Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МАҲБУБААПА-МАҲБУБИ ҲАМАГОН


МАҲБУБААПА-МАҲБУБИ ҲАМАГОН


Ин зани ҳалиму хоксорро  на танҳо дар шаҳраки Ҳулбук, балки дар ноҳияи Восеъ пиру ҷавон мешиносад, иззату эҳтиром менамояд. Ҳар як эҳтирому самимият нисбати шахс асосе дорад. Эҳтиром нисбати апаи Маҳбуба низ чунин аст. Инсони шариф, зани ҳалиму хоксор аст. Ҳеҷ гоҳ бо ҳамсуҳбаташ баланд гап намезанад, суханашро гӯш мекунад, гапи ӯро намебурад.

Апаи Маҳбуба табиб аст, дар беморхонаи маркази ноҳияи Восеъ, ба ҳайси духтур-момодоя фаъолият менамояд. Агар гӯем, ки аксари наврасону ҷавонони ноҳия рӯи дастони ин зани ҳалиму меҳрубон ба дунё омадаанд, муболиға намешавад. Ҳамин аст асоси ҳурмату эҳтироми мардуми ноҳия, ҳамкорону дӯстон нисбати Маҳбуба Бековна.

Тайи 44 сол аст, ки апаи Маҳбуба аз пешаи табибӣ нон мехӯрад, ба мардуми ноҳия хизмати худро мерасонад, вазифаи худро аз сидқи дил иҷро менамояд. Чуноне мегӯянд, ба савганди додааш пурра содиқ мондааст. 

- Кори  назариявӣ дигар асту амалӣ дигар. Таҷрибаи амалӣ дониши назариявиро пурра мекунад,-мегӯяд апаи Маҳбуба. -Ҷавондухтарони мо дониши хуб доранд, танҳо дасти онҳоро ба кор бояд рост кард, тарсу ҳаросро аз дили онҳо берун намуд. Муомилаю муошират, ва ширинзабониро  ба онҳо бояд омӯхт. Ва ин кори хайрест, ки бояд аз тарафи ҳар табиби соҳибтаҷриба ба ҷо оварда шавад. Агар чунин нашавад пас ҷавонон ба кӣ умед банданд?

Апаи Маҳбуба чун апаю хоҳару бародаронаш пайи модар рафта, ҳар яке соҳибкасб гардиданд. Маҳбуба, Ширинмоҳ,  бародаронаш Искандару Ҳасан табиб шуданд, дигар пайвандонаш бошанд, соҳаҳои дигари хоҷагии халқро интихоб карданд. Модари онҳо - апаи Эркамоҳ Ҷӯраева (рӯҳашон шод бод) яке аз занони фаъолу номдори ноҳия буданд. Дар мақомоти хизбиву давлатӣ фаъолият доштанд. Охири фаъолияти кориашон идораи пиллачигии ноҳияро роҳбарӣ мекарданд. 

Маҳбуба соли 1970 баъди хатми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Восеъ ба Донишгоҳи тиббии пойтахт ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил гардида, онро соли 1976 ба поён расонид. 

Бахши интернатураро бошад, дар шаҳри Кӯлоб ба итмом расонида, курси такмили ихтисосиро дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларусия гузаштааст.

Апаи Маҳбуба фаъолияти кориашро соли 1977 дар ноҳияи Восеъ аз духтури момодоя оғоз бахшида, аз соли 1986 то соли 2005 ба ҳайси мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказӣ фаъолият намудааст. Имрӯз, ҳарчанд ба нафақа баромада бошад ҳам, пешаи худро идома дода истодааст. Ҳамчун табиб-мураббии ҷавонон дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия фаъ-олият менамояд. Таҷрибаи хуби зиндагӣ дорад, маслиҳату тавсияҳои некашро аз ҷавонон дареғ намедорад. Ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамояд. На танҳо дар бахши тиб, балки дар бахши зиндагӣ, оиладорӣ ба оилаҳои ҷавон  маслиҳату тавсияҳояшро дареғ намедорад.

-Ёд дорам,-мегӯяд апаи Маҳбуба, - замони шӯравӣ агар носозие байни оилаҳои ҷавон рӯй медод, кормандони ҷамоат, ҳамсояҳо, мӯйсафедону одамони рӯзгордида бо онҳо суҳбат мекарданд, маслиҳату тавсияҳо медоданд, хулоса, дар кори барқарору мустаҳкамшавии оила ёрӣ мерасонданд. Пеши роҳи шикасти оиларо мегирифтанд. Вале имрӯз ин чандон ба назар намерасад. Вақте огоҳ мешаванд, ки аллакай кор аз кор гузаштааст.

Дар ин ҷода худи писару духтар, бояд ҳамдигарро санҷидаву дӯст дошта баъд хонадор шаванд, аз таҷрибаи рӯзгор, аҷдодони худ бархӯрдор бошанду онҳоро пайравӣ намоянд.

Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Мисол меорем, оилаи апаи Маҳбубаро, ки  дар ноҳия аз беҳтарин оилаҳо ба шумор меравад. Шавҳарашон акаи Абдуҷаббор низ табиб-духтури нарколог буда, дар шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунад. Абдуҷаббору Маҳбуба дар вақти  донишҷӯӣ бо ҳам шинос гардида, хонадор шудаанд. Соҳиби чор фарзанд мебошанд. Писаронаш ҳама дорои маълумоти олианд. Писари калонӣ Улуғбек дар мақомоти амниятӣ, Фурқат мураббии варзиш, Абдувалӣ корманди бонк ва духтарашон Эркамоҳ донишҷӯи соли охири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Маҳбуба Бековна барои хизматҳои софдилонааш ба мардум, ҳифзи сиҳатии омма бо чандин ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуда, бо медали «Шафқат» сарфароз гардонида шудааст.

- Аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириашон ва баланд бардоштани мақому мартабаи занон бениҳоят миннатдорам, кӯшиш мекунам, ки ҳамеша ба халқу ватанам хизмат намуда, дар кори ҳифзи саломатии мардум саҳми худро гузорам,- мегӯяд апаи Маҳбуба Исоева.

 

Наҷот САФАРЗОДА,

«ХАТЛОН»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода