Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » CAFA-2023. МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ЗАНОНАИ ТОҶИКИСТОН ҶОЙИ СЕЮМРО ИШҒОЛ КАРД


CAFA-2023. МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ЗАНОНАИ ТОҶИКИСТОН ҶОЙИ СЕЮМРО ИШҒОЛ КАРД



Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд ҷараён дошт, медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.


Дубли Карина Мирзоева, голҳои Ҷонона Қурбонова ва Некубахт Худододова пирӯзии дастаи моро бар тими Қирғизистон таъмин карданд.


Мавриди зикр аст, ки дар бозии ҳалкунандаи мусобиқа дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон бо ҳам вомехӯранд. Ғолиби ин ҷуфт медалҳои тиллоро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занона ба даст меорад.


“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода