Фарзандон ба номи падар 20 000 сомонӣ стипендия муқаррар карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 120
Азиззода Зубайдулло, директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дар нишасти матбуотӣ зикр дошт, ки бо мақсади назорати бехатарӣ аз сӯхтор, дар дохили ҳар як ҳуҷра ва роҳравҳои бинои хобгоҳи донишҷӯёни коллеҷ воситаҳои автоматикии огоҳкунанда аз сӯхтор насб карда шудааст.
- Барои беҳтар намудани шароити таълим дар шаш моҳи аввали соли 2022-юм роҳравҳои ошёнаи якум ва дуюм, 9 ҳуҷраи корӣ ва 8 синфхонаи таълимии бинои асосии муассиса аз таъмири умумӣ-капиталӣ ба маблағи 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ бароварда шудааст. Зикр гардид, ки ҳоло дар муассиса сохтмон ва ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ иборат аз ду толори лексионӣ барои 120 нафар ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон корҳои иҷозатномагирӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳамчунин, сохтмони бинои хобгоҳ барои донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. Буҷаи сохтмон 33 миллиону 595 сомониро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дар коллеҷ стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Раҳматулло аз тарафи фарзандони ӯ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола бо он 10 нафар донишҷӯён сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳаҷми солонаи стипендияи мазкур 10 000 сомониро ташкил медиҳад. Дар назар дошта шудааст, ки дар соли таҳсили 2022-2023 ҳаҷми стипендияи мазкур то 20 000 сомонӣ баланд бардошта шуда, он ба 20 нафар донишҷӯёни фаъол тақдим карда мешавад.
Ҷ. РУСТАМШОҲ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...