Саҳархезӣ файзу баракат дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июл, Бахш: Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 6
Субҳ аҷаб ҳавои тоза дорад. Ҳама ҷо орому сокиту тозаю дилрабо. Насими субҳгоҳон маҳин-маҳин вазида, бӯйи гулҳоро ба машом мерасо над ва ҷонро навозиш мекунад. Махсусан, дар айёми баҳору тобис тон чаҳ-чаҳи мурғони хушхон ба кас неру ва илҳом мебахшад. Ҳамзамон, саҳархезӣ савоб ва файзу баракати зиёд до рад. Вале, агар шахсе, ки бо дамидани субҳ аз хоб нахезад, аз файзу баракати саҳар маҳрум мемонад. Дар ин росто, агар мо одати саҳархезиро таҷриба намоем, мебинему огоҳӣ меёбем, ки саҳархезӣ чи қадар фоида дорад. Масалан, марди деҳқон агар субҳи барвақт ба кор наравад, баъди тулӯи офтоб ва гарм шуда ни ҳаво кор кардан душвор мегардад. Кори саҳар барои аксар эҷодкорон низ пурфайз аст. Зеро баъди хоби шабона май наи сар дам мегирад ва қаламкаш бо неруи тоза метавонад оромонаю пурмаҳсул эҷод кунад. Тоҷирон низ аз таҷрибаҳои хеш медо нанд, ки савдои саҳар бобарор аст. Доир ба файзу баракати саҳархезӣ зар булмасалу мақолҳои зиёди мардумӣ низ мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла арабтаборон чунин ақида доранд: “Агар шахсе хоҳад, ки ба мартабаи баланд расад, бояд саҳархезӣ кунад”. Мардуми рус низ дар ин бора мақоли машҳур доранд: “Ҳар кӣ барвақт мехезад, Худо ба вай баракат медиҳад.” Ба ин мавзуъ рӯ оварда, мехоҳем аз одатҳои бисёрхобии ҷавонон ёд кунем. Бештари онҳо вақти шабона то соатҳои 1-3 дар кӯчаҳо мегарданд, ба марказҳои дил хушию интернетӣ мераванд. Баъди ин ҳама боз шикоят менамоянд, ки дар ҳеҷ куҷо кор намеёбанд, дар киса пули пучак надоранд. Яъне, овораю беҳудагардӣ карда, аз баракати субҳ бебаҳра мемонанд. Аз ин рӯ, ба падарону модарон муроҷиат карда мегӯем: “Фарзандони хешро ба саҳархезӣ одат кунонед.”
С. Аттор
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00