Ман ва костюми ман
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 617
Дирӯз аз хона баромадан замон эҳсоси аҷибе ҳис намудам, чунки ҳамсоязанҳои маҳалла ба ман бо тааҷҷуб нигариста, байни худ чизе мегуфтанд. Сабабашро нафаҳмидам.
-Чаро ким- чи хел бо ҳайрат менигаранд?
Ба ман чӣ шуда бошад?- гӯён ба оиначаам нигоҳ кардам. Дар он чизи ҷолиби диққатро надидам.
Ба донишгоҳ расидам, донишҷӯёну устодон ба ман мутаҳайирона нигоҳ мекарданд.
Воқеан, эҳсоси сангине мекунӣ, вақте ба ту чунин менигаранд. Донишҷӯдухтарон ба андомам нигоҳ карда, ба гӯши якдигар пичирпичир мекарданд. Ба костюмам нигаристам.
-Ягон ҷояш кандагӣ не, чӣ шуда бошад?
Вақте ки вориди аудитория шудам, ҳамон лаҳза ҳамсабақонам шӯру ғавғо бардоштанд. -Эҳа, аз осмон ба синфи мо фаришта омад, эй фаришта, роҳгум задӣ магар? Канӣ як парвоз кун, - гӯён қаҳ-қаҳи хандаашон маро ба хашм овард.
-Наход дар умратон либоси сафедро надида бошед?-дар ғазаб шуда гуфтам. Акнун дарк кардам, ки тааҷҷуби ҳамсоязанҳо, нигоҳҳои мутаҳайиронаи донишҷӯён ва шӯру ғавғои ҳамсабақонам ба хотири чӣ будааст. Ин ҳама маҳз ба хотири костюмам буд, аниқтараш ба хотири ранги матои он буд, ки саропо сафед буд.
Ҳангоми соати чоруми дарс офтоб ба ғуруб кардан сар кард. Азбаски ман дар рӯ ба рӯи дар нишаста будам, нури он ба сару рӯям мезад. Синфи орому сокит якбора пурғавғо шуд.
-Эй фаришта, магар намебинӣ, офтоб ба рӯят нурпошӣ мекунад. Фариштаҳо омада туро садо доранд. Ҷойи ту осмон аст,- гӯён бо ангушташон ба само ишора карда, чапакзанон механдиданд. Ин дафъа на хашму ғазаб, балки хандаам омад.
Бо ҳамин дарсҳоямон ба охир расиду ман чун ҳарвақта дар назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф” падарамро мунтазир шудам, то якҷоя ба хона равем. Падарам дер омад. Хеле интизор шудам. Ҳаво ҳам торик шудан гирифт. Манзараи аҷиб ва хандаовари як нафар саропо сафедпӯш дар ҳавои торик андак тарсовар ҳам ҳаст. Раҳгузарон ҳайратзада шуда, бо ваҳм ба ман менигаристанд. Баъзеҳо маро арвоҳ ё намедонам, чизи дигаре гумон карда, самти ҳаракати худро дигар мекарданд. Аз ин манзараҳо аз таҳти дил хандидам. Ниҳоят падарам ҳам омад. Қариб буд, ки маро нашиносад.
Мо якҷоя ба хона рафтем. Дар роҳ ҳодисаҳои имрӯз рухдодаро пеши хотир оварда хандаам гирифт. Ба падарам ҳамашро нақл кардам.
-Дигар ин шиму костюми сафедро намепӯшам. Ҳама маро масхара мекунанд,- гӯён ба падарам шикоят кардам.
-Духтари азизам, агар ту бо сухани мардум амал кунӣ, беҳтараш зиндагӣ накун. Чунки онҳо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат айбатро меёбанд. Дар ҳама ҳолат гап мезананд. Ҳеҷ гоҳ ба ин майда-чуйдаҳои зиндагӣ аҳамият мадеҳ, касеро гӯш макун, агар он бар зиён ва масхараомез бошад. Кореро кун, ки дӯст медорӣ, либосеро пӯш, ки меписандӣ, суханеро гӯй, ки зарур мешуморӣ ва ҳамон тавре зиндагӣ кун, ки мехоҳӣ.
P.S. Шумо чӣ мегӯед, хонандаи азиз?
Фарида Баротова , “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00