Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 104 донишҷӯ хориҷ шуд


104 донишҷӯ хориҷ шуд



Иброҳим Мӯсозода, директори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар нимаи аввали соли равон 104 донишҷӯйи коллеҷ хориҷ шудаанд, ки бештари онҳо писаронанд.

Сабаби хориҷ шудани онҳо муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Дар давраи таҳсили соли 2021-2022 бошад, дар ҷамъ 210 донишҷӯи коллеҷи мазкур бо сабабҳои мухталиф хориҷ шудаанд. Инчунин, директори коллеҷ нисбати муҳоҷирати донишҷӯён ва табибон нуқтаи назари худро чунин баён намуд: «Сабаби асосии муҳоҷирати онҳо вазъи иқтисодӣ буда, шароити зиндагӣ маҷбур намудааст, ки рӯ ба муҳоҷират оранд».


Айни замон, дар коллеҷи мазкур ҳамагӣ 3125 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. 2538 нафар духтарон ва 587 нафари дигарро писарон ташкил медиҳанд. Коллеҷи тиббӣ дорои шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона мебошад.

-Айни ҳол теъдоди омӯзгорон ба 275 нафар мерасад, ки шумораи омӯзгорони асосӣ 158 нафар буда, 93 нафарашро занон ташкил медиҳад. Дар соли хониши нав ба коллеҷи тиббӣ 38 нафар омӯзгорон ба кор ҷалб шудаанд.


«Новобаста ба он, ки имсол шумораи омӯзгорон зиёд гаштааст, нарасидани мутахассисон аз ҳисоби духтурони бемориҳои амрози даруна, тибби оилавӣ, кӯдакона, ҷарроҳон, бемориҳои чашм, сироятӣ ва момодоягӣ ба назар мерасад»,-қайд кард Иброҳим Мӯсозода.

Ф. БАРОТОВА, “Хатлон” 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода