СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 833Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, баҳодиҳии фаъолият, ҷойивазкунии (рататсияи) кадрҳои роҳбарикунанда ва тартиби эъломиякунонӣ дар хизмати давлатӣ” доир гашт.
Семинари омӯзиширо роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода ва муовини якуми директори хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷӯрахон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо аҳдофи машварати омӯзишӣ ошно намуданд. Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар ду марҳила, тайи 4 рӯз идома меёбад.
Семинари омӯзишӣ, пеш аз ҳама, ҷиҳати таҳкими идоракунии захираҳои инсонӣ ва мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, омӯзиши санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, гузаронидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизматчии давлатӣ ва тартиби пур кардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулк роҳандозӣ гардидааст.
Тавре ки дар боло таъкид доштем, масъули баргузории семинар аз ҷониби лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ сурат гирифт. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раисони комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, котибони комиссияҳо ва аъзои комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, роҳбарони хадамотҳои кадрӣ, масъулони масъалаҳои кадрии Сарраёсатҳои молия, омор, Раёсатҳои андоз, “Тоҷикстандарт”, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҷавонон, кормандони шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилоят ширкат доштанд.
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон