Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » САИДАЛӢ ВАЛИЗОДА ВА ҚАЛИНИ ДУХТАР


САИДАЛӢ ВАЛИЗОДА ВА ҚАЛИНИ ДУХТАР



Устод Саидалӣ Вализодаро ба Обкоми Кӯлоб фарëд карда мегӯянд:

-  Шумо  як  одами  баобрӯи  вилоят, Шуморо  ҳама  мешиносанд,  намешавад ба  мардум  рафта  фаҳмонед,  ки  қалинро нагиранд.  О,  аксари  духтарҳо  бешавҳар монда  истодаанд.  Аз  ҳамин  рӯз  эътиборан Шумо акнун аъзои доимии «Агитбригада».  Аз  пагоҳ  тайëр  шавед,  ба  ноҳияи Восеъ рафта, ба мардум зарари қалинро нағзакак мефаҳмонед.

Ноҳияи Восеъ. 

Мардуми  зиëд  дар  маҷлисгоҳ.  Устод Саидалӣ  Вализода  дар  минбар,  мавзуъ «Қалин ва зарари он». Ҳама гӯш ба устод.

Устод чунон бо эҳсос дар бораи қалин гап мезанад, ки мардум ҳама хомӯш. Лек мӯйсафеде даст бардошта мегӯяд:

-  Устод  Саидалӣ,   мавзуи  хуб,  лек ман як савол дорам: Агар ҳамин қалинро надиҳам, мани 75-соларо кӣ мегирад?

Устод  Саидалӣ  ба  андеша  мезанаду сипас:

- Ғам нахӯред, мӯйсафед, ҳеҷ кас, ки нагирифт, Худо худаш Шуморо мегирад, - мегӯяд.

Нусратуллоҳи Кангуртӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода