Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ОФАРИН БА МОДАР


ОФАРИН БА МОДАР


Ба дунё зан гули хушрангу бор аст,

Яқин зан неъмати Парвардигор аст.

Ҳар он кас қадри ин неъмат надонад,

Бидонад, ин ки ӯ хор асту  хор аст.

Иди занон, воқеан ҳам иди меҳру вафо, покиву садоқат ба зан, яъне офарандаи ҳаёти башар мебошад. Зан такягоҳи марду чароғи равшани хонадон аст. Бе зан зиндагӣ маъно надорад. Зан ҳасту мо имрӯз дар ин дунёи афсонаи зиндагӣ умр ба сар мебарем.  Зан ҳамдаму ҳамроз, ҳамнафаси мард аст. Занро ба ҳамаи арзишҳои волои зиндагиву ҳаёти инсон баробар созем меарзад. Зан дар баробари ҳамсару модар будан, боз зеботарин офарандаи Худованд аст. Бешубҳа, зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. 

Мақому мартабаи зан дар ҳама ҷо болост, аз ин рӯ, ҳамеша ҳама пешаш сари таъзим фуруд овардаву ситоишаш мекунанд. Бо ин маънӣ шоири ширинкаломи тоҷик,  Қаҳрамони Тоҷикистон, устод  Мирзо Турсунзода барҳақ фармудааст:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Барҳақ, ҳар як оила, қавму миллат ва дар маҷмӯъ ҷомеаи инсонӣ ба зани фарҳангдӯст, боиффат, донишманд, худшиносу ватандӯст ва ҳунарманду кадбону ниёз дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: ”Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Аввалин шеъри олам низ аллаи модар аст. Аз дараҷаи саводнокию фарҳангнокии занон ин ё он ҷомеаро баҳо медиҳанд”.

Имрӯз зани тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо дар қатори мардон содиқона, оқилона ва ҷасурона барои рушду нумӯи кишвари азизамон фаъолият карда истодаанд. Ҳамаи олимону орифон, шоирону нависандагон, қаҳрамонону сипаҳсолорон, пешвоёну шоҳон дар оғӯши гарму ҷонфизо ва бемислу монанди модар ба воя расидаанд.

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбареро модаре ҳаст.

Бигзор, занону модарони Тоҷикистони азиз, ҳамеша сарбаланд бошанд.  

 

Шоҳгадо Раҷабов,

омӯзгори коллеҷи тиббии 

шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода