Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Осорхона - равзана ба таърихи миллат: боздиди Давлаталӣ Саид аз Осорхонаи “Авасто”


Осорхона - равзана ба таърихи миллат: боздиди Давлаталӣ Саид аз Осорхонаи “Авасто”




30 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти Осорхонаи вилояти Хатлон ба номи «Авасто», ки дар шаҳри Бохтар ҷойгир аст, аз наздик шинос шуд.

Дар ҷараёни боздид раиси вилоят бо кормандони осорхона суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба баланд бардоштани сатҳи дониши таърихӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва муаррифии шоистаи осори миллӣ ҳидоят намуд. Ҳамзамон, ба роҳбарияти осорхона ҷиҳати рақамикунонии ашёи таърихӣ, такмили фаъолияти муассиса ва тавсеаи равобит бо ҷомеа дастуру тавсияҳои судманд дода шуд.

Осорхонаи «Авасто» яке аз муассисаҳои бонуфузи фарҳангии вилоят маҳсуб ёфта, дар он садҳо намунаи нодири ашёҳои таърихӣ, аз ҷумла нигораҳои қадима, бозёфтҳои археологӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳар як нигораи осорхона шоҳиди рӯйдодҳои муҳими таърихи миллати мо буда, дар омӯзиши гузаштаи дурахшони халқи тоҷик нақши муҳим мебозад.

Дар осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихи вилоят, аз давраҳои қадим то асрҳои миёна ва навин, тавассути ашё ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Аксари бозёфтҳо дар ҷараёни кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди Хатлон пайдо гардидаанд.

Раиси вилоят бо назардошти аҳамияти хос доштани осорхона таъкид кард, ки тарғиби васеи фаъолияти он дар байни аҳолӣ, ҷалби насли наврасу ҷавонон, афзун кардани таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва пешбурди барномаҳои маърифатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими роҳбарияти муассиса ба шумор меравад.

Масъулин вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз имконоти иттилоотӣ мубаллиғони соҳибкасбро барои муаррифии гӯшаҳои осорхона ҷалб намуда, фаъолияти муассисаро ба сатҳи баланд бардоранд.

Дар фарҷом зикр шуд, ки осорхона ҳамчун ниҳоди муҳими ҳифзи мероси фарҳангӣ бояд барои тарбияи эҳсоси ифтихори миллӣ дар байни насли нав ва муаррифии таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода