Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПАЁМИ РОҲНАМО


ПАЁМИ РОҲНАМО


Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи самтҳои фаъолият, таҳлилу баррасии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва аз натиҷагириву вазифагузориҳо иборат буда, роҳнамои хурду бузурги кишвар мебошад. 

Воқеан имрӯз, новобаста ба синну сол ва касбу кор тамоми сокинони Тоҷикистон дар фаъолияти касбӣ ва зиндагии ҳаррӯзаи худ аз паём истифода карда, муваффақ мегарданд. 

Дар Паём, аз ҷумла қайд гардид, ки ҷиҳати аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.

Бе муҳобот гуфтан мумкин аст, ки дас-тури махсус бобати аз байн бурдани ҳолат-ҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат накардан ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон метавонад, ки сармоягузорону соҳибкоронро ҳавасманд гардонида, дар пешрафти кори онҳо мусоидат намояд. Зеро аксаран чунин ҳолатҳо аз таҷрибаи солҳои пешин ба мушоҳида мерасад, ки монеъи кори соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ мешавад. Ин ташаббус ва дастур маҳз ба хотири расидан ба зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад.

Дар рафти суханронӣ оид ба соҳаи энергетика изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроқум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст. 

Албатта, ҳамасола бо ироа гардидани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо бо ба инобат гирифтани вазъ имтиёз ва ҳавасмандгардониҳо ба роҳ мешавад. Имсол низ яке аз ҳавасмандгардониҳо ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ин пеш овардани имтиёз барои андозсупорандагон мебошад. Сарвари давлат дар ин маврид чунин иброз доштанд: “Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд”. Ин пешниҳод ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили писанд ва дастгириву ҳамгироии сокинони мамлакат гардид. Чунки бо ин роҳ итминон меравад, ки дар бозорҳои мамлакат нархи орд ва дигар анвои хӯрока то андозае муътадил гардад.  

 

Абдураҳмон Ёқубзода, 

раиси Суди шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода