РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Маориф ва илм, Боздид 2 257Бо мақсади ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва ҷалби соҳибкорон сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт амалӣ мегарданд, ки дар ин кор шарикони рушд низ ҷалб карда шудаанд.
Дар ҳамин замина Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани барномаи “Нигоҳубин ва васеъ намудани имкониятҳо- фароҳам овардани шароит барои имкониятҳои баробарро дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон ” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ОКСФАМ, Фонди Тоҷикистонии “Оғохон” ва маблағгузории “Бонки Исломии Рушд” идома дода истодааст. Бо роҳандозӣ кардани барнома дар панҷ муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлоб марказҳои рушди кӯдакро ташкил намуданд ва бо иштироки дастандаркорон ва меҳмонон маркази рушди барвақтии кӯдак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 ифтитоҳ карда шуд. Дар ин марказ 25 кӯдак ба таълим фаро гирифта мешаванд. Барои таълим ва омода намудани кӯдакон ба мактаб тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Барои амалӣ гардонидани барномаи мазкур, ки мутахассисони соҳаро омода кардан лозим аст Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил намуд. Дар ин курсҳо 10 нафар омӯзгорон аз панҷ муассисаи зерҳадаф фаро гирифта шуданд.
Дар ҳамоиш оид ба ин мавзӯъ гуфта шуд, ки мақсади умумии барнома мусоидат дар амалӣ кардани барномаҳои давлатии “Рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2021” рушди маориф ва инчунин “Стратегияи миллӣ барои рушд то соли 2020”, ки бевосита барои беҳтар кардани таълими томактабӣ равона карда шудааст, иборат мебошад. Илова гардид, ки соли оянда дар назди дигар муассисаҳо чунин марказҳо кушода шуда, шумораи зиёди кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро хоҳанд гирифт.
Ш. Сафарзода
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон