ДАСТИ НАВОЗИШ БА САРИ ЯТИМОН ГУЗОРЕМ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 2 084
Дар солҳои аввали нобасомониҳо дар ноҳияи Ёвон мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим кушода шуд. Он кӯдакони ятиму бесаробонмондаро ба оғӯш гирифт. Кӯдакон сарпарасту нигоҳбони худро дар симои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд.
Сарпарасти муассиса Вазорати кишоварзӣ аз рӯзҳои аввал аз ҳолу аҳволи кӯдакони ятиму бепарастор пайваста хабардор шуда, кӯмакҳои беғаразонаашонро мерасонад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ кумаку дастгирӣ менамояд. Дар арафаи соли нави мелодӣ туҳфа ва маблағҳои пулию молӣ ба кӯдакон расид ва раиси ноҳия коллективи мактаб-интернатро табрик намуд. Дастархони идонаи раиси маҳаллаи шаҳраки Ёвон Файзалӣ Самандаров боиси хурсандии кӯдакони муассиса гардид. Чунин шахсони саховатпеша дар ноҳия зиёданд. Ҳама вақт кумаки онҳо ба кӯдакони муассиса мерасад. Р. Бобохонов, Д. Ҷӯраев, Н.Ҳамдамов аз хоҷагии деҳқонии “Нашира”, шуъбаи маориф, Ҷамоати шаҳраки “Ёвон” кумаки беғаразонаи худро ба кӯдакони муассиса мерасонанд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ 185 нафар хонандагони дар синфҳои 1 ва 11-ро ба оғӯш гирифт, ки дар қатори онҳо духтарон низ мебошанд. Ятимони кулл, кӯдакони аз навозиши падару модар бо сабабҳои гуногун дурмонда ба мактаб - интернат ҷалб карда шудаанд. Болои сари онҳо доимо дасти пурнавозиши Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳис карда мешавад. 26 нафар омӯзгорон ва мураббиён шабонарӯзӣ ба кӯдакон бо меҳру ихлос таълиму тарбия медиҳанд. Меҳнати омӯзгорону донишандӯзии тарбиятгирандагон барабас намеравад. Дар соли хониши 2019-2020-ум 2 нафар хатмкунандагони синфи 9 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва аз 6 нафар хонандагони синфи 11-ум 2 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 4 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дохил шуданд.
Таълимгирандагони мактаб-интернат С. Маҳмудов ва Л. Давлатова гирандагони Стипендияи раиси ноҳияанд. Тарбиятгирандагони мо, ҳамчунин, дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд ва соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ», ки кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросим ташкил карда буд, кадбонуҳои коллективи муассиса сазовори ҷойи якум гаштанд.
Ҳайати омӯзгорони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар соли таҳсили 2020-2021 ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро бо баҳои хубу аъло пешвоз мегиранд. Барои ин мо имкониятҳои васеъ дорем. Умед дорем, ки дар соли ҷашни соҳибистиқлолӣ шумораи саховатмандон зиёд мегардад, дасту дили пур аз саховаташон сари ятимонро сила мекунад, то онҳо ятимии худро эҳсос насозанд.
Нуқра Ҳасенова,
директори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
4-02-2021, 00:39