Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » НУРБАХШИ ЗИНДАГОНӢ


НУРБАХШИ ЗИНДАГОНӢ


Бахшида ба иди Рӯзи модар кормандони  Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон  ба номи  Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” вохӯрии хонандагонро бо фаъолзанони собиқадори соҳаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Нурбахши зиндагонӣ модар аст»  баргузор намуданд.  

Дар чорабинӣ собиқадори соҳаи фарҳанг, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ директори китобхонаи вилоятии  бачагонаи   шаҳри Кӯлоб Ҷумаева  Моҳбону, мудири шуъбаи кор  бо ҷавонони   ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Шоева Дилноза   иброз намуданд, ки чи қадаре зан-модарро   сано гуфта бошем, ҳамоно кам аст. Ба ин хотир бигзор модарони мо ҳамеша шоду хандон бошанду дар таълиму тарбияи насли оянда муваффақ гардида, фарзандони бонангу номус ва шоистаи   давру замонро тарбия намоянд.

Дар рафти чорабинӣ  аъзои маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва  курсантони коллеҷи милитсияи ВК ҶТ дар шаҳри Кӯлоб бо қироати шеъру тарона, савту суруди дилнишин хотири меҳмононро шод гардониданд.

 

Саодат  АБДУЛҲАКИМЗОДА 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода