ТАМАННИЁТИ МАРДҲО
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 139
Аслан, барои модар, умуман барои бонувон чи туҳфаҳое накунем кам асту ба як тори мӯйи сари онҳо намеарзад. Беҳтарин суханҳо, беҳтарин гули рӯйи замин, беҳтарин шеър, беҳтарин суруд, беҳтарин гӯшворҳои баландарзиш ва даҳҳо ашёи дигарро баҳрашон тақдим намоем ба якшаба ранҷе, ки барои фарзанд кашидааст, намеарзад. Дар Рӯзи Модар мо аз мардони касбу кори гуногун зери суоли "Дар ин рӯз ба модар, ҳамсар ва ё хоҳаратон чӣ туҳфа кардан мехоҳед? пурсон шудему ҷавобҳои зайл гирифтем.
Фаррух Назаров, фарматсевт. Фикр мекунам беҳтарин ҳадя ба модар ин суханони аз таҳти дил гуфтаи фарзандаш нисбати ӯ мебошад. Ман ҳар сол ин рӯзро бо шаҳомати хоса ҷашн мегирам. Дар ин рӯз дар хонаи мо ҳамаи бонувон нишаста истироҳат мекунанд ва мо мардҳо бошад, ба ороиши дастархону пухтани оши палов машғул мешавем. Фикр мекунам аз ин дида чизи беҳтаре нест.
Асрор Холов, аксбардор. Ҳар ид ман барои 4 нафар бонуи хонадонам туҳфа мегирам. Аз бозор туҳфаҳои тайёркардаро харидорӣ карда, ба хона мебарам. То туҳфаро ба хона бурдан ҳамсарам хӯрокҳои болаззат омода мекунад, ки ин чиз алакай барои мо одат шудааст. Касбам, ки аксбардорӣ аст, ин дафъа мехоҳам акси оилаамонро як портрети калон тайёр кунаму дар девори хона овезам.
Толибҷон Раҷабов, сокини шаҳри Бохтар. Ин рӯзро хонаводаам бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро дар ин рӯз қариб дар ҳама гӯшаи шаҳр чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегардад. Аз ҳамин хотир, аввал дар ягон ошхона якҷоя хӯрокҳои болаззат тановул мекунему баъдан ба консерт меравем. Бо чунин рафтор метавонем каме ҳам бошад, дили модару ҳамсарамонро шод карда, аз корҳои хонаву ташвишҳои рӯзгор канор гузорем.
Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30