Хоразми бузург - ватани Берунӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 604
Дар оғози гуфтор ёдрас мешавем, ки “Ал-Осору-л-боқия мин-ал-қуруни-л-холия” ном шоҳасари Берунӣ, ки мухтасаран “Осор-ул-боқия” меноманд, ба тоҷикии ноб (порсии дарӣ) – “Ёдгори мондагор аз асрҳои гузашта” тарҷума мешавад, ки дар шакли кутоҳ мебоист “Ёдгори мондагор” тарҷума кард.
Абурайҳони Берунӣ дар ҳамин асараш хоразмиёну суғдиёнро эрониаслон меномад, ки сад дар сад дуруст аст. Аслан Ватани бумии тоҷикон – Хуросони бузург, ки фарогири сарзамини паҳноваре аз Ироқи Аҷам то Хоразми бостонӣ буд, ба шумор меравад.
Агар аз лиҳози таърихӣ нигоҳ кунем, то асри XIX (замони салтанати шоҳони ноуҳдабарои туркнажоди қоҷор) ҳатто Гурҷистону Арманистон, Озарбойҷону Доғистон ва Қафқоз шомили Эрон буданд. Албатта, таърих пайкорҳои худро дорад ва дирӯз барои имрӯз аллакай таърих аст.
Дар мавриди эронитабории хеш ҳамчун хоразмӣ, ки суғдиён низ аз он таборанд, худи Берунӣ дар мавриди солшумории хоразмиён чунин гӯяд: “...аҳли Хоразм агарчӣ шохае аз боғистон ва шохоби дарёи порсиён будаанд, вале дар оғози сол ба аҳли Суғд ва дар вазъи илҳоқи зоид тарафдор будаанд”. Ибораи “илҳоқи зоид” дар илми ҳайатшиносӣ дар мавриди тақвимсозӣ маънои изофа ё замима кардани соатҳои ҳосилшуда дар солшумории тропикӣ (хуршедӣ) байни ду эътидоли баҳорӣ мебошад, ки ин дигар ҷиҳати масъала аст.
Худи вожаи “Хоразм” ҳам ҳамчун ватани бузурги Абурайҳони Берунӣ дар забони авестоӣ ба шакли Xvairizem, дар забони порсии тоҷикӣ خوارزم ҳамчун “замини офтобӣ (“хуршедзамин”)”, “замини серҳосил” ва “пастзамин” маънидод мешавад.
Хоразм аз қадимтарин давлати эронӣ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад, ки аз замонҳои қадим дар ин сарзамин мардуми бумии эронинажод зиндагӣ мекарданд.
Дар мавриди ибораи “Осиёи Миёна” бояд гуфт, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, мутаассифона, ба ҷои ибораи “Осиёи Миёна” ибораи “Осиёи Марказӣ” вирди забонҳо шуд, ки нодуруст аст. Албатта, ин ҳолат ҷузъе аз сиёсати фурӯпошии СССР буд. Зеро аз лиҳози ҷуғрофӣ ибораҳои Осиёи Миёна, Осиёи сағир, Осиёи ҷанубу шарқӣ, Осиёи ҷанубу ғарбӣ, Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд, ки ҳар як кишварҳои алоҳидаро дар бар мегиранд. Масалан, тибқи муайянсозии ЮНЕСКО ба Осиёи Марказӣ кишварҳои Муғулистон, қисмати шимолу ғарбии Чин, Тибет ва қисмати осиёии Русия дохил мешаванд.
Осиёи ҷанубу шарқӣ – кишварҳои Мянма, Индонезия, Малайзия, Таиланд, Камбоҷа, Бруней, Ветнам, Филиппин, Лаос, Сингапур ва Осиёи Ҷанубу ғарбӣ – кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Исроил, Иордания, Ироқ, Эрон, Яман, Қамар, Кувейт, Лубнон, Аморати муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Сурия, як қисми Гурҷистон, як қисми Туркия, як қисми Мисрро дар бар мегиранд.
Ба Осиёи Миёна ҳамчун минтақаи қадимии бомаданият ҷумҳуриҳои имрӯзаи Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон ва як қисми Қазоқистон дохил мешаванд.
Ватани бузурги Берунӣ – Осиёи Миёна, ки дар тӯли ҳаёташ дар он минтақа, на Осиёи Марказӣ (Муғулистону Чин) сафарҳо кардааст, ба шумор меравад ва дақиқан аз Хоразми бостонӣ, ки ҳоло як қисми он дар Ҷумҳурии Узбекистон ва як қисми дигараш дар Ҷумҳурии Туркманистон дохил аст, мебошад.
Ин кишвари офтобӣ ҳамчун ватани ниёгони тоҷикон дар дарозои таърих се зарбаи мудҳишро аз сар гузаронида, ҳоло қариб ки аз тоҷикият чизе намонда бошад. Ин се зарбаи мудҳиш: аввал зарбаи сарлашкари араб бо номи Қутайба ибни Муслим, бори якум соли 712 ва бори дуюм соли 714 Хоразмро забт кард ва бино бар гуфтори худи Абурайҳони Берунӣ дар “Ёдгори мондагор” – “ҳар касеро, ки хатти хоразмӣ медонист ва аз ахборашон хабардор буд, ҳамчунин онҳоеро, ки ахбору иттилоот миёни худ тадрис мекарданд, аз дами шамшер гузаронд. Бад-ин сабаб ахбори Хоразм тавре пӯшида монд, ки пас аз ислом амешавад онро донист”. Зарбаи дуюм ба пайкараи Хоразми бостонӣ аз тарафи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва зарбаи сеюми ҳалокатбор аз тарафи яке аз хуношомтарин чеҳраи таърих – Чингизхон зада шуд, ки чун ӯ то ҳанӯз инсоният надидаасту Худо кунад, ки ҳеч гоҳ набинад.
Агарчанде мардуми бумии Хоразм қатл шуданд ва ё фирор кардаанд, аммо баъзе вожагони ноби он забон, ба монанди “дукорда” ба ҷои “қайчӣ”, номҳои ҷуғрофӣ ба монанди “Ҳазорасп”, худи номи “Хоразм” ва ғайра то имрӯз боқӣ мондаанд.
Бояд гуфт, ки лақаби “Берунӣ” ҳам сирф вожаи тоҷикӣ (порсии дарӣ) буда, муқобилмаънои “дарунӣ”, “дохилӣ”, ба маънои “ғайри худӣ” истифода мешавад. Як нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки то имрӯз, баъди беш аз даҳ асри замони Берунӣ дар яке аз шаҳрҳои қадимаву зебои тоҷикӣ, мулаққаб ба арӯси шаҳрҳо ва тирози ҷаҳон – Хуҷанд, ки васфи зебоии шаҳру ширингуфтории мардумаш дар сарчашмаҳое ба монанди “Ҳудуд-ул-олам” ва ғайра сабт шудааст, нисбати мардуми аз беруномада вожаи “берунӣ”-ро истифода мекунанд.
Ватани кӯчак ва зодгоҳи Берунӣ мавзее берун аз шаҳри Кос мебошад. Абурайҳон Муҳаммад писари Аҳмад дар мавзее наздик ба шаҳри Кос зода шудааст ва аз ҳамин сабаб ба номи пурраи ӯ лақаби «Берунӣ»- ро сазовор донистаанд. Вожаи “Кос” ( كاث ), ки баъзан бо иллати монандии ҳарфи “с”-и муллас ( ث) бо “т” ت) ) ва ё норӯшании як нуқтаи ҳарфи “с” иштибоҳан “Кот” ( كات ) хондаанд ва боз дар шакли бештари таҳрифшудаи русӣ “Кят” ҳам навиштаанд, дар баробари вожаи “Хоразм” ( خوارزم ) дар сарчашмаҳо ҳанӯз дар асри VII пеш аз милоди Исои Масеҳ вомехӯрад.
Аз Хоразм роҳи бузурги тиҷоративу тамаддунии дунёи қадим - “Шоҳроҳи абрешим” мегузашт. Пойтахти Хоразм беш аз 700 сол (аз охирҳои асри III то асри X милодӣ) – замони зиндагии Берунӣ шаҳри Кос буд. Баъди асри X то асри XVII пойтахт ба Гурганҷ ва аз нимаи дуюми асри XVII ба Хива кӯчид. Аз ин ҷо бармеояд, ки Берунӣ дар беруни пойтахти Хоразми бостонӣ - шаҳри Кос, ба ибораи имрӯза, дар деҳае аз деҳоти атрофи он ба дунё омадааст.
Дар мавриди қадимӣ будан ва маънои номи “Кос” бояд гуфт, ки зодгоҳи Буқроти ҳаким (460-370 п.а.м.), мулаққаб ба “падари тиб” низ ҷазирае бо номи Кос (Κῶς) буда, баъд аз тасарруфи баъзе заминҳои Юнони Қадим аз ҷониби туркон, (онро ба туркӣ İstanköy меноманд) дар шакли таҳрифшудаи “кос” боқӣ мондааст.
Барои пайдо кардани маънои вожаи “Кос” дигар ҷиҳати масъала ин аст, ки то имрӯз шаҳрҳо, ноҳияҳое бо номи Косон ва Кошон маҳз дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр (Варазрӯд), ки Ватани аслӣ ва таъри хии тоҷикон аст, вуҷуд доранд. Яъне, Кошон ҳоло дар Ҷумҳурии исломии Эрон, зодгоҳи яке аз риёзидонони овозадори сатҳи ҷаҳонӣ – Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ (1380, Кошон – 22.06.1429, Самарқанд) ва Косон дар Ҷумҳурии Узбекистон, зодгоҳи Сайид Ҷалолиддин Аҳмади Косонӣ, мулаққаб ба Хоҷа Аҳмади Косонӣ (Даҳбедӣ) ва Махдуми Аъзам (1461, Косон – 1542, Самарқанд) ҳамоно як маъно доранд.
Бояд гуфт, ки дар илми забоншиносӣ қоидаи ивазшавии ҷуфти ҳамсадоҳои садодор ва бесадоро дар ҳамаи гурӯҳи забонҳо дучор шудан мумкин аст. Масалан, дар забонҳои сомӣ ҳарфи “ш”-и ибрӣ ба “с”- и арабӣ иваз мешавад: Моше – Мӯсо, Йешуа – Исо, Шломон – Сулаймон ва ғайра. Дар гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ чунин ҳодисаро дар мисоли забонҳои паҳлавии ҷанубӣ (сосонӣ) ва паҳлавии шимолӣ (ашконӣ ё парфианӣ) дучор шудан мумкин аст. Масалан, “хуш” ва “хушбахт” аз забони паҳлавии ҷанубӣ дар забони паҳлавии шимолӣ “хус” ва “хусбахт” талаффуз мешавад. Ҳамин тавр, вожаҳои “кош” ва “кос” дар забонҳои паҳлавии сосонӣ ва ашконӣ (парфианӣ) як маъно дошта, “бошишгоҳ”, “манзил” ва ҳаммаънои (синоними) ҳамин вожаҳо мебошад ва пасванди “он”-и тоҷикӣ (порсии дарӣ) ба монанди “истон” таъкидкунандаи маънои решаи калима буда, вожаҳои “Кос”, “Косон” ва “Кош”, “Кошон” маънои “манзил”, “шаҳр”, “ноҳия”-ро доранд.
Ҳамин тавр, ватани Абурайҳони Берунӣ беруни шаҳри Коси кишвари Хоразм аст.
Абдулҳай КОМИЛӢ,
доктори илмҳои физикаю математика
ва номзади илми таърих, профессор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00