ТАМАННИЁТИ МАРДҲО
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 107
З. Султонов, мутахассиси корхонаи қабули пахта дар ноҳияи Дӯстӣ:
-8 март барои мард рӯзи санҷиш аст. Меҳри ӯ ба зан-модар маҳз дар ҳамин рӯз маълум мегардад. Ман барои завҷаи меҳрубонам як даста гул ва торти дӯстдоштаашро ҳадя мекунам.
Ҳасани Хайём, нафақахӯр, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ:
-соҳиби зани меҳрубону гулдухтарони хушбахт, келинҳои зебо ва набераҳои ширин ҳастам. Дар иди Рӯзи модар ба бонуҳои хонадон матои куртавории атлас туҳфа намуда, барояшон хони идона меороям. Онҳо дар ин рӯз аз ташвиши ошхона озод мешаванд. Зеро ҷойи ман ошхона мешавад. Палави хуштаъм пухта, ба онҳо зиёфат медиҳам.
М. Раҳимов, муҳосиб:
-Дар ин рӯз, албатта, ягон мард дасти холӣ ба хона намеояд. Ба модар, зан ва духтари худ туҳфае меорад. Ман бошам, дар интихоби туҳфа завқи баланд надорам. Аз ин рӯ, ба завҷаам як миқдор маблағ медиҳам, то ӯ табъи дили худ туҳфае бихарад.
Суҳбаторо С. АТТОР
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30