Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


(Идома аз шумораи 10)

Соли 1996. Вазъият  ҳамоно   мураккаб буд. Дар баробари он ки вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвар дар ташаннуҷ буд, масъалаи иқтисодӣ низ беҳбудӣ металабид. Андозҳо, ки акнун вобаста ба сохтори давлатдорӣ, сарчашмаи ғанӣ гардидани буҷет ба ҳисоб мерафт, иҷро намегардид. Мусаллам аст, ки иҷро нагардидани қисми даромади буҷет ба қисми пардохтии он, ки асосан аз он кормандони соҳаи буҷетӣ бархурдор мешуданд, таъсири манфӣ мерасонид. Қарздорӣ аз музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ ва дигар хароҷотҳои ба ин монанд меафзуд. Азбаски баробари ворид гардидани пули миллӣ муомилоти ғайринақдӣ бо кишварҳои дигар, алалхусус бо Россия мушкилот оварда буд, вазъияти муташанниҷе мардумро пеш омад. Дар ин баробар, воридоти маҳсулоти беруна, ки барои мардум хушоянд, вале на чандон дастрас буд, ба савдо рафтани маҳсулоти дохилиро ғасб кард. Ҳамин буд, асосҳои латма задан ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар. 

Аз ин  нобасомониҳо истифода карда, душманони дохиливу хориҷӣ мавриди мувофиқ меҷустанд. Бо ҳар васила мехостанд, иқтисодиёти кишвари тозаистиқлол ва дар миқёси олам шинохташаванда боз ҳам коҳиш ёбад.  Вазъиятро дар сарҳадот тезутунд мегардониданд. Ба он муваффақ гардиданд, ки вазъи ҷинояткорӣ дар дохили кишвар бештар гардад. Чунин ҳолатҳо на танҳо дар ягон минтақаи бештар ҷангзада, балки анқариб дар ҳама мавзеъву минтақаҳо рух медоданд.  

Ҳамаи амалҳои ноҷавонмардонаи мухолифин, гурӯҳҳои террорист дар он давра ба он аён мегардад, ки баҳри паст задани обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муташанниҷ гардонидани вазъияти дохилӣ, онҳо чандин нафар кормандони мақомоти давлатӣ, муаллимон, олимону сиёсатмадорон, зиёиён, инчунин шаҳрвандони хориҷиро бегуноҳ ба ҳалокат расониданд. Ҳанӯз 12 декабри соли 1995 мудири бахши форсии радиои Би-Би-Си дар Тоҷикистон, рӯзноманигор, аккоси маъруф Муҳиддин Олимпурро  ба қатл расонида буданд. Соли 1996 низ олиму авомкушӣ давом кард. Дар дафтари кориаш ба ҳалокат расонидани хабарнигори телевизони ҷамъиятии Россия (ОРТ) дар Тоҷикистон Никулин Виктор Михайлович, ба қатл расонидани ходими намоёни ҷамъиятӣ, олими шинохта, раиси кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-“Пайванд”, академик Муҳаммадҷон Осимӣ, якҷоя парронда шудани профессор Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович (ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино) ва профессори ҳамин донишгоҳ Минҳоҷ Ғуломов бо ронандаашон Виктор Худяков аз бешарафиву  бадниятӣ, хуни  инсонӣ надоштани душманони давлату миллат гувоҳӣ медод, ки чунин амалҳои террористиро раво диданд. 22 ноябри ҳамон сол гурӯҳи ҷинояткорони мусаллаҳ дар шаҳри Душанбе ба қатори нақлиёти ҳаракаткунандаи хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2421-и гурӯҳи Қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон норинҷак партофта, тирпарронӣ карданд, ки дар натиҷа ба онҳо зарари ҷисмиву ҷонӣ расид. Тарҳрезону қотилон, душманон боварӣ доштанд, ки бо ин амалҳои террористиашон боварии давлатҳои бо Тоҷикистони тозаистиқлол дӯстӣ пайдокардаро дигар мекунанду намояндагонашон баромада мераванд. Вале давлатҳои ақсои олам мақсаду мароми Ҳукумати қонуниро хуб дарк карда буданд ва ба иғвои душманони дохилӣ дода намешуданд.    

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари он ки роҳҳои сулҳу салоҳро бо роҳбарияти мухолифин тариқи музокирот меҷӯст, дар ҳама ҳолат ба масъалаи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, наркобизнес диққати махсус медод ва дар ҳамоишҳои сарони давлат, ки дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мегардид, бештар ба ин масъала таваҷҷуҳ мекард. Ин  масъалаи ҳалталаб то ҳанӯз дар каломи Сарвари тоҷикон мавқеи аввалро соҳиб аст.

9 марти соли 1996 байни роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва миллии  Тоҷикистон Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид.  Дар  баимзорасони ин санад 32 ташкилоти ҷамъиятию  сиёсӣ ширкат доштанд. Моҳи август ба хотири муҳимияти ин санади таърихӣ ва ба муносибати истиқболи сазовори 5-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Президенти мамлакат ба мардуми ҷумҳурӣ бо Хитобия муроҷиат кард, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ман ба зиёиён, эҷодкорон, шоиру нависандагони кишварамон муроҷиат мекунам: Аҳдномаи ризоияти миллии ҷомеаи Тоҷикистонро, ки санади хеле пураҳамияти таърихӣ мебошад, дастури фаъолияти худ қарор дода, мардумро бо қудрати каломи худ, бо маҳсули тафаккуру хиради худ ба муттаҳидӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват кунед, анъанаҳои наҷиби дӯстпарварӣ ва мардумпарастии халқамонро васеъ таблиғ намоед, дар асарҳоятон идеалҳои олии инсонӣ, маърифатпарварӣ, ору номуси ватандорӣ, худшиносиро бедор кунед». 

Худи ҳамин сол чанд санади муҳими давлатдорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, 13 март – Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. 5 декабр – Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул гардид. Худи ҳамон моҳ «Панҷгонаи Шанхай» таъсис ёфт. Он вақт ба он Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой шомил буданд.

Боиси зикр аст, ки  ҳамоишҳои соли 1996 мавқеи муҳиме дар музокиротҳои то он дам ва баъдии он баргузоргардидаи Ҳукумат бо мухолифинро дорост. Аз ҷумла, Протоколи тарафайн “Дар бораи танзими авзои низомиву сиё-сии минтақаи муқовимат” аз 11 декабри соли 1996 дар Хусдеҳи Афғонистон, Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ИНОТ-Протокол “Дар бораи вазифа ва салоҳияти асосии Комиссияи оштии миллӣ” аз 23 декабри соли 1996 дар Мос-ква, ки сарчашмаҳои асосии бадастоии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (соли 1997) маҳсуб меёбанд.

Ахиран, ёдрас мешавем: Сарвари давлат, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози сари мансаб омаданаш роҳи ягонаи бадастоии сулҳро дар гуфтушуниди озодона ва осоиштаи тарафайн паси мизҳои музокирот медонист ва таърих гувоҳ аст, ки ҳамин тавр ҳам шуд...

Исматулло Гули ОЛИМ

 

(Идома дорад)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода