ЗЕБОИИ ЗАН ДАР ШАРМУ ҲАЁ АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июл, Бахш: Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 4
Оре, зару зе вар, ороиши занону дух тарон шарм аст. Аз ин рӯ, зану духта ре, ки шарм на дорад, ӯро “берӯ” мегӯянд. Ниёко намон аз давраи пеш занони бошар му ҳаёро васф карда, аз занони бешарм дур буданро таъкид менамуданд.Дар осори онҳо Лайливу Ширин ва Зулайхо барин қаҳрамонон бо шармгинии хеш васф мешуданд. Агар зан сурати накӯ дошта бошаду шарму ҳаёаш набошад, эътибори худро гум мекунад. Яъне шахси болатофат ба амонат хиёнат на мекунад. Бонувони бошарм ба суханони ҳар кас гӯш надода, вақти пурқимати хешро сар фи беҳудагардӣ накарда, аз пайи кори худ ме шаванд. Онҳо ҳунармандӣ (чеварӣ, тоқидӯзӣ, бофандагӣ, деҳқонӣ...) карда, аз дастмузди ҳалолашон рӯз мегузаронанд. Хонае, ки дар он меҳри зан нест, зебу зинат ва баракат надорад. Доноён мегӯянд: “Ҳар касе, ки бошарму боҳаё бошад, одамон аз дидани айби ӯ оҷиз мемонанд”. Қалбу зебоии шахси боҳаё пок мешавад. Зани бошарму болатофат худ ва хонаашро тоза нигоҳ медорад. Ин гуна занон эҳтироми шавҳарро низ пурра ба ҷо меоранд. Зани боҳаё дар назди шавҳар ба чашмон сур маю ба абрӯвон ӯсма кашида, мӯйи сарашро тоза нигоҳ медорад ва аз атри хушбӯй истифо да мебарад. Зеро ӯ шавҳарашро аз ҳама боло медонад. Рафтори занони боҳаё дар кору бори рӯзгор, меҳмондорӣ, маъракаороӣ ва пухту паз низ ба ҳама хуш меояд. Онҳо ҳеҷ гоҳ садо баланд намекунанд. Чизу чораи хонаро хуб саранҷом намуда, мунтазири дигарон намеша ванд. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки шарму ҳаё бисёр хислати бошараф ва сирати писан дида будааст. Воқеан, агар сифати шарму ҳаё аз миён биафтаду ҳеҷ кас аз халқу Худо шарм накунад, низому тартиби ҷаҳон халал меёбад...
С. АТТОР, «Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...