Рӯзномаи Хатлон » Сиёсат » Сафои Ваҳдат шаҳдбор аст


Сафои Ваҳдат шаҳдбор аст


Сафои Ваҳдат шаҳдбор аст

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид медоранд, ки пеш аз ҳама, бунёдгузори бевоситаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мардуми тоҷик ва миллати куҳанбунёди мо ба шумор меравад. Аз масири таърих ба мо хуб аён аст, ки дар ҳама давру замон сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарӣ, рафоқату ягонагии ҷомеаи мо асоси пойдевори давлату миллат мебошад.



Пешвои муаззами миллат дар яке аз сафарҳои хизматиашон ба вилояти Хатлон хеле возеҳу равшан иброз доштанд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад». Маҳз сулҳу Ваҳдат ва Истиқлол буд, ки мо дубора сӯи таъриху фарҳанги пурғановати худ рӯ овардем. Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон чун офтобу моҳтоб шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшанию гармӣ бахшида, ба сӯи дастовардҳои тозаву навин ҳидоят намуд. Ваҳдати миллӣ падидаест, ки бо шарофати ин дастоварди бузурги халқи Тоҷикистон, обрӯи кишвари азиз боз ҳам дар арсаи ҷаҳон боло гирифт. Рушди босуръати соҳаи хоҷагии халқи Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон асосан дар давраи баъди ба даст омадани Ваҳдати миллӣ баҳогузорӣ мешавад. Аз ҷумла яке аз самтҳои асосии муаррифгари давлату миллат ин муаррифии маҳсулотҳои кишоварзиву саноатӣ дар бозори ҷаҳонӣ аст. Бо ба даст омадани Ваҳдати миллӣ рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ сол то сол афзуда, маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ, аз он ҷумла вилояти Хатлон, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидори зиёд доранд. Танҳо давоми 5 соли охир аз қаламрави вилояти Хатлон миқдори намуди маҳсулотҳои ба содирот нигаронидашуда аз 25 намуд маҳсулотҳои саноатию кишоварзӣ то 35 намуд афзоиш ёфтааст. Ҳамасола аз қаламрави вилоят зиёда аз 21 намуд маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ, мевагиҳо, сабзавот, полезӣ, меваҳои субтропикӣ даҳҳо ҳазор тонна ба хориҷи кишвар, аз он ҷумла ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Туркия, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо содирот карда мешавад. Ҳамаи ин пешравиҳо: болоравии иқтисодиёт, рушди содироти вилоят, бо Ваҳдати миллӣ пайвандӣ дорад. Муродҷон АЛИМОВ, мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода