Дар Ҷалолиддини Балхӣ бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дастгирии сокинони маҳаллӣ дар доираи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати “Навоӣ” бунгоҳи нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуд.
Бунгоҳи нав, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пурра таъмин гардидааст, иборат аз 5 ҳуҷра буда, дар он барои 4 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ ҷойҳои кори доимӣ таъсис ёфтааст. Ин маркази хизматрасонии тиббӣ дар ҳамаи ҳолатҳои фаврӣ ва муқаррарӣ ба зиёда аз 1 700 аҳолии деҳа ва маҳаллаҳои атроф хизмат мерасонад.
Мавриди зикр аст, ки деҳаи Ҳаёти Нав дорои 450 хоҷагӣ буда, қаблан барои дастрасии саросарии хизматрасонии тиббӣ мусоидатҳои зарурӣ вуҷуд надошт. Ифтитоҳи бунгоҳи нав яке аз масъалаҳои калидии иҷтимоӣ барои сокинон маҳсуб меёбад.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00