Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛ


КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛ


Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ,  истифодаи самараноки замин ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” дар  Ҷамоати  деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и ноҳияи Вахш чорабиниҳои оммафаҳмонӣ идома дорад.

Бинобар маълумоти Маҳмадӣ Маҳмадов, муовини раиси ҷамоати деҳоти мазкур, гурӯҳҳои корӣ иборат аз зиёиёну фаъолони маҳаллаҳо ва масъулони соҳаҳои гуногун миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳо ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятиро тақвият мебахшанд. Дар ин замина, бо мақсади омилҳои сарфакории неруи барқ дар деҳаҳо нуқтаҳои фурӯши ангишт ташкил карда шудааст, то сокинон бо дастрасӣ аз сӯзишворҳои биологӣ неруи барқро танҳо барои равшаннамоии манзилҳои худ истифода намоянд.

Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади истифодаи самараноки замин, ба хусус қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар суҳбату вохӯриҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти дуруст ба роҳ мондани кишту парвариши маҳсулоти ниёзи аввалия  бурда мешавад. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" 1050 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ва 3596 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. То нимаи аввали моҳи январ танҳо дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ 2 гектар картошка ва 168 гектар гандум кишт карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра сокинон дар қитъаҳои наздиҳавлигии худ ба кишту парвариши зироатҳои ниёзи аввал машғуланд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ҷамоат кӯшиш ба он доранд, ки дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ҳама тадбирҳоро роҳандозӣ карда, таъмини дурнамои соли 2021-умро дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ иҷро намуда, ҷашнҳои дарпешистодаро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд.

 

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,

"Хатлон"

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода