ЛАВҲИ «ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН» ҚОМАТ МЕАФРОЗАД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 1 251Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Кӯшониён раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии пойдевори лавҳи «Қаҳрамонони миллат» дар маркази шаҳраки Исмоили Сомонӣ дидан намуд.
Қайд гардид, ки ин лавҳи гиромидошт бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи фарзандони фарзонаи миллат бунёд мегардад.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардида, баландиаш 4,5 метр ва паҳнояш 10 метр хоҳад буд.
Лоиҳа бо санъати баланди меъмории миллӣ тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ бо харҷи беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷараён доранд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ҳар яке аз Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур чун шахсони ватандӯсту дурандеш барои муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон, ҳимояи арзишҳои миллию давлатдорӣ, барқарории сулҳу субот ва устувории давлат саҳми бориз гузошта, бар зидди ҳама гуна равияҳои зиёновари миллатгароиву ҷудоиандозӣ мардонавор мубориза бурда, силсилаи иқдомоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро барои таҳкими арзишҳои милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми Тоҷикистон амалӣ намуданд.
- Ин шахсони матиниродаву донишманд, оқилу дурандеш, сиёсатмадорони барҷаста тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашонро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтаанд, - қайд кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. – Қомат афрохтани лавҳи “Қаҳрамонони Тоҷикистон” рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмату ҷоннисориҳои чеҳраҳои мондагори миллат мебошад.
Қарор аст, ки бунёди лавҳи мазкур дар хиёбони марказии ноҳияи Кӯшониён ояндаи наз-дик ба итмом бирасад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси
вилояти Хатлон
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон