МАРКАЗИ БУҲРОНИИ «ҒАМХОРӢ»-ҲИМОЯТГАР ВА ПАНОГОҲИ ЗАНОНИ ҶАБРДИДА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 04 феврал, Бахш: Дигар матолиб, Боздид 1 588
Масъалаи зӯроварӣ дар оила дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун мушкилоти мубрам боқӣ мемонад. Низоъҳо ва нофаҳмиҳо дар тамоми самтҳои муоширати одамон мавҷуданд ва ногузир қисми таркибии муоширати байни одамон мебошанд. Агар низоъҳо дар ҷомеа амали ҷоиз бошад, зӯроварӣ дар оила амали ғайриқонунии ғайри қобили қабул ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷудо кардани ин ду мафҳум ва дарк кардани он муҳим аст, ки зӯроварӣ дар оила тибқи қонун манъ аст ва шахсони амали зӯровариро содирнамуда, барои амалҳои худ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноӣ, вобаста ба вазнинии амалҳои содиршуда кашида мешаванд. Тадқиқоти дар доираи лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” (PDV), ки бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария, ки аз ҷониби Филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали соли 2019 амалӣ карда шуд, дар суҳбат бо занони шавҳардор - мардон 18 -49-сола аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нишон дод, ки 49,2% занони пурсидашуда дар давоми солҳои охир ҳадди аққал як намуди зӯроварии ҷисмониро аз сар гузаронидаанд, дар муқоиса бо 3,7% мардони ҷабрдида. Ҳарчанд бархе аз коршиносон дар солҳои охир афзоиши шумораи мардони ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оиларо қайд кардаанд, аммо аксарияти ҷабрдидагон ва барои кумак муроҷиаткунандагонро занон ташкил медиҳанд. Ҳамин тадқиқот нишон дод, ки 28,3% занон дар натиҷаи амалҳои зӯроварӣ аз тарафи шавҳаронашон ҷароҳат бардоштаанд, дар ҳоле ки ҳеҷ яке аз мардони ҷабрдидаи пурсидашуда осеби ҷисмонӣ надидаанд. Асосан, нисбати мардон зӯроварии равонӣ содир карда мешавад, дар ҳоле ки занон аз ҳамаи намудҳои зӯроварӣ дар оила осебпазиранд.
Зиёда аз 15 сол мешавад, ки дар доираи лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” (PDV) Маркази бӯҳронии «Ғамхорӣ» дар ш. Бохтар фаъолият мекунад ва ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила кумак расонида, онҳоро ҳимоят мекунад. Соли 2016 дар назди Маркази буҳронӣ, Маркази дастгирии занон, ки дар он ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила паноҳгоҳи муваққатӣ (бо имконияти то 28 рӯз зистанро дорад), кушода шуд.
Дар соли 2020 мутахассисони Маркази буҳронӣ ба ҷабрдидогони зӯроварӣ дар оила 3704 машварат, аз ҷумла дастгирии ҳуқуқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва хизматҳо барои ҳимоя манфиатҳои ҷабрдидаро дар суд пешниҳод карданд. Инчунин, дар давоми соли гузашта, 24 зан ва 38 нафар фарзандони онҳо дар паноҳгоҳ ҷойгир карда шуданд.
Дар фаъолияти худ МБ "Ғамхорӣ" бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсат ва шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, шӯъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ бомуваффақият ҳамкорӣ мекунад. Яке аз намунаҳои кори муштараки Маркази буҳронӣ ва сохторҳои давлатӣ қазияи маъюби гурӯҳи 2 Чамангул мебошад. Дар синни 9-солагӣ вай ятим мемонад ва хешовандонаш ӯро барвақт хонадор карданд. Вақте ки волидони шавҳараш вафот карданд, оилаи ҷавон бесарпаноҳ монда, дар вагончаи назди майдони гандум зиндагӣ мекарданд. Шавҳари Чамангул зуд-зуд ӯро мезад, ки дар натиҷа вай бо кӯдаки ширхӯраи худ ба Маркази буҳронии “Ғамхорӣ” муроҷиат кард. Дар он ҳолат ӯро дар маркази дастгирии занон ҷой доданд ва ба ӯ барои мубориза бо ҳаяҷон (депрессия) ва инчунин дар нигоҳубини кӯдак дастгирӣ намуданд. Бо ӯ равоншиносон, корманди тиб ва ҳуқуқшинос кор карданд. Пас аз 28 рӯзи дар Марказ будан, мутахассисон бо шавҳари ӯ вохӯрданд ва бо ӯ сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд, пас ӯ бо шавҳараш ба хонаи падарӣ, ки аз падараш мерос монда буд, баргашт. Аммо, пас аз чанд сол, ӯ дубора ба марказ муроҷиат кард, зеро моиндараш нисбати ӯ зӯроварӣ намуда ӯро бо кӯдакаш ба кӯча ронд. Дар марказ, Чамангул боз як барномаи офиятбахширо бо мутахассисон гузашт ва инчунин ба ӯ дар гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва дуруст намудани саломатии фарзандаш низ кӯмак расониданд. Мутахассисони маркази бӯҳронии “Ғамхорӣ” бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамос гирифтанд ва дар натиҷа бо дастгирии раиси вилояти Хатлон зан соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ гардид.
Дар МБ «Ғамхорӣ» «Телефони доимоамалкунанда» бо рақамҳои 8(3222)-2-78-79 амал мекунад, ки тавассути он ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила метавонанд машварати муассири ҳуқуқӣ ва дастгирии равониро ба тариқи ройгон гиранд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04