Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАЪНА МАЗАН, БЕҲТАРАШ КУМАК РАСОН


ТАЪНА МАЗАН, БЕҲТАРАШ КУМАК РАСОН





Зӯроварии хонаводагӣ падидаи хеле паҳншуда ва ҳамзамон масъалаи мураккаби иҷтимоӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад. Мураккабии ҳалли ин масъала дар зарурати фаъолгардии синхронии мутахассисон аз лаҳзаи муроҷиати шахси зарардида, захираҳои гуногуни тиб, захираҳои табиати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳидошта, мебошад.    Кумаки саривақтии рӯҳӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ ҷузъи калидӣ дар тамоми сис-темаи кумакрасонӣ ба онҳо ва муҳофизаташон мебошад.  Равоншинос ба мувозинати вазъи рӯҳии ҷабрдидагон аз зӯроварӣ, муайян кардани арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва худбаҳодиҳии дурусти онҳо кумак мерасонад ва ҳамчунин, онҳоро ба тағйироти мусбӣ дар ояндаашон бо далелҳо ҳавасманд мекунад. Маҳз дастгирии рӯҳии дуруст ёрии аввалине мебошад, ки ба ҷабрдидагон дар  ҳалли  мушкилоташон кумак мерасонад ва баъзан, ҳатто, ҷабрдидагони ноумедшударо аз худкушӣ наҷот медиҳад.    

Аммо, барои он, ки равоншинос ё мутахассисони дигар ба ҷабрдидагони зӯроварӣ ёрӣ расонанд, ҷабрдидагон бояд мушкилии худро пинҳон накарда, барои кумакгирӣ ба онҳо муроҷиат кунанд.  Вале, ҷабрдидагон аз зӯроварӣ аксаран чуноне рафтор мекунанд, ки ба атрофиён дарк кардани онҳо мушкил аст ва ин аксар сабаб мешавад, ки онҳо ба ҷабрдидагон беадолатона таъна зананд.  Равоншиносон дар робита бо ҷабрдидагони зӯроварӣ падидаи бо истилоҳ “Синдроми стокголмӣ”-ро тавсиф менамоянд, ки он дар шуур ва рафтори ҷабрдидагони зӯроварӣ зоҳир мегардад. Масалан, ҷабрдидагон, таҳти таъсири ғаму андӯҳу ваҳми сахт,  нисбати ҷабрдиҳандагонашон ҳиссиёти таваҷҷуҳ пайдо мекунанд, ба муҳофизат ва сафедкунии рафтори онҳо, то ҳадде, ки худро айбдор мешуморанд, майл доранд. Занон-ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагии дорои чунин синдром аксар дар робита бо шавҳарони ҷабрдиҳандаҳояшон чунин ме-гӯянд: «Ӯ худро дошта натавонист… охир дар кор хаста мешавад… Айби худи ман шуд, бояд хомӯш меистодам». Чунин рафтори ҷабрдидагони зӯроварӣ шакли махсуси худмуҳофизаткунии рӯҳӣ мебошад – онҳо, бо умеди дигар ҷабр надидан, итоаткунии худро нишон медиҳанд, дар рафтори ҷабрдиҳандаи худ мантиқро меҷӯянд. Бештари ҷабрдидагон маҷбуранд ба шароит мувофиқат ва тоқат кунанд, чунки аз ҷабрдиҳандагони худ аз ҷиҳати иқтисодӣ вобастагӣ доранд ва ҷои рафтан надоранд, ва ҳамчунин, таънаю маломати зиёд аз тарафи ҷомеа низ онҳоро водор месозад, ки чунин рафтор кунанд.    

Асоси синдроми стокголмиро алоқаи беихтиёрона ва травматикӣ (латхӯрӣ) ташкил медиҳад, яъне вақте, ки вокуниши инсон на аз рӯи мантиқи зеҳн, балки аз рӯи ваҳм ва хоҳиши зиндамондани ҷабрдида дар ҳолатҳои зӯроварии бераҳмонаи мунтазам дикта мешавад. Барои зинда мондан, механизми ғайриихтиёрии муҳофизатӣ рӯҳи ҷабрдидаро тавре ҷӯр мекунад, ки ба рафтори ҷабрдиҳанда муқобилат нишон надиҳад ва коре накунад, ки ҷабрдиҳанда ба ғазаб ояд. Баъд аз зӯроварии мунтазами бисёрсола, дар лаҳзаҳои зӯроварии бераҳмонаи навбатӣ, рӯҳи латхӯрдаи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар интизорӣ ба раҳми ҷабрдиҳанда, гӯё дар ҳолати «муаллақ» мемонад. Аз сабаби беамалии худ, ҷабрдидагони дорои чунин синдром таҳти хатари калони латхӯрии вазнин ё ҳатто латҳои марговар мебошанд. Таҳти синдроми стокголмии хонаводагӣ (маишӣ) бештар заноне мебошанд, ки аз айёми кӯдакӣ дар рӯҳияи нобаробарии гендерӣ тарбия ёфтаанд. Вақти издивоҷ дар баъзе аз ин занҳо ҷаҳонбиние ташаккул меёбад, ки мувофиқи он зан ҳуқуқи мухолифат ба ягон рафтори шавҳараш надорад (ҳатто агар он, мисли зӯроварии хонаводагӣ, ғайриқонунӣ бошад), зан набояд аз шавҳараш шикоят кунад ва ба он тан диҳад, ки ҷинси «заиф» асту бас.  Аз сабаби он, ки чунин ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ аз тарафи шавҳаронашон ҳис мекунанд, ки чизеро дар ҳаёташон тағйир дода наметавонанд ва дар мубориза бурдан барои худ хеле заифанд, дигарон низ онҳоро ҳурмат намекунанд ва аксаран аз онҳо рӯ мегардонанд. Рӯҳафтодагии доимии ботинӣ ва афсурдаҳолии ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ ба он оварда мерасонад, ки онҳо худро ҷисману рӯҳан солим ҳис намекунанд.  Кӯдакон-шоҳидони зӯроварӣ байни волидайнашон низ чунин бадбахтии амиқро ҳис мекунанд.    Маҳз барои ҳамин ҳангоми машваратдиҳӣ ба издивоҷкунандагони ҷавон мутахассисон ба онҳо ёдоварӣ мекунанд, ки мақсади асосии издивоҷ - сабук кардани бори ҳаётии ҳамсарон ва кумакрасонӣ ба якдигар дар татбиқи мақсадҳо ва арзишҳои ҳаётӣ, ба аъзоҳои оила хушбахтӣ овардану онро нигоҳ доштан мебошад, на бараъкс.   

Равоншиносон қайд мекунанд, ки қадами аввал ба самти он, ки ҷабрдидаи зӯроварии хонаводагӣ набошед, ин аст: ба рӯпӯш кардан ва дастгирии афзоиши зӯроварӣ ва бадахлоқӣ хотима диҳед ва ба мутахассисон муроҷиат кунед.   Хешовандон, наздикон ва ҳамсояҳои ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба онҳо таъна зананд, балки ба онҳо ҷуръат бахшанд, ки барои кумаки тахассусӣ муроҷиат кунанд.  Дастгирии рӯҳӣ ва ҳамроҳӣ кардан ба назди мутахассисон метавонад ҳаёти ҷабрдидаи зӯроварии хонаводагиро наҷот диҳад. Мутахассисони бахши кор бо занон ва оила ба ҷабрдидагон гуфта метавонанд, ки барои гирифтани ёрии рӯҳӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар намуди кумак ба куҷо муроҷиат кунанд. Ба ғайр аз ин, дар кишвари мо дар давоми се соли охир дар шаҳри Левакант ҳуҷраи машваратӣ оид ба ислоҳи рафтори ҷабрдиҳандагони оилавӣ кор мебарад. Таҷрибаи мусбии кори ин ҳуҷра дар он аст, ки  ба ҷабрдиҳандагони оилавӣ аз тарафи равоншинос, ҳуқуқшинос, кормандони иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои салоҳиятдор, машварат дода мешаванд. Самаранокии фаъолияти ин ҳуҷра дар ҳамроҳкунии ҳамсароне, ки издивоҷашон аз сабаби зӯроварии хонаводагӣ таҳти хатари бекоршавӣ буд, аён мегардад.

Ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ муҳтоҷи ёрии нафароне мебошанд, ки аз мусибати онҳо огоҳанд. Дар ин ҳолат додани як маслиҳати хуб басо муҳим аст. Чуноне ки мегӯянд: “Таъна мазан, беҳтараш кумак расон!”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода