Шӯхиҳои Аловуддин дар дилу дидаҳо боқӣ монд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 621
Файласуфи шаҳир Ошо гуфтааст: «Бештар ханда карданро ёд бигиред. Ханда ҳам монанди ибодат муқаддас аст». Ин нуктаро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон зиндаёд Аловуддин Абдуллозода, бе ягон тардид, сармашқи кору рӯзгори ҳаррӯзааш намуда, бо шӯхиҳои намакин ва созандааш дар муддати кӯтоҳ, вале ба таври ҷовидона дар дилу дидаи хурду бузурги кишварамон ва хориҷ аз он маъво гирифт…
Бо Аловуддин бори аввал моҳи майи соли 2007 шиносоӣ пайдо кардем. Ҳамроҳи коргардони кинои тоҷик Сафар Ҳақдодов барои наворгирии филми ҳуҷҷатӣ ба муносибати 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ноҳияҳои ВМКБ омада буд ва тайи чанд рӯзи будубошаш дар Рӯшон ӯро ҳамроҳӣ намудем. Он замон шуҳрату маҳбубияташ мисли имрӯза набуд, вале мардум ӯро ҳамчун ҳунарманди ширинкор аз тариқи барномаҳои телевизинӣ мешинохтанд. Лаҳзаҳои зиёди аҷибу хотирмоне аз он айём дорем, ки дар ин матлаб намеғунҷад.
Маротибаи дуюм дидори мо бо Аловуддини аллакай машҳуру маҳбуби ҳамагоншуда баъди ҳашт сол ба вуқӯъ пайваст. Моҳи декабри соли 2015 дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи мудҳиш сар зад, ки маркази он дар ҳудуди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон буд. Бар асари ин даҳшати табиӣ даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинони Ҷамоати деҳоти «Савноб» пурра ё қисман валангор гардид. Бо кумаки фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Рӯшон садҳо осебдидагон тавассути нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ (чархболҳо) оҷилан ба маркази ноҳия интиқол дода, дар хонаҳои мардум ва идораву муассисаҳои давлатӣ бо анвои ғизо, либосу палос, сӯзишворӣ ва дигар ҷиҳози рӯзгор таъмин шуданд…
Ана, дар чунин лаҳзаҳои ҳассос, дар яке аз рӯзҳои моҳи декабри соли 2015 сафари ҳунарии Аловуддин бо намоишномаи «Девори нанг» ба ноҳияи Рӯшон иттифоқ афтод. Ба қавли як зарофатгӯ, аз лиҳози вақту замон «не до шутка» буд, зеро роҳбарияти марказу вилоят ва ноҳия он рӯзҳои вазнин дар водии Бартанг қарор доштанд. Болои сӯхта намакоб, автомашинаи ШКВД-и ноҳияи Рӯшон ба садама дучор гардида, боиси талафоти ҷонӣ ва моддӣ шуд. Аз ин рӯ, истиқболу гусели меҳмонони ҳунарманди гурӯҳи Аловуддинро ба зиммаи мокормандони рӯзномаи ноҳиявии «Пайғоми Рӯшон» вогузоштанд. Тасмим гирифта шуд, ки намоишнома на дар толори Қасри фарҳанг, балки дар Хонаи фарҳанги яке аз рустоҳои калонтарин ва ба маркази ноҳия наздик деҳаи Дерзуд (зодгоҳи ҳунармандони шуҳратёри театр ва кинои кишвар Хушназар Майбалиев ва Шералӣ Абдулқайсов) баргузор гардад.
Эълони намоишнома дар як рӯз барқвор аз даҳон ба даҳони сокинони деҳоти дуру наздики ноҳия расид. Ҳатто зарардидагони заминларза, ки дар синфхонаҳои бинои мактаби деҳа навакак ҷо ба ҷо шуда буданд, бо шунидани номи Аловуддин, ба мушкилоти ба сарашон омада нигоҳ накарда, ба Хонаи фарҳанг мешитофтанд. Одатан, дар фасли қаҳратуни зимистони Помир клубу хонаҳои фарҳанг сарду камодам ё ҳатто беодам ҳастанд, вале он рӯз дар толор, ба қавле «ҷойи сӯзанзанӣ» набуд ва аз ҳунари Аловуддин дилҳо гарм ва саршор аз шодию нишот шуданд.
Тамошобини сершумор ҳазлу шӯхиҳои навбатии Аловуддинро интизорӣ мекашиданд. «Девори нанг» асари мазҳакавӣ набуд, вале ҳунару истеъдоди фавқулодаи ин ҳунарманди беназир дар ҳамон лаҳзаю соат ҷисму ҷон ва ҳушу ёди тамошобинонро гӯиё афсун намуд. Ба толор нигариста, осори дилшодию умедвориро дар чеҳраи ҳар якашон баръало мушоҳида мекардем.
Дар фарҷоми намоишнома яке аз осебдидагони зилзила ба саҳна баромада, чунин арз дошт: «Соли 1943 шаҳри Сталинград дар муҳосира буд. Аз қаҳтию гуруснагӣ ҳар рӯз даҳҳо нафар ҳалок мешуданд, вале дар рӯзномаи як афсари баландрутбаи немис чунин сатрҳо сабт шуданд: «Русҳо ё девона шудаанд, ё рӯҳи бешикаст доранд, ки дар варзишгоҳи Маскав мусобиқаи футбол мегузаронанд». Ва бо ифтихор изофа кард, ки иқдоми бародари гиромиамон Аловуддин низ бо аҳли ҳунараш шоистаи таҳсин аст, ки мо-зарардидагонро бо беҳтарин дорую дармон, яъне сухан таскину рӯҳбаландӣ бахшид».
Тамошобинон баъди ҷамъбасти ҳунарнамоӣ низ ин чеҳраи мондагорро дар саҳни Хонаи фарҳанг иҳота карда, таҳсину офарин мехонданд, ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Аловуддин бошад, бо табассуми ба худаш хос ва камоли хоксорӣ изҳори сипос мекард ва «насиб, насиб» мегуфт.
Ин магар кам буд, ки нафаре аз дур садо баланд кард: «Аловуддин, ними ҷаҳонро гашта, ба Боми ҷаҳон омадӣ. Аз сардӣ наметарсӣ ё ягон чизатро дар ин ҷо гум кардаӣ?» Ҷониби садо нигоҳ кардем - гӯянда як шахси мубталои касалии руҳӣ буд. Боз аз меҳмон узр пурсидем ва касе аз мухлисон нимшӯхию нимҷиддӣ хитоб кард: «Бародари Аловуддин, Шумо ба дил нагиред. Дидед, ки дар Бадахшон Шуморо ҳам масту ҳам девона мешиносанд ва дӯст медоранд». Аз ин ҳозирҷавобӣ ҳамагон завқ бурдем.
Дар суфаи хонаи суннатӣ бо ҳам як пораи нон ва армон шикастем. Аловуддину ҳамкоронаш аз тамошои санъати меъмории хонаи урфии помирӣ, ки намунаи фарҳанги бостонии чандинҳазорсолаи ориёӣ аст, як ҷаҳон лаззат бурданд. Суҳбат сари дастархон тафсид. Аз сулҳу салоҳ, иттиҳоду бародарӣ, арзишҳои миллӣ, ҳувияту худшиносӣ, санъату ҳунар, шеъру шоирӣ ва албатта, аз қудрату сеҳри мазҳака сухан рафт. Нафаре аз табақи мағзу мавиз донаи санҷидро гирифта, пурсид, ки онро ба русӣ чӣ мегӯянд. Ҳамагон хомӯш монданд. Ниҳоят нафаре садо баланд кард: «Бародарон, забони русӣ забонест, ки агар аз аввалаш ҳозир набошӣ, он тарафашро нааа-ме-донӣ!» Аз ин ибораи машҳури яке аз шӯхиҳои Аловуддин ҳамагон мавҷи хандаро сар доданд.
Аловуддин ба суҳбат кам ҳамроҳ мешуд ва бештар мушоҳидакорона ва бодиққат гӯшу ҳуш мешуд ва бо эҳтиром сухани ҳар як мусоҳибро тасдиқ мекард. Яке аз байни мо пурсид:
- Устод, чаро Шумо аз Бохтар ба марказ - шаҳри Душанбе намеоед? Саҳнаи ҷавлони ҳунари нотакроратон театрҳои пойтахтамон ҳастанд.
Ба ҷойи Аловуддин ҳамнишини паҳлуямон шӯхиомез посух дод: - Русҳо як мақоли хуб доранд: «Лучше быть Иван Иванович в селе, чем Ванька в городе».
Аловуддин аз ин ҳикмат ба завқ омад ва гуфт, ки «ана, ин шоҳгуфторро дар блокнотам менависам». Вақт талаб мекард, ки хайру хуш кунем, вале дил намехост, ки ин суҳбати дилнишин хотима ёбад.
Қаҳрамон Оламҷонов, ки он замон мудири бахши фарҳанги ноҳия буд, баъди изҳори суханони самимона ба меҳмонон хулоса кард: «Медонумаш ҳамин, ки Шумо, устоди азиз, Аловуддин, дар ҷодаи ҳунар марди фарди замонед ва намедонумаш ҳамин, ки кай ва кӣ ба Шумо ҳамсон шуда метавонад». (Ин нукта низ ишора ба шӯхиҳои Алувуддин аст, ки гуфта буд: «Медонумаш ҳамин, ки ягон рӯз ман мемурам, вале намедонумаш ҳамин, ки кай мемурам»).
Мактаби ҳунарӣ ва эҷодиёти ин нобиға бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш мунтазири таҳлилу таҳқиқоти коршиносон аст, ки мутмаинем, дер ё зуд ҷараён хоҳад гирифт.
Аловуддин акнун дар олами улвӣ бо ҳунари беназираш ба фариштагон табассуму шодиро тақдим медорад. Ва мо-ҳамватанонашро бошад, ҳар субҳу шом бо ёдгории беназираш - силсилабарномаи телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин”, ки шомили хазинаи тиллоии телевизиони кишваранд, дар ҳоле ки ашк гулӯгирамон аст, моили табассум, дилгарми зиндагӣ, умед ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар ва даъват ба ваҳдату ватандӯстӣ мекунад. Таманно дорем, ки Худованд роҳати рӯҳ ва ободии манзили охиратро барояш муҳайё созад.
Бешубҳа, ин ҳунарманди фақид бо истеъдоди фавқулодааш дар радифи мақому мартабаи баланде қарор дорад, ки Макс Линдер, Чарли Чаплин, Аркадий Райкин, Геннадий Хазанов, Владимир Винокур ва дигар ширинкорону базлагӯёни машҳури олам ҷой гирифтаанд. Муҷиби ифтихору шодмонист, ки барои абадӣ гардондани номи неки ин ситораи пурҷилотарини осмони санъати Тоҷикистон Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номаш гузошта шудааст.
Меарзад, ки барояш муҷассама бо маҷмааи қаҳрамонони «шӯхиҳояш» гузошта рӯзи 17 феврал, рӯзе ки марги нобаҳангоми ӯ барқвор тамоми кишварро фаро гирифта, ҳамагонро мотамзада кард, ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ёдбуди Аловуддин” пос дошта шавад.
Ин шеъргунаи шогирдона шаммае аз меҳру эҳтироми беандозаамон нисбат ба Аловуддини зиндаёд аст:
Ту дилу ҷони ҳама, ҷони ҳама дар дили ту,
Гарму ширину малеҳ ҳар сухану маҳфили ту.
Сад рақам ҳарф задӣ, лек будӣ фарди замон,
Номи некат бувадо ҳадяву ҳам ҳосили ту.
Мо надонем нафаре мисли ту одию наку,
Ба сафи аҳли хирад бо ҳунарат шомилӣ ту.
Феълу хӯйи ҳама тасвир кунӣ ранг ба ранг,
Дар адои ҳама кор мунфаилу фоилӣ ту.
Ҳамагӣ мунтазири шӯхии созанда будем,
Чӣ кунем, маргу аҷал зуд бишуд қотили ту.
Меҳри ту дар дили мо, рӯҳи ту дар хулди барин,
Поку осудаву обод бувад манзили ту.
Гарчӣ рафтӣ зи бару дидаи мо сӯйи само,
Дар дили халқи Ватан то ба абад комилӣ ту.
Пайшанбе ДАВЛАТОВ,
Лутфишо ҚИ МАТШОЕВ,
аз ноҳияи Рӯшони ВМКБ,
махсус барои
рӯзномаи “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00