Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
«Ширда биё, ҷурғоти хонагӣ , молоко …» – ин садои кӯдакону наврасонест, ки хоби ширини худро бар ивази дарёфти маблағ як сӯ гузошта, субҳ бо ин садо сокинони маркази вилоят – шаҳри Бохтарро бедор месозанд.
Тасмим гирифтам бо чанде аз ин наврасон аз наздик ошно шавам. Пагоҳӣ барвақт ба кӯча баромадам. Чун ҳарвақта садои «ширда биё» оғоз шуд. Ба онҳо наздик шуда, чанд нафари онҳоро ба наздам хонда, пурсон шудам, ки аз куҷоянд?! Бештарашон аз хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониён будаанд. Дар синфи чандум хонданашонро пурсон шудам. Ба суолам саросемавор ҷавоб доданд, ки дар синфҳои 4, 5, 7 мехонанд. Ҳар рӯз то маркази вилоят – шаҳри Бохтар чӣ тавр расида омаданашонро пурсидам. Баробари субҳдам бо дучарха меомадаанд, ҳамин ки маҳсулоташон тамом шуд, зуд ба хонаҳояшон бармегарданд, то ин ки аз дарс дер намонанд.
Гумон мекунам, ки бо ин мавзуъ мудирони бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён кайҳо ошноянд. Мушкили кӯдакону наврасонро нодида гирифтан бетарафӣ нисбат ба тақдири ин қишри ҷомеа мебошад.
Бо заҳмат зиндагӣ намудану маблағ пайдо кардани кӯдакону наврасон аз як ҷиҳат хуб аст.
Чунки онҳо ба корҳои ношоиста вақт наёфта, аз роҳи бад дур мешаванд, ба қадри зиндагӣ мерасанд ва оянда талош менамоянд, ки ҳарчӣ бештар заҳмат кашида, дастнигари касе набошанд. Аммо шунидани ин гуна садоҳо раҳму шафқатро дар қалби ҳар нафар бедор мекунад.
Худ қазоват намоед: наврасе, ки ҳамагӣ 10- 12 сол дорад, дар торикӣ 4-5 километр роҳро бо дучарха тай мекунад, ба шаҳри Бохтар меояд. Дар фасли гармо рафту омад ва корашон дарди бахайр, чунки ҳаво мусоид аст. Вале дар мавсими сармо мушкили зиёде бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад. Шамол, бориши барфу борон, кори онҳоро мушкил карда, ба саломатиашон бетаъсир нахоҳад буд.
Ҳатто шоҳиди воқеае шуда будам, ки рӯзе барф бошиддат меборид ва писарак бо хоҳарчааш дар даромадгоҳи бинои баландошёна дастонашонро бо ҳавли даҳон гарм мекарданд. Марде, сокини бинои баландошёна онҳоро бо таҳқир аз бино берун ронда мегуфт: «Чӣ мекобед дар ин ҷо? Аз дасти шумо хоб ҳам рафта намешавад...» Духтарак аз тарс мегуфт: «Акаҷон, ҷанг накунед, акаам чорум ошёна мебарояд, ман велосипеди ӯро нигоҳбонӣ мекунам ва барои ҳамин ман ҳамроҳаш омадаам. Як маротиба худаш ба боло баромаду то омадан велосипедашро дуздиданд, дигар наёфтем». Баъзеҳо ҳатто раҳм ба ҳоли ин кӯдакону наврасон намекунанд, ки онҳо ҳанӯз хурд ҳастанд, мисли дигар ҳамсолонашон дар ин барвақтии субҳ бояд дар хоби ноз бошанд ва шароити муносиби истироҳату таҳсил дош-та бошанд.
Ба андешаи инҷониб, бояд масъулон кайҳо боз сари ин масъала чораҳо андешанд. Ғамхорӣ нисбати кӯдакону наврасон вазифаи ҳар яки мост. Мо набояд дар ин масъала бетараф бошем.
Бинобар ин, пешниҳод дорам, ки дар назди биноҳои баландошёна, махсусан назди утоқҳои кории раисони маҳаллаҳо нуқтаи махсуси фурӯши маҳсулоти ширӣ ташкил карда шавад, то дар фасли сармо наврасон зери барфу борон намонда, дучори мушкилот нашаванд. Ин тадбир ба сокинони шаҳр низ муфид хоҳад буд, зеро аз ҷойи муайяншуда шир ва маҳсулоти шириро харидорӣ мекунанд.
Боқӣ, қазоват аз Шумо! Масъулини ниҳодҳои дахлдор, собиқадорон, намояндагони ВАО бояд нисбати мушкилоти ҷойдошта чораандешӣ кунем, зеро ояндаи миллат дар дасти насли навраси босаводи ҷомеа мебошад.
Саиди СУФИЁН,
собиқадори меҳнат, шаҳри Бохтар
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.