Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » НАХУСТСАРМУҲАРРИР


НАХУСТСАРМУҲАРРИР


Ҳусейн Мирзоев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДО Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) буда,  дар рӯзномаи   сертиражаи “Норак” (нашрияи сохтмони   “Норак ИБОсоз”) ба ҳайси ходими адабӣ, котиби масъул кор кардааст. Баъдан дар мақомоти шаҳри Норак ҳамчун сармутахассиси шуъбаи маънавиёт ифои вазифа дошт. Аз моҳи январи соли 2003 сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Нури Норак”  мебошад.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии шаҳри Норак аст. Бо медали “100-солагии матбуоти тоҷик” қадр гардидааст. Китоби “Фарзандони шуҷои Норак” ва “Китоби хотира” - ро ба нашр расонидааст. Нигоштааш дар китоби дастаҷамъонаи “Газета это мы”  бахшида ба 85-солагии рӯзномаи “Народная газета” ба табъ расидааст. Ӯ ғолиби озмуни шаҳрии “Журналисти беҳтарини соли 2012” мебошад.   

 Як хислати   Ҳусейн Мирзоев аз дигар мухбирон фарқ карда меистад. Ӯ мушоҳидакор аст, аз  як ҳодисаи тасодуфӣ ҳам ҷавҳаре меёбад ва онро бо самимият рӯи варақ оварда, пешкаши хонанда месозад. Масалан, дар доманаи кӯҳи Нор ҳангоми алафдаравӣ ҷанги майнаву море ба вуқӯъ пайваст. Ин ҳодисаро 40-50 нафар тамошогар буд. Вале таассуроти худро танҳо   Ҳусейн иншо карда тавонист. Ҳамин тавр, маҳорати журналистии Ҳусейн Мирзоев сол ба сол сайқал меёфт. Акнун ӯро бисёриҳо мешинохтанд. Вақте, ки “Радость в доме” ном хабараш дар рӯзномаи “Правда” чоп шуд, аз собиқ Ҷумҳурии Демократии Германия як журналисти суратгир ба Норак омад. Вай ба Ҳусейн гуфт, ки ҳеҷ бовараш   намеояд, ки як зани рус дар кӯҳистони Тоҷикистон  даҳ нафар фарзанд ба дунё оварда бошад. Шояд онҳо дастпарварони хонаи кӯдаконанд? Ҳусейн меҳмонро ба манзили Суҳроб Шарифов ҳамроҳӣ намуда, бо завҷаи ӯ Валентина шинос кард. 

Журналист шаҳодатномаи бачаҳоро хонда, акс бардошт. Баъд суратҳои зиёде гирифт. Ҳамин хел як хабари хурд боиси шуҳратёр гаштани як оилаи одии норакиён шуд. Қудрати сухан, қудрати як хабар одамони ношиносро бо ҳам ошно, қадрдон гардонд. 

Дар тӯли хабарнигориаш, ки он соли 1965 аз чопи “Синфи намуна” ном мақолааш дар рӯзномаи “Навобод” - и ноҳияи Данғара сарчашма мегирад, бисёр воқеаҳои хурсандибахшро аз сар гузарондааст Ҳусейн Мирзоев.  Масалан, баъди чопи “Нигина” ном очеркаш дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло “Фирӯза”)  ба идораи “Норак” аз шаҳри Турсунзода меҳмоне омад ва гуфт, ки ӯ бародари қаҳрамони очеркаш Нигина Сандалова мебошад. Баъди як соат  бародару хоҳар пас аз зиндаҷудоии 35 - сола бо ҳам дидор диданд. 

Ба сифати хабарнигори рӯзномаи “Норак” Ҳусейн Мирзоев чанд дафъа ба Мос-ква, ба собиқ Вазорати энергетикаи СССР даъват шуд, бо роҳхати он ба Туркманистон ба сафари эҷодӣ рафт. Он солҳо (1988 – 1989) бригадаҳои зарбдори норакиён бо сарварии Тоҷ Қодиров ва Абдусалом Гурезов   дар шаҳри Сейди Туркманистон истгоҳи барқӣ месохтанд. Ӯ бо ҳамроҳии мухбири суратгири туркман Очилдурдӣ Толегов чанд мақола омода сохт, ки дар рӯзномаҳои ду ҷумҳурии бародар рӯи чопро диданд.  

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ӯ баҳри ваҳдат, сулҳу амонӣ, волоияти қонун, мустаҳкам гардидани Ҳукумати Конститутсионӣ қалам ронд. Ҳарчанд рӯзномаи бисёртиражаи “Норак” аз нарасидани маблағ аз чоп монд, ӯ бештар ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ менавишт. Ҳамин заҳматнописандӣ, эҷодгарӣ, ташаббускории ӯро ба назар гирифта, собиқ раиси шаҳри Норак Шарифхон Самиев ташкили рӯзномаи нав – нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норакро ба зиммааш гузошт. Инак 18 сол аст, ки рӯзномаи “Нури Норак” мунтазам ба дасти муштариён мерасад.

Таҷрибаи бештар аз 30 - солаи рӯзноманигорӣ ба Ҳусейн Мирзоев даст додааст, ки саҳифаҳои “Нури Норак” – ро пурмазмуну ҷолиби диққат гардонад, ҳар як шуморааш рағбати хонандаро бедор созад.   Итминон дорем, ки “Нури Норак” ба шарофати азхудгузаштанҳо ва шабзиндадориҳои журналист Ҳусейн Мирзоев солҳои зиёд ба қалби мардум тухми меҳру муҳаббат, нуру зиё, маърифат, одаму одамгарӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ мебахшад.

 

Қурбон Мадалиев,

рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода