Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Хумори нос


Хумори нос



Рӯзе як марди носкаш ба сафари роҳи дур мебарояд ва тасодуфан носкадуи худро дар хона фаромӯш мекунад. Дар нимароҳ хумори нос мегираду хеле азоб мекашад. Дар назди деҳае бо марде рӯ ба рӯ меояд. Аз ӯ нос мепурсад. Мард мегӯяд:

-Ба ивази нос чӣ медиҳӣ?

-Чизи аз ҳама азизамро,-посух медиҳад носкаш.

-Пас, аспи ту ба ман маъқул аст, онро мехоҳам.

Ҳоло ки дар сафар ҳастӣ, бирав, ҳоҷататро барор ва дар бозгашт бодпоро ба ман гузошта рав,- бар ивази як каф нос талаб мекунад мард.

Носкашро, ки хумори нос сахт азият медод, бе дудилагӣ ба ин шарт розӣ мешавад. Мард аз камар носкадуро бароварда, аввал сарпӯши пӯпакдори онро гирифта, носкадуро бо даҳони кушода ба мусофир дароз мекунад: “Шартро бой додӣ”, аз дил мегузаронад носкаш.

Мусофир дар бозгашт ба қавли дода вафо мекунад. Аввал сари аспро бурида, ба худ мемонаду тани онро ба мард тақдим мекунад. Марди ҳайратзада сабаби ин амалро пурсон мешавад.

-Вақте ки носкадуро саркушода, яъне бе сарпӯш ба ман додӣ, гӯё кайфи маро шикастӣ.

Носкаш маҳз дар кушодани сарпӯши носкаду кайфият мебарад.

-Чӣ тавр?-дар тааҷҷуб мемонад мард.

-Носкаш қабл аз носкашӣ носкадуро дар кафи дастон молиш медиҳад, то ки равғани даст баромада, тани зарфро ҷило дарорад. Дар ин муддат нос дар дохили он омехта шуда, як қувваи таъсиркунанда пайдо мекунад. Сипас, бо ду ангушти аввали даст сарпӯши пупакдорро дошта, даҳони носкадуро мекушояд. Бӯйи носи дамгирифта ба димоғ расида, касро маст мекунад.

Баъд носро ба каф рехта, онро зери забон мегузорад. Олудаи носи дар кафи даст мондаро бо даҳанаки носкаду тоза намуда, онро дохили зарф мегардонаду даҳонашро маҳкам мекунад.

Ин амали кӯтоҳак кайфияти калон медиҳаду хуморро мебарад. Аз ин рӯ, ман ҳам сари аспро гирифта, кайфамро ба худ мемонаму тани аспро ба ту мебахшам...

С. АТТОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода