Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Абармарди дунёи сиёсат ва Пешвои асри XХI


Абармарди дунёи сиёсат ва Пешвои асри XХI



Ташаккулу такомул ва соҳибтамаддуну соҳибдавлат гардидани ҳар халқу миллат ба нақши Пешвои эътирофшудаи умум, некрою ботадбир, бофазлу дониш, Раҳбари бонуфузу соҳибэътибор, ҷасуру фидокор, Сарвари қавмдӯсту ҷавонпарвар, пуштибони илму фарҳанг ва санъату ҳунар вобастагии амиқу мустақим дорад.

Қудуми файзбахш, таваҷҷуҳи пурмеҳр, тадбирҳои созандагиву ояндабинонаи Сарвари некманиши давлат ва Пешвои ғамхори миллат чун офтоби тавонбахшу шукуфокунанда ҳар ҷову маконро, ки фаро бигирад, боиси рушду пешрафт, шукуфоиву сарсабзӣ, мояи суруру ифтихор ва некуаҳволии мардум мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвар ва ҳомии тоҷикони ҷаҳон, эҳёгари тамаддуни оламгири гузаштагони бофазлу некном, Пешвои эътирофшудаи асри XXI, муаллиф ва тарғибгари формулаи нодири сулҳ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҷумлаи он сарварону раҳбарон, шахсияти барҷаставу бемисли таърихиест, ки хираду ҷаҳонбинӣ, илми сиёсату фарҳанги идоракунӣ, малакаи муттаҳидсозии гурӯҳҳои оштинопазир, рушдбахшии илму маърифат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро аз аҷдодони пуршарафу оламшумул комил ба мерос гирифта, як кишвари ҷангзадаро ба мамлакати чароғону гулрез ва мардуми хонабардӯшу навмедашро ба шаҳрвандони комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ табдил намудаву имрӯзҳо ба ҳайси Пешвои маҳбубу муаззам ва падари дардошнову меҳрубон миллати басаодатрасидаро дар масири рушду пешрафти бемайлон ва корнамоиҳои таърихӣ роҳнамоӣ мекунад.

Коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хиради азалии Пешвои муаззами миллат эътимоди комил дошта, сиёсати хирадмандонаи дохилию хориҷии ин абармарди дунёи сиёсат ва Пешвои асри XXI-ро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз нахустин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат буда, дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон нақши бориз дорад. Донишгоҳ дар зарфи фаъолият зиёда аз 45 ҳазор мутахассисони дорои маълумоти олиро тарбия намуда, дар хизмати халқу ватан қарор додааст. Дастпарварони Донишгоҳ то имрӯз дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олии кишвар фаъолият дошта, бо донишу касбияти хоссаи худ дар пешбурди низоми давлатдорӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи истеҳсолии кишвар саҳмгузор мебошанд.

Мояи ифтихор аст, ки нахустин вохӯрии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи фаромушнопазири 12 октябри соли 1994 дар арафаи маъракаи райъдиҳии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҳамчун арзандатарин номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, коллективи муассиса ва мардуми шарафманди Кӯлоб худро ҷонибдор ва пуштибони сиёсати пешгирифтаи ин шахсияти беҳамтои таърихӣ донистанд.

2 сентябри соли 2014, таҳти №565 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» тадвин гардид, ки тибқи он 1 сентябри соли 2015 Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Ин сафари Пешвои муаззами миллат барои коллективи Донишгоҳ басо хотирмон ва боиси сарафрозӣ буда, дар саҳифаҳои таърихи донишгоҳ ба хатти зарин навишта шудааст. Дар доираи нақшачорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 70-солагии донишгоҳ, биноҳои таълимии муассиса пурра аз нав таъмир гардида, бо ташкили сохторҳои нав ҷойҳои иловагии корӣ таъсис дода шуд ва заминаи моддӣ-техникии муассиса таҳким ёфт. Пешвои муаззами миллат зимни сафар як бинои 7-ошёнаи маъмурӣ ва 25 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон ба коллективи донишгоҳ ҳадя намуданд.

Дар бинои маъмурии 7 ошёнаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб толори васеи калони маҷлис барои 286 ҷойи нишаст, толори варзиш барои 104 ҷойи нишаст, ошхона барои 200 ҷойи нишаст дар як баст,  ду толори гузаронидани машғулиятҳо барои 70 ҷойи нишаст, китобхонаҳои маъмулӣ ва электронӣ, ҳамчунин синфхонаҳои лингофонӣ мавҷуд аст. 

Донишгоҳ дорои 10 факултет, 35 кафедра буда, таълим дар 7 бино аз рӯи 85 ихтисос дар зинаҳои таҳсили бакалавр, магистратура ва докторантура (PhD) ба роҳ монда шудааст. Пояи моддӣ-техникии муассиса ҳозиразамон буда, дорои иқтидори наву муосир мебошад. Дар ин миён, дар донишгоҳ устодони маърифатшиносу соҳибтахассус ҷалб гардида, ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Дар 35 кафедраи донишгоҳ (31 кафедраи тахассусӣ ва 4 кафедраи умумидонишгоҳӣ), 567 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 23 нафар доктори илм, профессор ва 134 нафар номзади илм, дотсент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб гардидаанд. Дар баробари ташаккул ва беҳсозии сифати ҷараёни таълиму тарбия ва вазъи иқтисодию иҷтимоии донишгоҳ, раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муназзам ба роҳ монда шуда, ҳайати устодону кормандон дар нимсолаи аввали соли 2022 аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ ва суботу амнияти комил Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун махзани илму маърифат ҳамакнун дорои заминаи пуриқтидори моддӣ-техникӣ, Шурои диссертатсионии 6DКОА.002 аз рӯйи 2 равия – педагогика ва психология, маҷаллаи илмии тақризшавандаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», маҷаллаи илмии «Муҳаққиқ», китобхонаи муосир бо шароити зарурӣ, китобхонаи электронии пайваст ба шабакаи интернет, лагери истироҳатӣ-фароғатии «Истиқлол» воқеъ дар ноҳияи Муъминонбод, кӯдакистони «Ситора», қитъаи таҷрибавӣ, маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Муъминонбод, парки технологӣ, радиои «Суруши ҷавонӣ», рӯзномаи «Анвори дониш», озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, биотехнология, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва ҷараёни мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ, маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омор, марказҳои таҳсилоти фосилавӣ, рушди касбият ва инноватсия, табъу нашр, омӯзиши забонҳо, синфхонаҳои лингофонӣ, коргоҳи дузандагӣ, ошхона ва амсоли инҳо мебошад.

Ҳамкориҳои донишгоҳ дар баробари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои  таҳсилоти олии кишвар, ҳамзамон бо беш аз 95 муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наздик – Федератсияи Русия, Белорусия, Украина, Молдова, Озорбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Ташрифҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (12 октябри соли 1994, 9 сентябри соли 2006, 25 июни соли 2008, 1 сентябри соли 2015 ва 15 июни соли 2021) ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва суҳбату мулоқотҳояшон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён мояи ифтихор ва рӯҳбаландии омӯзгорону донишҷӯён буда, пайваста барои устувории заминаи моддиву техникӣ ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат намудаанд.

Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди имрӯзу фардои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хосса доранд.

Аминем, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои аҳли кишвар ва тоҷикони ҷаҳон чароғи раҳнамоеро мемонанд, мо насли гузаштагони донишандӯзу сулҳпарвар, ҷомеаи шарафманди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо ва дастовардҳои рӯзафзуни таърихӣ ноил хоҳем гашт.

Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори ДДК ба
номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои
ҳуқуқшиносӣ, профессор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода