Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Душанбе соли 2026 мизбони Конфронси минтақавии FAO барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад буд


Душанбе соли 2026 мизбони Конфронси минтақавии FAO барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад буд



Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар бораи баргузории ин чорабинии сатҳи баланд 2 июл, дар ҷараёни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) Тсю Донгюй хабар дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Конфронси 44-уми FAO баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкорӣ табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, ташкили гӯшаи муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи FAO дар шаҳри Рим бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ, суръат бахшидан ба пешниҳоди расмии ҳуҷҷатҳо барои шомил намудани гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ ба “Низоми мероси фарҳангии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ”, ҳамчунин дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари ин, масъалаи воридоти қутосҳои наслдеҳ аз Муғулистон ба Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо малах, ҳифзи гуногунии биологӣ, ҷалби маблағҳо аз Фонди иқлими сабз ва дигар фондҳои сармоягузорӣ, инчунин густариши ҳамкориҳо бо FAO дар самтҳои мухталиф низ муҳокима шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода