Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ГУЗАШТАИ ПУРИФТИХОРУ ФАРДОИ УМЕДБАХШ. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 80-сола шуд


ГУЗАШТАИ ПУРИФТИХОРУ ФАРДОИ УМЕДБАХШ. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 80-сола шуд




Дар  ҷануби  Тоҷикистон,  дар  яке аз   шаҳрҳои  қадимтарини  он  Кӯлоби бостонӣ  муассисаи  бонуфузи  таълимие  бо  номи  Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб  ба  номи  Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ қарор дорад, ки дар тӯли 80 соли охир яке аз парчамбардорони илму маърифат  мебошад.  Дар  давоми  ин  солҳо ин муассисаи таълимӣ дар тайёр намудани  ҳазорон  мутахассиси  соҳаи илму  маориф  ва  дигар  самтҳои хоҷагии  халқи  Тоҷикистон  саҳми  босазои  худро  гузошта,  барои  манфиати  миллату  давлат  хизмати  шоён ба анҷом дода истодааст. Ин боргоҳи илму  дониш  тавассути  устодони заҳматқарин ва олимони масъулиятшинос чароғи маърифатро дар қалбу зеҳни  насли  ҷавону  ояндадор  доимо фурӯзон нигоҳ медорад. 

Зикр  кардан  лозим  аст,  ки  Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 1945 то имрӯз ба як пояи устувори илму дониш дар минтақа ва берун аз он табдил ёфтааст.

Таъсиси донишгоҳ дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки тамоми ҷумҳурӣ аз мушкилоти баъди ҶБВ ва эҳтиёҷи шадиди  кадрҳои  соҳибмаърифат  мушкилӣ  дошт.  Дар солҳои  аввали  фаъолият  муассиса  танҳо  чанд  шуъбаи  омӯзгорӣ  дошт  ва  дар  биноҳои  куҳнаи  таълимӣ машғулият мегузарониданд. Ба ҳамаи он нигоҳ накарда, бо кӯшиши роҳбарону устодон ва иқдомҳои давлату Ҳукумат пояҳои ин маркази илмӣ сол ба сол қавитар гардид.

Дар  солҳои  60-70-уми  асри  гузашта,  ки  донишгоҳ бо номи Институти давлатии педагогии Кӯлоб маъруф буд, факултетҳои нав кушода шуданд. Дар ин боргоҳи илму  дониш  аллакай  дар  он  замон  заминаҳои  илмӣ-техникӣ таҳким ёфта, он ба яке аз марказҳои калидии тайёр намудани омӯзгорон барои миллати тоҷик табдил ёфт. 

Боиси хушнудии мо- маорифчиён аст, ки дар давраи Истиқлоли  давлатӣ  бо  талошҳои  пайвастаи  давлату Ҳукумати кишвар, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои такмилу ну-фузи муассисаҳои таълимӣ дастгириҳои пайвастаи  Пешвои  муаззами  миллат равона карда шуд. Дар ин замина баробари дигар муассисаҳои олии касбӣ ба-рои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ  низ  марҳалаи дигаргунсозиҳои куллӣ оғоз гардид. Дар баробари табдил додани Институти давлатии  педагогии  Кӯлоб  ба Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб  ба  номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сохтори факултетҳо навсозӣ шуд, ихтисосҳои  замонавӣ  ворид  гардиданд ва  робитаҳои  байналмилалӣ  дар  самти таълиму тарбия ва илм рушд кард.

ДАР ТӮЛИ 80 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРБАРАКАТ, БЕШ АЗ 35 ҲАЗОР МУТАХАССИСИ ДОРОИ МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ИН ДАРГОҲИ МАЪРИФАТРО ХАТМ НАМУДААНД. ХУШБАХТОНА, АКСАРИ ОНҲО ИМРӮЗ ДАР ТАМОМИ ГӮШАҲОИ КИШВАР, АЗ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ САР КАРДА, ТО МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТӢ ВА БАХШҲОИ МУҲИМИ ИЛМУ МАОРИФ, СИЁСАТ ВА ҲУКУМАТУ ДАВЛАТ САРБАЛАНДОНА ХИЗМАТ КАРДА ИСТОДААНД.

Боиси  ифтихор  ва  сарфарозист, ки  аз  зумраи  шахсиятҳои  номдор ва  соҳибэҳтиром  ҳазорон  олимону омӯзгорони  варзида,  фарҳангшиносону адибон,  сиёсатшиносон,  ҳуқуқшиносон, иқтисоддонҳо ҳамчунин кормандони баландпояи  мақомотҳои  ҳифзи  ҳуқуқ  ва қудратӣ хатмкардагони ин муассисаи бонуфузи илмӣ-таълимӣ мебошанд.

Айни  замон  донишгоҳ  дар  асоси сиёсати  маорифпарваронаи  Пешвои маҳбуби  миллат  ба  комёбиҳои нав ба нав ноил гардида истодааст.  Дар  ин  замина,  роҳбарияти донишгоҳ   тасмим  гирифтааст, ки  як  қатор  масъаҳои  зеринро роҳандозӣ намояд:

-  Дар  пайравӣ  аз  сиёсати иҷтимоии  Пешвои  муаззами миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бо  дарназардошти беҳбудии  шароити  иҷтимоии ҳайати  омӯзгорон  ва  кормандони  муассиса  баланд  бардоштани  музди  маоши  кормандон  аз ҳисоби маблағҳои махсус ба андозаи 10%;

-  дастгирии  маблағгузории иловагӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  барои  ҳимояи  рисолаи  номзадӣ  7000  сомонӣ  ва барои  ҳимояи  рисолаи  докторӣ 20000  сомонӣ  бо  ҳадафи ҳавасмандгардонии муҳаққиқон;

-  тармиму  таҷдиди биноҳои  таълимӣ  ва таҷҳизонидани  синфхонаҳо  бо воситаҳои техникии муосир;

-  сохтмони  иншооти  нав  барои  густариши  им-коноти  таълимӣ  ва  иҷтимоии донишҷӯён;

- ободсозии ҳудуди донишгоҳ бо ниҳолшинонӣ, чароғонкунӣ ва зебосозии муҳит ва ғайраҳо.

Бо  талоши  роҳбарияти донишгоҳ  ва  омӯзгорони  варзидаву  соҳибтаҷриба  ҳамасола донишҷӯёни  фаъоли  донишгоҳ дар  озмунҳои  ҷумҳуриявӣ  ва байналмилалӣ  иштирок  намуда, сазовори  ҷойҳои  намоён  гардида  истодаанд.  Онҳо  бо  зеҳни қавӣ,  дониши  амиқ,  завқи  баланду неруи эҷодӣ муаррификунандаи  насли  нави  Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб  танҳо  як  санаи  одии  таърихӣ  нест,  балки  арҷгузорӣ  ба  кору  заҳмати ҳазорон  шахсиятҳои  номдор, олимони  варзида,  устодони собиқадори  соҳаи  илму  таълим, кормандони  бовиҷдон  мебошад, ки дар тайёр намудани мутахассисони  соҳаҳои  гуногуни  илму дониш ва дигар самтҳои хоҷагии халқ саҳми босазои худро гузоштаанд.

Бо  итминони  комил  метавон  изҳор  дошт,  ки  дар  арафаи  таҷлили  80-солагии донишгоҳи  давлатии  Кӯлоб дар  такя  ба  таҷрибаи  гузашта ва  нигоҳ  ба  ояндаи  дурахшон Донишгоҳ  қадамҳои  устувор  ба сӯи  марҳалаи  нав  мегузорад, марҳалае,  ки  дар  он  дониш, таҳқиқоти  илмӣ-инноватсионӣ ва  дар  амал  татбиқ  намудани донишҳои  назариявӣ  мавқеи хоса хоҳад дошт.

Алишери АБДУЛМАҶИД,
дотсенти кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода