани давраи душвори кӯдакию наврасӣ ва пур аз сахтиҳои зиндагӣ ба гурӯҳи намоишгарони сайёра ворид шуда, бо мурури вақт шуҳратманд гардид ва ба Болливуд роҳ ёфт. Дар он ҷо бо қарордодҳои гаронарзиш ба мувофиқа омада, дар муддати 7 сол дар теъдоди зиёди филмҳои кӯтоҳметраж нақш офарида, коргардонӣ ҳам кардааст. Ӯ ҳамчун ҳунарманди воқеии соҳаи синамо маҳбубияти беназир пайдо намуд. Сипас Чарли Чаплин дар давоми 50 соли фаъолияти синамоияш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Ин ҳунарманд хусусиятҳои хосаи модарзодӣ дошт. Қабл аз ҳама, бо пайкари кӯтоҳу нозук, вале бо кафшҳои бузургандозаи худ зуд ба чашми тамошобинон намоён мегардид. Табассуми малеҳу нотакрор ҳамеша дар лабонаш сайр менамуд ва ин навъи лабханд, ки хоси ӯ буд, дар хотири мухлисон нақш мебаст. Аҷибаш он аст, ки дар филмҳое ӯ нақш офаридааст, ин гуна лаҳзаҳои дилхушкунанда хеле зиёданд.
Филмҳои ӯ пур аз шӯхиҳои тасвирӣ ҳастанд, ки тамошобинро аз ханда “сер” мекунанд. Баъзе саҳнаҳои филмҳои машҳураш пас аз такрор ба такрор ба намоиш гузошта шуданаш ҳамоно дилбазан нагардида, баръакс, таваҷҷуҳи тамошобинро бештару бештар ба худ ҷалб менамоянд.
Муваффақияти Чаплин муваффақияти ҳунармандест, ки дар кори худ ба дараҷаи устодӣ расидааст. Филмҳои маъруфтарини ӯ “Писарбача” (с.1921), “Ҷӯяндагони тил-ло” (с.1924), “Сирк” (с.1928), “ Рӯшноиҳои шаҳр” (с.1931) , “Асри ҷадид” (с.1936), “Диктатори бузург” (с.1940), “Миссе Верди” (с.1948), “Лойм лойт” (с.1950), “Шоҳ дар Ню-йорк” (с.1957) мебошанд. Ин филмномаҳо мазҳакаҳои инсондӯстона, зиддихушунат ба шумор мераванд. Ӯ тамоми нозукиҳои жанри мазҳакаро аз бар намуда буд.
Соли 1941 филми “Диктатори бузург”-ро дар ҳаҷви Адолф Гитлер таҳия намуд, ки он ба Чаплин шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Дар охири солҳои 50-ум бошад, давлати Амрико ба далели фаъолиятҳои сиёсиаш (баъди 20 сол!) филми ӯро дар киноҷашнвораи “Оскар” ғолиб донист ва ин мукофотро ба ӯ доданд. Ч. Чаплин инчунин, дорандаи мукофоти байналхалқии сулҳ (с. 1954) мебошад.
Чарли Чаплин соли 1978 дар Шветсария вафот кардааст. Ҳарчанд имрӯз ӯ дар қайди ҳаёт нест, вале номаш ҷовидонист...
Ҳозиркунандаи чоп
С. АТТОР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...