Ҳаёти ҳаррӯзаи ҷӯгиҳо
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 119
---Мавзӯи рӯз---
ҶӮГИҲО: "ПУЛ ДЕҲ", МАРДУМ: "ПУЛ НАДОРАМ"
Ё чӣ гуна бо ҷӯгиҳо муноисбат кунем?
"Садақа диҳед, додарҷон", "балам, як сомон деҳ", "модари бемор дорам, пул диҳед", "Э, акаҷон сум те", "Биё, фолат бинаму ҳолат кушоям, ҳаётата нағз мекунам!", "Духтарат бахташ бастагӣ, биё онро кушоям". Ин суханонро ҳар рӯз, сари ҳар қадам аз ҷӯгиҳои талбанда мешунаваму як латифа ба хотирам меояд, ки чунин аст: "Лӯлизане мегӯяд: Ако, садақа диҳед, фол кушода, ҳаётатона нағз мекунам". Дар ҷавоб мард мегӯяд: "Пас чаро ҳаёти худата нағз накардӣ!?".
Вақтҳои охир дар кӯчаву бозор шумораи талбандаҳо хусусан, ҷӯгиҳо аз ҳад зиёд ба чашм мерасанд. Шаҳрвандон аз он дар ташвишанд, ки муносибати лӯлиҳо, хусусан, лӯлибачаҳо хуб нест ва бо онҳо чи гуна муносибат карданашонро намедонанд. Суоли баррасикунанда ин аст: муносибати ҷӯгиҳо бо ҷомеа ва муносибати ҷомеа бо ҷӯгиҳо чӣ гуна аст?
Маъмулан ҷӯгиҳоро бештар дар бозору кӯча, назди дарвозаи донишгоҳу факултаҳо, дари масҷидҳо, боғҳои фароғатӣ ва мағозаву супермаркетҳо дидан мумкин аст, чун медонанд, ки аз байни онҳо ягон нафар "хайрхоҳ" мебарояд. Ҳатто агар диданд, ки шахс сару либоси зебо пӯшида, хушандом аст, аз дастону пойҳояш дошта, то "садақа" гирифтан онҳоро ба ҳолашон намемонанд.
-Рӯзе ҳамроҳи дӯстдухтарам мерфтем, ки се нафар лӯлибача сари роҳи моро гирифта, садақаи пул талаб карданд. Пули майда надоштам. Онҳо пойҳоямро маҳкам дошта буданд, ки ҳатто аз ҷоям ҷунбида наметавонистам. Ноилоҷ 20 сомониамро майда карда, ба онҳо додам,-мегӯяд Сироҷиддини Файзалиев.-Мушкилӣ дар пул додан нест, аммо дар роҳ ва он ҳам дар назди дӯстдошта бисёр айб аст. Ҳатто ҳолатҳое шудааст, ки дар қаҳвахонаҳо даромада, ё пул талаб мекунанд ё таом, ва таъбатон хира гардида, иштиҳоятон баста мешавад. Чаро масъулини ин марказҳо барои ба ҷойҳои хӯрохӯрӣ даромадан иҷозат медиҳанд?,-афзуд ӯ.
Ин гуфтаҳо мавзӯъро то ҷойе ба баҳс мебарад. Зеро шаҳрвандон намехоҳанд, лӯлиҳо ба онҳо чунин муносибати дағалона кунанду таъбашонро хира. Барои коҳиш додани шумораи онҳо чӣ кор бояд кард?
Аксарияти ҷавонон аз он норозианд, ки дар назди дӯстдоштаҳояшон ба вазъияти ногуовор меафтанду бо ҳар сухани ноҷо онҳоро хиҷолатзада мегардонанд.
-Ҳар саҳар аз барои дарёфти пул назди марказҳои хизматрасонӣ меравам,-дар суҳбат ба ман "дарди дил" кард Муҳаммад Саидов, ҷӯгибачаи 13-сола, ки худро чунин муаррифӣ кард.- Агар дар як рӯз 100 сомонӣ кор накунам, дар хона маро бобову момоям роҳ намедиҳанд. Аз ҳамин хотир аз субҳи барвақт баромада то бегоҳ талбандагӣ мекунам. Дар кӯдакиам модарам ба дигар ҷой шавҳар карда рафтааст. Мехоҳам мактаб равам, аммо намедонам аз кадом сабаб бошад, ки момоям намегузорад, то ба мактаб рафта хату савод омӯзам,-бо чеҳраи маъюс мегуфт Муҳаммад.
Борҳо шоҳид шудаем, ки лӯлибачаҳо ё бе пойафзол ба бозорҳо мебароянд ё худ бо пероҳани тунук, то мардум ҳоли онҳоро дидаву раҳм карда, садақа диҳанд,. Шояд хонандаи ин сатрҳо андешанд, ки онҳо худро махсус ба ҳамин ҳол андозанд. Аммо ҳамсуҳбати мо Муҳаммад чунин баён дошт: "Ҳамаи пулҳои кор мекардаамро хона бурда, ба момоям медиҳам. Гарчанде либоси тунук дорам, аммо боре ҳам нашудааст дар фасли зимистон либоси гарм ба ману додарчаҳоям харида бошанд".
Ҳатто ӯ боре аз хунукиҳои сахти фасли сармо бемор шуда, қариб як моҳ дар беморхона хоб кардааст. Ба гуфти Муҳаммад барои муолиҷа момояш 2000 сомонӣ маблағ сарф кардааст.
Ин қатраест аз ҳаёти лӯлиҳо. Яке зиндагии ҳаёти хуб доранд, дигаре ҳаёти талх. Дар баробари ҳамаи ин дар байнашон ҳастанд нафароне, ки воқеан ҳам бадрафтору бадкирдоранд ва бо муносибати бад ба иззати нафси атрофиён мерасанд...
Нисфирӯзӣ буд. Ба донишгоҳ наздик шудам. Дар назди панҷараҳои донишгоҳ писараки хурдакаке бо суръати тез медавид. Аз наздик дидам, ки ӯ лӯлибача будаасту аз қафояш донишҷӯписаре дунболигирӣ мекард. Донишҷӯ лӯлибачаро бо як азоб дошт ва ба рӯяш ду-се шаппотӣ зада, ба насиҳат кардан даромад. Сабаби амали донишҷӯро пурсон шудам ва ӯ дар ҷавоб гуфт: "Аз ман пул талаб карда, аз пойҳоям маҳкам дошт. Аммо пул надоштам. Ӯ бошад, маро сар доду каме дуртар рафта, даштному таҳқир кард, ки ба забон оварданаш ҷоиз нест. Дар назди бисёре аз ҳамкурсону дӯстонам шарм доштам. Пас бигӯ, бояд чӣ кор мекардам?".
Чунин иттифоқафтӣ бо лӯлиҳо хеле нигароникунанда мебошад, Зеро барои онҳо айни ҳол ҳама кор ба қавле "мумкин" асту касе назорати онҳоро бар дӯш надорад. Дар арафаи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба кишвари мо аз давлатҳои хориҷа меҳмонон-сайёҳон зиёд меоянд ва онҳо ба "ҳуҷуми" лӯлибачаҳо афтанд чӣ кор мекунанд?
Фараҳноз Набиева мегӯяд: "Як хислати онҳо бароям писанд нест. Омада сари роҳатро гирифта, пул металабанд. Агар пул диҳем боз аз ҳамроҳам пул мепурсанд. Як чизи бароям аҷиб ин аст, ки кӯдаки хурдсоли маъюб дар роҳ нишаста бо овози ширини кӯдакӣ талбандагӣ мекард. Касе ӯро медид, раҳмаш омада, ҳатман ба ӯ пул медод. Ногоҳ чашмам ба падару модари он кӯдак афтод, ки дар дохили мошини "опел" нишаста, фарзандашонро назорат мекарданд. Каме баъдтар онҳо бо мошин омада, кӯдакро ҳамроҳашон гирифта рафтанд. Инро бо чашмонам дида, нафратам нисбати лӯлиҳо даҳчанд гардид, ки наход писараки хурдсоли маъюбро дар сари роҳ ба талбандагӣ гузоранду худ назорат кунанд".
Фараҳноз мехоҳад, ки лӯлиҳои талбанда аз тарафи ниҳодҳои марбута назорат карда шавад. Зеро агар ҳамин ҳол давом додан гирад, фарҳангу маданияти миллати тоҷик паст мешавад ва ҳусни шаҳрро коста меёбад.
Ҳамсуҳбати дигари мо Сурайёи Восит чунин изҳор дошт: "Ба лӯлибачаҳо раҳмам меояд. Зеро дар ҳавои сарди зимистонӣ ва он ҳам бо як куртаи тобистона дар рӯйи семент нишаста, сӯйи раҳгузарон даст дароз мекунанд ва аз онҳо пул металабанд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо маро ғам мегирад. Чунки чизи дар дастам бударо кашида мегиранд. Ҳатто ба ҷузвдонам даст дароз мекунанд".
Мушоҳида мешавад, ки шумораи талбандаҳо рӯз ба рӯз дар бозору назди хонаҳо зиёд мешавад. Пас, чӣ бояд кард? Посухи ин суолро ба ниҳодҳои марбута ҳавола мекунему натиҷаашро мебинем.
Фирдавс УМАРОВ, "Хатлон"
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
4-02-2021, 00:39