Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бо Пешвои миллат ба сӯйи ояндаи дурахшон


Бо Пешвои миллат ба сӯйи ояндаи дурахшон



Халқи тоҷик ва дӯстдорону ихлосмандони ин сарзамини биҳиштосо аз он шукру ифтихор менамоянд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони азиз сайронгаҳи мардумони ҷаҳон гардидааст.

Вусъати хиради давлатии Пешвои муаззами миллат, ҷасорат, мактаби бузурги сулҳофарӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, рушду пешрафт, расидан ба ҳадафҳои муҳими давлатсозӣ боиси он гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси барҷастаи таърихсоз, эҳёгари расму оин, бо андешаҳои поку беназирашон мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли садсолаҳо фарзандони бонангу сарсупурда, ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ инони давлатдорию давлатсозиро ба даст гирифта, барои озодию истиқлолият саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Асри ХХ низ барои халқи тоҷик боз як имтиҳони бузурги зиндагиро пешорӯ овард. Шукри иқболи баланд, ки Офаридгор Пешвои миллатро ба рӯйи курсии давлатдорӣ нишонд. Нахустин сухани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ман ба шумо сулҳ меорам”, то ҷаҳон боқист, дар гӯши олам садо медиҳад. Чун Тоҷикистони азиз қадамҳои нахустини хешро дар ҷодаи истиқлолият мегузошт ва дар он давр тавоноии сиёсиву мудофиавии иқтисодию иҷтимоии давлат фалаҷ гардидаву қавӣ набуд, танҳо иродаи матин ва садоқати ватандӯстии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳодию ҳамбастагии халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба сулҳу ваҳдати комил расидем ва зиндагӣ ба маҷрои созанда баргашт. Набояд фаромӯш кард, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ фақат дар заминаи эҳсоси баланди ватанхоҳӣ ва ворисияти бошууронаи мардуми он пойдор монда метавонад. Таҷрибаи таърихӣ ва давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 31 соли Истиқлоли давлатӣ нишон дод, ки маҳз ин ду омил имконият медиҳад, то тамоми мушкилиҳо ва монеаҳое, ки дар раванди таҳкими таърихсозӣ ба вуҷуд меоянд, бе рӯҳафтодагӣ ва боҷуръатона паси сар карда мешаванд.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ миллати сарбаланди тоҷик тавонист таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муттаҳиду сарҷамъ гардида, ба ҳадафҳои олии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардад.

Мо эҳсос менамоем, ки имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ҳамчун падидаи нави таърихӣ пазируфта, бо ҳидояти коршиносону ҷомеашиносон дар минтақаҳои ноамни ҷаҳон ҳамчун мактаби сулҳофарӣ истифода мебаранд.

Дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, садҳо корхонаҳои нави саноативу истеҳсолӣ, муассисаҳои нави замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд ва садҳо ҳазор нафар ба ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Имрӯз ҳам, чун тамоми мардуми шарифи кишвар аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд. Бо ҳидояту роҳнамоӣ ва дастгирии Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешорӯи 30 - солагии Истиқлол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии беш аз 8 ҳазор иншооти таъиноти гуногун далели возеҳи ин гуфтаҳост. Вилояти Хатлон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо қадамҳои устувор роҳ ба сӯи музаффарияту комёбиҳо пеш гирифтааст.

Эълон гардидани таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат боиси боз ҳам рушду пешрафт ва ободу шукуфон гардидани ҳар як гӯшаву канори ватани азизамон гардид. Махсусан бо ифтихор метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, баҳри амалишавии дастурҳои Роҳбари давлат камари ҳиммат бастаанд.

Дар вусъати корҳои ободониву созандагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус ноҳияҳои дурдаст, ки дар даврони Шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони эҳсонкор шоистаи таҳсину дастгирист.

Бунёди иншооти бисёрошёнаи замонавӣ, коргоҳу корхонаҳо, роҳҳо ва пулҳо марказҳои таълимиву тиббӣ, фарҳангӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн, ҳаммому нуқтаҳои касбомӯзӣ барои тамоми табақаи ҷомеа ба фаъолият оғоз намуда, шароити муносиби хизматрасонӣ дар маҳал фароҳам оварда шуда, мутахассисон соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардидаанд.

Сокинони вилояти Хатлон ин ҳама дастоварду пешрафти бузургро аз баракату кӯшишҳои рӯзафзун ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи мустаҳкам намудани музаффариятҳои Истиқлолияти Тоҷикистон, сулҳу салоҳ, осоишу ободӣ ва сарбаландии халқу ватани азизамон арзёбӣ мекунанд.

Муҳимтарин дастовардҳои кишвар аз фаъолияти фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.

Подоши ин ҳама корномаҳо маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ҳамаи ин заҳматҳо, ҳамчунин, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мунтазам нисбат ба сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд. Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро кишварҳои бузурги дунё ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатии худро бо Тоҷикистон мустаҳкам намудаанд, ки ин аз сиёсати дарҳо кушодаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар башорат медиҳад.

Дар тӯли солҳои Истиқлоли комил кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақилу демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Хатлон, ки бузургтарин вилояти кишвар ба ҳисоб меравад, бо раҳнамоӣ, дастгирӣ, ташаббус ва ҳидоятҳои рӯзафзуну созандаи Пешвои миллат дар баробари дигар минтақаҳои кишвар ободу назаррабо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамвора баланд гашта истодааст.

Сокинони зарофари вилояти Хатлони бостон дар пайравӣ аз мактаби сарварӣ ва инсондӯстонаи Пешвои миллат бо шукргузорӣ ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат паҳлуи роҳбари худ қарор доранд.

Ҳанӯз дар замони худ файласуфи машҳур Нитсше қайд карда буд, ки фақат шахсиятҳои бузург, фавқулинсонҳо, ҳамчунин намояндагони олии инсоният таърихро меофаранд. Ба ақидаи ӯ фавқулинсонҳо одамони пурқудрат аз лиҳози шахсият дилнишин ва моил ба Пешво будан ҳастанд.

Мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ, Пешвои муаззами худ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва Асосгузори ваҳдати миллӣ мешиносанд, дӯст медоранд ва сиёсати ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат, мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ мактаби ҷасорату матонат буда, ашаддитарин хасмро қоил кардааст, ки баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳим дорад.

Дар шароити кунунии рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим буда, аз ҳар як нафар фарди ватандор ифтихору ғурури баланди миллиро талаб менамояд. Бинобар ин, бояд аз таҷрибаи талхи гузашта сабақ гирифта, ояндаро бунёд намоем ва ба насли имрӯзу фардо ҳамчун ганҷинаи бебаҳо мерос гузорем.

Нагузорем, ки дигар қувваҳои аҳримание ваҳдату ягонагии моро халалдор созад. Бо ин мақсад дар атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошему истиқлолу якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоем.

Ҷаноби Олӣ дар жарфи дил як ҷаҳон зеҳни хоси нобиғаи давлатсозӣ доранд. Ба бахти мо – тоҷикон кадом фариштаи некхоҳу созанда омин гуфтаву ба подоши фарҳанги воло, ҷасорат ва номуси ватандорию қалби чун шири модар покашон Пешвои миллат ба арсаи сиёсат омадаву дар тӯли 30 сол миллатро ба саодати маънавӣ расонданд.

Сафҳаи таърихи миллат бо роҳнамоии Пешвои миллат аз нуру зиё муҷалло гардид ва орзую ормонҳои ҳазорсолаи мардум аз чароғи маърифат ва хиради пандомӯзашон қабои амал пӯшид. 

Рисолати таърихӣ ва бегазанди миллати тоҷик бо номи Пешвои миллат ва ягонагию сарсабзии Тоҷикистони воҳид пайванд аст. Тоҷикон бо чунин суръати пешравӣ бо роҳнамоиву роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама ҳадафҳои зиндагисозашон мерасанд. Зеро иқдомҳои Ҷаноби Олӣ аҳамияти бузурги миллатсозӣ дошта, ба бозёбии фарҳанги гумкардаи худ ва дарёфти салиқа ва табъу завқи баланди ҷавобгӯ ба хостаҳои ҷаҳони муосир дорад.

Обрӯю эътибори баланди Пешвои миллат ҳамчун Арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ на танҳо дар миёни халқи Тоҷикистон раднопазир аст, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохтаву эътироф ва арҷгузорӣ мекунад. Аз ҷониби пажӯҳишгоҳи байналмилалӣ Пешвои асри ХХI эълон гардидани Роҳбари давлати Тоҷикистон далели возеҳи шахсияти мондагори сатҳи ҷаҳонӣ будани Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз ин мо - тоҷикон ифтихормандем. 

Хизматҳои Сарвари давлат дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи комбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъу муттаҳид буданд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Бовар дорем, ки мардуми Тоҷикистон минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон камари ҳиммат баста, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро таҳким мебахшанд. Муттаҳидию сарҷамъии халқамон дар атрофи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Қурбон Ҳакимзода,
раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода