Рӯзномаи Хатлон » Фарҳанг ва адабиёт » ҚИССАИ МАРДОНАГИЮ ҶАВОНМАРДӢ


ҚИССАИ МАРДОНАГИЮ ҶАВОНМАРДӢ


-Озмуни “Ману китоб”-
ҚИССАИ МАРДОНАГИЮ ҶАВОНМАРДӢ
 
Устод Сотим Улуғзода нависандаи забардасти тоҷик мебошад ва бо роману қиссаҳои таърихиаш, ба монанди “Восеъ”, “Достонҳои Шоҳнома”, “Фирдавсӣ”, “Навобод”, Ривояти суғдӣ” байни хонандагони дохилу хориҷ маълуму машҳур гаштааст.
47 сол қабл қиссаи “Ривояти суғдӣ”-ро хонда будам ва дар хотирам номи қаҳрамонҳои марказиаш Виркану Наниманча монда буданд. Ва муяссарам гашт, ки имсол бори дигар қиссаи таърихиро бо як нишаст хонда бароям. Виркани сисола, ки ҷавони тануманди паҳвонҷусса ва ҷанговари моҳир шуда буд, дар биёбони Мадина бо роҳзанони Молик-ибн-ур Райб рӯ ба рӯ омад, корвони шутурони савдогари бухороӣ Нуфарнро муҳофизат намуд. Чокирон (сарбоз)-и мусаллаҳ муқобили роҳзанони араб истодагарӣ карданд, онҳо маҷбур шуданд, ки роҳи гурезро пеш гиранд.
Нуфарн Вирканро, ки дар гӯштингирӣ бо паҳлавон Ёдхишетак дар рӯзи иди Навсард (Наврӯз) мағлуб шуда буд, бо чорсад дирам ҷонашро харидорӣ ва ғуломаш кард. Асп, сипар, шамшеру кулоҳи Вирканро Нуфарин бо чорсад дирҳами дигар харид. Бо хоҳиши Ревахшиён-падари Виркан бозоргон онҳоро ҷавоб дод, то бо Наниманча падару ҳамдеҳагонаш хайрухуш намояд.
“Ривояти суғдӣ” қиссаи ҳуҷҷатӣ буда, воқеаю ҳодисаҳоро аз соли 670 мелодӣ дар бар мегирад. Нависандаи таърихнигор Сотим Улуғзода тавонистааст, ки хонандаро ба симои арабҳои саҳронишин, қотил ва роҳзанҳо шинос намояд. 
Саид бинни Усмон, писари халифаи сеюм ба Димишқ рафту аз халифа Муовия волигӣ ва амирии Хуросонро соҳиб гардид. Саид бинни Усмон халифаи ҳаждаҳум дар Хуросон шуд. Дар роҳ ба сӯи Хуросон сипоҳи ӯ ба ду ҳазор “дузду роҳзану каллабур” расид. Дар роҳ ба сӯи Бухорою Самарқанд мардуми одиро ғорат мекард, деҳаҳоро месӯзонд, одамонро ба асирӣ мегирифт. Шаҳри Бухоро ду сол пеш аз дасти терророни Убайдуллоҳ бинни Зиёд тороҷ ва чандин ҳазор ҷавонон асири ӯ шуда буданд.
Саид бинни Усмон баъди ғорати Хуросон сӯи Тахористон роҳ гирифт. Дар муддати волигиаш дар Хуросон ба ғорати мардуми бенаво даст зад. Ӯ бо сесад шутури хомили тилло, нуқраю ҷавоҳирот ва дигар колои пурқимат озими Мадина гашт. Виркан дар қатори дигар ғуломони Саид буд. Дар охир Саид аз дасти ғуломони овардааш, ки баъдтар ба шӯриш бархоста буданд, аз зарби шамшери паҳлавони суғдӣ Виркан ба қатл расид.
Қаҳрамони марказии қиссаи воқеии “Ривояти суғдӣ” Наниманча мебошад. Ӯ барои номусу шарафи худ муқобили нобаробариҳои замона, ки ғосибони араб роҳандозӣ менамуданд, эътирози худро дар озод кардани шавҳараш Виркан бармало ба миён гузошт. Вале Саид ба Молик супориш дод: “Шавҳарашро гирифтӣ, занашро ҳам бигир, ӯро ба ту бахшидам”. Наниманча қасди гурехтанро аз чанголи қотилон беҳтар донист. Вақте, ки рафтуои одамону посбонҳо камтар шуд, аз хайма берун баромад ва роҳи биёбонро пеш гирифт, вале дур рафта натавонист. Посбонони Молик аз гурехтани Наниманча хабардор шуда, аз пасаш шуданд ва ӯро дасгир намуда, кашон-кашон оварда, ба чодар афканданд.
Наниманча ғуломони Саид ва ҳамроҳи дигар ғуломон ба сӯи Тирмиз ронда шуд. Ҳангоми гузаштани дарёи Ому ӯ навҳа намуда, ба писари дусолааш Шеркавич, модараш ва ба диёри азизаш хайру хуш намуда, худро аз пул ба дарё андохт. Хабари ҳалокати Наниманчаро дӯсти ҷанговари Виркан Ромтиш ба ӯ расонд. Хабари шум Вирканро моту мабҳут ва такони сахте хӯрду ба замин нишаст. Пагоҳӣ шариконаш бедор шуда, дар ҳолати нишаста ӯро диданд, ки мӯи сараш батамом сафед шуда буд. 
Ҳафтоду нуҳ ғуломе, ки исён бардошта буданд, дар кӯҳу биёбони араб қаҳрамонона ҳалок шуданд. Виркану Ромтиш низ миёни онҳо буданд. Подшоҳзодаи самарқандӣ Вағдварз болои баландӣ, лаби ҷарӣ рост истода: “Зинда таслим намешавем, падруд бародарон”,- гуфта худро ба ҷарӣ ҳаво дод. Аз паси ӯ дигар рафиқонаш худро ба ҷарӣ ҳаво доданд. Саворони араб аз мардонагии ғуломони дирӯза моту мабҳут монданд. 
Нависандаи сеҳрнигор Сотим Улуғзода қиссаи ҳуҷҷатиро соли 1975 дар муддати 5 моҳ навиштааст. Қисса бо забони содаю равон пешкаши хонанда гардидааст. Хонанада пас аз хондани қисса ба бераҳмии ғоратгарони аҷнабӣ шинос мешавад ва нафрин ба онҳо мекунад. Дилаш ба ҳоли Наниманчаю Виркан, ғорат шудани шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ва деҳаҳои ободи форси Аҷам месӯзад. Дар симои Виркан, Наниманча нависанда халқи озодхоҳи Суғдро тасвир намуда, бо обу ранги бадеӣ ватандӯстии онҳоро нишон додааст. Забони ширини қиссаи навиштаи устод Сотим Улуғзода хонандаро илқо мекунад, ки чанд маротиба онро гаштаю баргашта хонда, муборизаи халқи тоҷикро нисбати яғмогарони беруна эҳсос намуд. Қиссаи таърихӣ ҳушдор медиҳад, ки гузаштагони мо барои озодии ватан муқобили ҳар истилогар мардонагӣ нишон дода метавонад.
 
 
Зайнуллобиддин ҲУСЕЙНОВ, узви     
ИЖТ, ноҳияи Ёвон 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода